Тоҷикистон ҷойи аввалро гирифт!

№111 (3591) 25.08.2016

МедалТоҷикистон дар ҷадвали шумораи медалҳо ба ҳар узви дастаи олимпӣ дар ҷаҳон ҷойи аввалро гирифт. Дар ин феҳраст медали тилло 4, нуқра 2 ва биринҷӣ 1 хол шумурда шудааст.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки аз 7 нафар иборат буд, бо як медали тилло дар ҷойи якум қарор гирифт. Ҷойи дуюм насиби дастаи мунтахаби олимпии ИМА (554 варзишгар, 46 медали тилло, 37 медали нуқра ва 38 медали биринҷӣ) ва ҷойи сеюм насиби олимпичиёни Озарбойҷон (56 варзишгар, 1 медали тилло, 7 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ) гардид.

 «Садои мардум»