БОХТАР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа», воқеъ дар ҳудуди шаҳраки «Бӯстонқалъа» аквапарки ҳозиразамон бунёд гардид. Он бо кӯмаку дастгирии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сохта шудааст. Бунёди чунин фароғатгоҳ имкон медиҳад, ки минбаъд сокинони маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи он ба табобату истироҳат фаро гирифта шаванд. Зикр бояд кард, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ин нахустин аквапарк буда, мувофиқи талаботи ҳозиразамони байналмилалии меъморӣ бунёд гардидааст. Аквапарк аз якчанд ҳавзу макони оббозӣ иборат аст. Аз ҷумла барои фароғати кӯдакон низ ҳавзи махсус бунёд карда шудааст.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон