Вазирони корҳои хориҷии СҲИ дар Исломобод ҷамъ меоянд

№ 11.03.2022

Посоль11 марти соли равон дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки 22-23 марти соли 2022 дар Исломобод ба нақша гирифта шудааст, брифинг баргузор гардид. Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар зимни мулоқот бо намояндагони Воситаҳои ахбори омма дар бораи ҷаласаи дарпешистодаи 48-умини Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) маълумот дод.

Ӯ изҳор намуд, ки СҲИ дуюмин созмони байниҳукуматӣ дар ҷаҳон буда, ормонҳои дастаҷамъии беш аз 1,5 миллиард мусулмонро ифода мекунад ва он дар ҳимоят ва пешбурди манфиатҳои мусалмонон саҳми муҳим дорад.

Покистон ба ҳайси узви муассиси СҲИ комилан ҷонибдори амалӣ намудани иқтидори созмон ҳамчун садои муассир ва намояндаи ҷаҳони ислом аст.

Имрон Ҳайдар, ҳамчунин, аз иштироки Тоҷикистон дар иҷлосияи фавқулода баҳои баланд дод. Натиҷаҳои онро баланд, мушаххас ва самарабахш номид.

Покистон бесаброна интизор аст, ки иқдомоти муштараки исломиро оид ба масъалаҳои фарогир тарҳрезӣ кунад. Саъю кӯшиши Покистон ин аст, ки дар самти риояи ҳуқуқи мардуми мусулмон, махсусан дар сарзаминҳое, ки зери истило ҳастанд, пешравӣ шавад.

Сафир қайд намуд, ки афзалияти аввалиндараҷаи Покистон мусоидат ба ваҳдат дар дохили мусулмонон, мубориза бо фасод, исломофобия, инчунин мусоидат ба вокуниши башардӯстона дар Афғонистон мебошад. Мавзӯи иҷлосияи дарпешистода «Шарикӣ барои ваҳдат, адолат ва рушд» аст.

Имрон Ҳайдар таъкид кард, ки Покистон барои пешбурд ва таҳкими мутақобилаи ҳадафҳои шукуфоӣ ва рушд барои кишварҳои узви СҲИ саъй хоҳад кард. Он саҳмгузорӣ дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳалли мушкилоти барқарорсозӣ дар давраи баъд аз COVID — 19 — ро дар бар мегирад.

Дар иҷлосияи дарпешистода, ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба сулҳу амният, рушди иқтисодӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Диди Покистон мусоидат ба ваҳдат миёни кишварҳои узви СҲИ, пешбурди кори адолат барои мардуми мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои мутақобилаи шукуфоӣ ва рушдро дар бар мегирад.

Сафир иброз дошт, ки ҷаласаи  дарпешистодаи Шӯрои вазирони СҲИ ба солгарди Рӯзи Покистон  (23 марти соли 1940) рост меояд.

Соли ҷорӣ, ҳамчунин, 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Покистону Тоҷикистон таҷлил мешавад. Покистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Покистон ва Тоҷикистон ду кишвари бародаранд, ки муштаракоти ҷуғрофӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва эътиқоди динӣ доранд.

 Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»