«Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони урду тарҷума мешавад

№34 (4296) 16.03.2021

mailserviceЧанде пеш сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Исматулло Насриддин бо муовини ректори Донишгоҳи Панҷоби шаҳри Лоҳур Ниёз Аҳмад мулоқот намуд, ки зимни он дар бораи муштаракоти зиёди таърихию фарҳангӣ доштани ҳар ду кишвар таъкид гардид. Сафир, ҳамчунин, аҳамияти ба роҳ мондани барномаҳои табодули устодону донишҷӯёнро миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Покистон таъкид кард.

Ниёз Аҳмад изҳор намуд, ки Донишгоҳи Панҷоб барои довталабони тоҷикистонӣ бурсияҳо пешниҳод менамояд ва ҷавонони тоҷик метавонанд тирамоҳи ҳамин сол барои таҳсил ба он қабул шаванд.

Донишгоҳи Панҷоб қадимтарин мактаби олии Покистон буда, 14 октябри соли 1882 таъсис ёфтааст. Он дорои 13 факултет, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, муҳандисӣ — технологӣ, ҳуқуқшиносӣ, фармасевтӣ, илмҳои табиӣ ва ғайра буда, дар он беш аз 30000 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Ду дастпарвари донишгоҳ сазовори Ҷоизаи Нобел гаштаанд.

Инчунин, вақте ки Исматулло Насриддин ба Донишгоҳи Панҷоб ду ҷилди китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро тақдим намуд, профессори покистонӣ иброз намуд, ки ин китоби пурмуҳтаво ба забони урду тарҷума ва нашр хоҳад шуд.

Ҳоло дар дунё қариб 400 миллион нафар ба забони урду балад ҳастанд. Танҳо дар Ҳиндустон 3000 номгӯй нашрия ба забони урду чоп мешавад, ки аз ин 405 номгӯяш ҳар рӯз ба табъ мерасад.

Чопи китоби Пешвои миллат ба забони урду доираи васеи мардуми урдузабонро бо таъриху фарҳанги ғании тоҷикон ошно намуда, боиси рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистон хоҳад гардид.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»