Ванҷ. Бунёди дарозтарин хати оби нӯшокӣ

№88 (4194) 21.07.2020

ВанчДар доираи  тадбирҳои «Барномаи рушди манотиқи кӯҳистон» оид ба таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар деҳаи Баравуни деҳоти «Ҷовидон» дарозтарин хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд, ки арзиши лоиҳавиаш 1,5 миллион сомонӣ мебошад. Саҳми сокинон дар бунёди он 60 фоизро ташкил медиҳад. Дарозии хати оби нӯшокӣ 14 км буда, 62 нуқтаро дар бар мегирад.

Дар маросими ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ раиси вилоят Ёдгор Файзов саҳми сокинонро дар роҳандозии барнома нек арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамкории мардум бо мақомоти марбута ҷиҳати амалӣ гардидани лоиҳаҳо дар ноҳияи Ванҷ хуб ба роҳ монда шудааст. Бо вуҷуди ин, баҳри бо дастовези арзанда истиқбол  гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди ободкорӣ ва созандагӣ бояд дар ҳама соҳа  вусъат дода шавад.

Пайшамбӣ  ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»