«Толибон». Аз суқут то зуҳур

№104 (4366) 17.08.2021

ПСД-2Буҳрони сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон беш аз чиҳил сол идома дошта, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар на танҳо ба равандҳои дохилӣ, балки ба маҷмӯи равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амнияти минтақа пайванд гардидааст. Бахусус, пас аз солҳои 90-уми асри ХХ танзими вазъи Афғонистон душвортар шуд.

Доир ба дурнамои вазъи Афғонистон коршиносони соҳаҳои гуногун пажӯҳиши зиёд анҷом додаанд. Вале муҳимтарин воқеияти вазъи аслии он аз таҳлилу баррасӣ ва пешбиниву пешгӯии коршиносон дар мавриди дурнамои равандҳои сиёсӣ берун буда, ҳар замон вобаста ба бархӯрди манфиатҳо ва вазъи пешомада тағйир меёбад. Чун роҳи ҳалли бозиҳои сиёсӣ бо дарназардошти манфиатҳо амалӣ карда мешаванд ва эҳтиёҷ ба консепсияи илмии сиёсатшиносӣ намемонад, инро музокироти бенатиҷаи Қатар ва хуруҷи нобаҳангоми неруҳои ИМА ва ҳампаймононаш собит намуд.

Равандҳои шаклгирифтаи вақтҳои охир дар Афғонистон ва шикасти норавшани неруҳои муқовимат дар шимоли ин кишвар баёнгари он аст, ки минтақа бори дигар мавриди таваҷҷуҳи хоси қудратҳои фароминтақавӣ қарор гирифтааст.

Масъалае, ки боис ба нигаронии элитаи сиёсии Афғонистон гаштааст, сафари бо муаммоҳо ва норавшаниҳои роҳбарони гурӯҳи «Толибон» ва мулоқотҳояшон бо мақомоти баландпояи низомии кишварҳои минтақа аст. Маҳз вуҷуди ҳамин номаълумиҳо боис гардид, ки гурӯҳи «Толибон» машруъияти сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо намояд.

Идомаи буҳрони мавҷуда, таҳаввули бозгашти гурӯҳи «Толибон» ба сангарҳои ҷанг, ҳузури фаъоли беш аз 21 гурӯҳи ифротии мазҳабӣ вобаста ба «Ал — Қоида» ва шабакаи «Ҳаққонӣ» дар Афғонис­тон ва ҳамин тариқ, таҳлили баъзе аз паҳлуҳои воқеаҳои баамаломада дар қисмати шимоли ин кишвар бо сароҳат баёнгари он аст, ки овардани ҷанг ба марзҳои наздисарҳадии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) тасодуфӣ нест. Балки дар доираи нақшаҳои аз нигоҳи низомӣ ва сиёсиву иқтисодӣ тарҳрезишуда сурат мегирад. Омӯзиши масъала нишон медиҳад, ки дар сурати ба қудрат расидани ҷунбиши «Толибон» амнияти кишварҳои минтақа зери суол хоҳад рафт.

Албатта, набояд фаромӯш кард, ки назария ва фарзияҳои даҳшатангез дар бораи суқути шимоли Афғонистон вуҷуд дорад. Агар муқовимати шимоли Афғонистон шикаста шавад ва зери нуфузи комили «Толибон» қарор гирад, дахолати Россия ва Хитой дар шимол ва шимолу шарқи ин кишвар бештар хоҳад шуд. Дар натиҷа, дахолати неруҳои бегона роҳро барои мудохила ва ҳузури қудратҳои дигар ҳамвор сохта, хатари тақсими амиқи ҷомеаро пеш меорад. Агар ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир нашавад, вилоятҳои шимол эҳтимолан ба макони бозиҳои хатарноки ҳамсоя ва абарқудратҳо табдил хоҳанд ёфт.

Вазъи кунунии Афғонистон бо ду хусусияти хос аз даҳаи навадуми асри гузашта фарқ мекунад. Аввалан, дар нимаи дуюми солҳои 90-уми асри XX, ки ҷунбиши «Толибон» Кобулро ишғол карда, мехостанд бо роҳи зӯрӣ сиёсаташонро дар ҷомеа татбиқ намоянд. Аммо дар шаш соли инҳисори қудрат, ҳеҷ кишвар, ба ҷуз Покистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабис­тони Саудӣ, онҳоро эътироф накард. Сониян, бори дигар, мутаассифона, ба онҳо муяссар шуд, ки Афғонистонро тасарруф намоянд. Бо таваҷҷуҳ бо ин таҳаввули пешомада метавон гуфт, ки баъд аз соли 2001 «қазияи Афғонистон» аҳамияти бузурги ҷаҳонӣ касб кард. Бинобар ин, гурӯҳи «Толибон» аз иштибоҳоти гузашта ибрат гирифта, равиши муборизаро тағйир доданд. Исботи ин гуфтаҳо озод кардани Амир Исмоилхон, яке аз фармондеҳони аршади ҷабҳаи ғарби Афғонистон, собиқ волии Ҳирот, ки бо унвони «Шери Ҳирот» маъруф аст, мебошад. «Толибон» бо ба намоиш гузоштани чунин муносибат мехоҳанд эътимоди мардум ва боварии ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намоянд, зеро бе ҳимояи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба даст овардани машруияти сиёсӣ мушкил хоҳад буд. Аммо дар асл «Толибон» ҳамон гурӯҳи ифротии даҳаи 90 — уми асри XX буда, дар зеҳн ва дидгоҳи онҳо ҳеҷ тағйире сурат нагирифтааст.

Роҳбарони гурӯҳи «Толибон» то ҳанӯз ҳассосияти дохилӣ, байналмилалӣ ва оқибати мудохилаи хориҷиро дар Афғонистон ба хубӣ дарк накардаанд. Даргириҳо шадидтар шуда, кишвар ба ҷониби сарнавишти номаълум хоҳад рафт. Натиҷаи ин буҳрон Афғонистонро таҷзия карда, вобастагии онро ба қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бештар мегардонад. Бояд тазаккур дод, ки мавзӯи Афғонистон бо гиреҳҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву геополитикии на танҳо минтақаи Осиёи Марказӣ, балки қитъаи Осиё ва ҳатто гуфтан мумкин аст, ки ҷаҳони муосир пайваст аст ва аз бисёр ҷиҳат тақдири ояндаи ҷаҳон ба ҳалли мусолиматомези мушкилоти ин кишвар вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, мавзӯи Афғонистонро набояд саҳлу осон маънидод кард.

Таҳлилу манбаъҳо нишон медиҳанд, ки «Толибон», новобаста ба дастовардҳои муваққатӣ, бо чунин мавқеъгирии шадиди сиёсию идеологӣ, дар вазъияти таназзули сиёсӣ — низомӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳамчунин, дар сурати бақои онҳо ҷангҷӯёни ғайрипаштун хостори нақши баробар дар ҳайати роҳбарияти гурӯҳ хоҳанд шуд. Аммо ҳассосиятҳои қавмии ҷомеаи Афғонистон ночор ба ин гурӯҳ сироят хоҳанд кард. Мусаллам аст, ки дар сурати ба қудрат расидани ин гурӯҳ, «Толибон»-и ғайрипаштун дар тасмимгириҳои сиёсии Ҳукумати оянда ҳеҷ нақш нахоҳанд дошт, ин норозигиҳо боис ба парокандагӣ миёни онҳо гашта, Афғонистон дучори буҳрони навбатӣ хоҳад шуд.

Тибқи мушоҳидаҳо, айни замон ҷангҷӯёни ғайрипаштуни гурӯҳи «Толибон» танҳо нақши ҷангиданро иҷро мекунанд. Чунин вазъият, сохтори гурӯҳи «Толибон»-ро ба хатари парокандагӣ оварда мерасонад. Бинобар ин, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки сарнавишти ин гурӯҳ монанди дигар гурӯҳҳои ҷиҳодии Афғонистон мегардад.

Нуктаи аз ҳама муҳим он аст, ки дар сурати маҳдуд кардани фаъолияти занон аз ҷониби гурӯҳи «Толибон» муқовимати бонувон бар зидди онҳо тақвият хоҳад ёфт. Ин муқовиматро дар пайравӣ аз ҷунбиши занони муборизи курд, занони фаластинӣ ва ҷасорати зани бағлонӣ, ки хезонидани мардумиро ба уҳда доштанд, ҳамчун намунаи ибрат барои бонувони афғон шуда метавонанд.

Бинобар ин, дар идомаи вазъи феълии Афғонистон чанд сенарияи эҳтимолиро метавон номбар кард, ки оянда боис ба заъф ва шикасти гурӯҳи «Толибон» хоҳанд шуд:

- пайвастани бонувони фаъоли афғон дар ҷанг, паёмадҳои манфӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ барои гурӯҳи «Толибон» хоҳад дошт;

- ҷангидан бо занон бар хилофи урфу одати ҷомеаи мусалмонӣ ва фарҳанги афғонист, чунин муносибат боис ба беътибор гаштани онҳо мегардад;

- эътирози бонувони афғон, дар баробари «Толибон», боис ба дастгирӣ ва пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад гашт;

- ҷунбиши занони афғон ҳамчун рамзи мубориза бар ифротгароии динӣ табдил хоҳад шуд.

Хулоса, бардошт аз вазъи пешомадаи Афғонис­тон аз назари дидгоҳи стратегӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои ба монанди Хитой, Россия ва Эрон бо баҳонаи таҳдиди хатарҳои ҷой­дошта ба амнияти давлатҳояшон вориди саҳна шуда, аз гурӯҳҳои вобаста ба онҳо ҳимоя хоҳанд кард.

Ҳамчунин, эҳтимол меравад, ки дар муҳити мураккаби воқеиятҳо, шимоли кишвар ба пойгоҳи омӯзиши гурӯҳҳои террористон мубаддал гашта, вазъ на танҳо барои Осиёи Марказӣ, балки барои Россия, мамолики Қафқоз ва дигар давлатҳои Шарқи Аврупо низ манбаи таҳдид хоҳад шуд. Ба ибораи дигар, метавон гуфт, ки дар чунин вазъияти таърихию сиёсӣ омӯзиши омилҳои дақиқи буҳрони дохилию хориҷии Афғонистон муҳим аст, зеро он имкон медиҳад, ки аз таҷрибаи буҳронҳои муосир хулосаҳои мувофиқ бароварда, барои пешгирии ҳар гуна ҳолат ва саҳмгузорӣ дар таҳкими амнияти миллии кишвар ва минтақа мусоидат намояд.

Лоиқназар МУМИН,

коршиноси масоили сиёсӣ