2015 – Соли оила

Устувории оилаҳо аз ҳамагон вобаста аст

№159 (3460) 24.11.2015

Дар толори бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ғончӣ бо ширкати намояндагони раёсати САҲШ-и вилояти Суғд, раисони шӯроҳои занони шаҳраку деҳот, бонувони ноҳия дар мавзӯи «Оилаи солим — ҷомеаи солим» семинар — машварат доир шуд. Бино ба гуфти муовини раиси ноҳия Рафоат Каримова, ин бахш дар вилояти Суғд нахустин шуда, ба татбиқи Барномаи «Эпос» шурӯъ кард, ки сабти асноди ҳолати шаҳрвандии сокинонро хеле осон мекунад.

Шарҳи масъалаи мазкурро аз сардори раёсати САҲШ-и вилояти Суғд Муқаддама Ҳошимзода пурсон шудам:

-Барномаи мазкур «Эпос» (лоиҳаи кумаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон)  ном дошта, бо фармоиши  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Татбиқ гардидани он соли 2013 оғоз шуд ва тайи ин муддат 64 нафар кормандони соҳа дар семинарҳои омӯзишӣ, ки дар ду марҳила дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд доир шуданд, иштирок карданд.

Тибқи барнома аз 15 то 20-уми июли соли равон ба Шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст шудем ва 1-уми августи соли равон дар вилоят ворид кардани маълумот, аснод, арқом ва дигар маводи зарурии бахшу шуъбаҳои САҲШ оғоз гардид. Нахустин шуда, кормандони бахши САҲШ-и ноҳияи Ғончӣ ин коро анҷом доданд, — гуфт номбурда.

- Барномаи мазкур кори кормандони моро хеле осон намуд. Пештар агар барои қабули як шаҳрванд ва иҷрои дархости ӯ корманди мо 2,5-3 соат вақти худро сарф мекарда бошад ҳозир тавассути компютер дар як лаҳза ҳамаи маълумоти заруриро дастрас менамояд.

Мушкилоти мавҷуда зимни қабули шаҳрвандон камтар гардид ва кормандону муроҷиаткунандагон аз он қаноатманданд,- гуфт иҷрокунандаи вазифаи сардори бахши САҲШ-и ноҳияи Ғончӣ Лолахон Файзиева.

Бино ба гуфти ӯ, айни ҳол дар бойгонии компютерҳо  наздик ба 6000 маълумот роҷеъ ба шаҳрвандони шаҳраку деҳоти ноҳия бо нишондоди суроғаи истиқоматиашон ҷойгир карда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ин бахш ҳамагӣ панҷ нафар занон кор мекунанд, вале ноҳия зиёда аз 160 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.

Бақайдгирии давлатии таваллуд, қайди кӯдакони яксола ва аз он болотар, ақди никоҳ, вафот, бекор кардани ақди никоҳ, муқаррар кардани ҳуқуқи падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар, фарзандхондӣ ва дигар корҳоро ҳамин панҷ нафар бонувон иҷро мекунанд.

- Барои мо-занҳо боиси сарбаландию қаноатмандист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳаққи занону духтарони кишвар ғамхорӣ зоҳир намуда, баҳри  соҳибмаълумоту соҳибвазифа гаштани онҳо чораю тадбирҳо меандешанд. Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир карда, ба воситаи чандин барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила баръало намудааст.

Бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷик, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 «Соли оила» эълон гардид. Ин тадбири муҳим дар муддати кӯтоҳ дар ҷомеа таҳаввулоти ҷиддиро ба бор овард, таваҷҷуҳ ба оила, мустаҳкамию солимии он, тарбияи фарзандон бештару ҷонноктар гардид, ҳамчунин ба пешрафти кори мо таъсири ниҳоят хуб расонд,- изҳор дошт Лолахон Файзиева ва афзуд:

- Дар зарфи ҳашт моҳи соли равон дар ноҳия 2570 таваллуд, 977 қайди никоҳ, 142 адад муқаррар кардани ҳуқуқи падарӣ, 127 барқароркунии таваллуд, нуҳ фарзандхонӣ, 537 ивази ному насаб ва 124 бекоркунии ақди никоҳ сурат гирифт.

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар шаҳраки Ғончӣ маҳфили «Кошонаи саодат» амал мекунад. Моҳе як бор дар он бо иштироки оилаҳои рӯзгордидаю намунавӣ, собиқадорон, раисони шӯрои занону духтарони маҳаллаҳо, масъулини САҲШ оид ба омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон, пешгирии никоҳи хешу таборӣ, аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронидани издивоҷкунандагон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаҳмонида мешаванд. Чунин маҳфилҳо дар деҳоти дигар ҳам бо номҳои «Кадбону», «Хонадон», «Зан- чароғи хонадон» ва ғайра амал мекунанд.

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо бонувони кишвар ба муносибати Рӯзи Модар супориш доданд, ки бояд дар «Соли оила» боз ҳам фаъолтар гардида, ҳар яки мо тамоми неру ва заковати худро барои солимии ҷомеа ва оила сафарбар кунем ва дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани оилаҳои ҷавон саҳми муносиб гузорем.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»