Аз диёри Ҷиликӯл анор овардам…

№19 (3165) 25.02.2014

Ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон яке аз мавзеъҳои асосии парвариши анор дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар ноҳия 868 гектар анорзор мавҷуд аст. Тавре зимни суҳбат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷиликӯл Хӯҷамурод Фазлиддинов иттилоъ дод, дар назар аст, ки боз дар майдони беш аз 100 гектар замин боғи анор бунёд карда шавад. Солҳои қаблӣ анори ноҳияҳои Ҷиликӯлу Қубодиён на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ маълуму машҳур гардида буд. Аз як тараф, агар хоку обу ҳавои муносиб дар ин ноҳияҳо барои парвариши анори воқеан ҳам лазизу гуворою шифобахш мусоидат карда бошад, аз дигар ҷониб таҷрибаи солҳои сол андӯхтаи сокинонаш дар парваришу нигоҳубини анор онҳоро ба ин амали хайр ҳавасманд месозад.

Анор дар ҳақиқат ҳам ба анорпарварон даромади хуб медиҳад. Бахусус солҳои охир талабот ба ин мева зиёд гардида, нархи он ҳам рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Масалан, имрӯз дар бозори шаҳри Қӯрғонтеппа як килограмм навъи беҳтарини анори Ҷиликӯлу Қубодиён аз 20 то 25 сомонӣ арзиш дорад. Онҳое, ки ба парваришу нигоҳубин ва хариду фурӯши анор машғуланд, иброз медоранд, ки дар моҳҳои минбаъда арзиши анор боз ҳам боло меравад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ, тибқи талаботи бозор, таҷрибае ҳосил шудааст, ки як зумра соҳибкорон анорро дар рӯзҳои аввали пухта расидани ҳосил аз деҳқонон бо нархи нисбатан арзон харидорӣ намуда, онро дар ҷойи мувофиқу муносиб нигаҳдорӣ менамоянд. Баъди боло рафтани нархи он дар бозор анори захиракардаи худро ба фурӯш бароварда, аз он фоидаи дучанду сечанд мегиранд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳосили зиёди анор дар рӯзҳои аввали пухта расидани он ё талаф меёбад ё ин ки бо нархи ночиз ба савдо меравад. Яъне, пӯсти қисмати зиёди анорҳои пухтарасида мекафад. Маҳз барои ҳамин имрӯз дар ин ноҳияи асосии анорпарварии ҷумҳурӣ зарурати бунёди корхонаи коркарди меваи анор ба вуҷуд омадааст. Инро ба назар гирифта, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Хӯҷамурод Фазлиддинов дар ҳузури хабарнигорон соҳибкоронро даъват намуд, ки ба ин ҷо омада, ба бунёди чунин корхона камар банданд.

-Мутаассифона, -илова намуд ӯ,- имрӯз чунин имкониятро соҳибкорони маҳаллии ноҳияи Ҷиликӯл надоранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия омода аст барои онҳое, ки ба ин амали хайр даст мезананд, ҳамаҷониба кумак расонад.

Бо вуҷуди таҷрибаи калони анорпарварӣ солҳои охир боғдорони ноҳияи Ҷиликӯл ва дигар ноҳияҳои анорпарвари вилояти Хатлон дар нигоҳубину парвариши ин меваи муфиду фоидабахш ба мушкилот дучор омадаанд. Мушкилоти имрӯзаи анорпарварон ин зиёд гардидани миқдори ҳашароти зараррасон, бахусус кирме аст, ки дар нофаки анор пайдо шуда, оқибат ба пӯсиши пӯсту донаҳои он сабаб мегардад. Ин мушкилоте аст, ки анорпарварон наметавонанд ҳосили бо ранҷу азобгирифтаи худро то дергоҳ нигоҳдорӣ намоянд.

-Мо — иброз медорад сарвари хоҷагии анорпарварии ба номи Абдураҳмони Ҷомии деҳоти «Ҷиликӯл» Қандулло Маҳмудов,-барои эмин нигоҳ доштани ҳосил аз кирму дигар ҳашароти зараррасон усули бобоиро истифода намуда, ба нофаки анор дар рӯзҳои аввал лой мемолем, то ин ки ҳашароти аз сардиҳои зимистон раҳохӯрдаю дар дарахтон мавҷуда ба нофаки анор ворид нагардад. Ҳамчунин барои нест кардани ҳашарот ва талаф наёфтани ҳосил аз баъзе заҳрдоруҳои кимиёвӣ низ истифода мебарем, ки то дараҷае кумак менамояд. Бисёр мехоҳем, ки дар ин бора олимони соҳа ба мо дасти кумак дароз намоянд. Яке аз сабабҳои асосии солҳои охир ба парвариши анор рӯ наовардани кишоварзони деҳот хурӯҷи ҳар гуна ҳашароту бемориҳои зараровар аст. Ин дар ниҳояти кор ба талафёбии ҳосил бурда мерасонад. Воқеан ҳам, агар донишмандони муҳтарами соҳаи боғдорӣ дар ин ҷода ба деҳқонон дасти кумак дароз намоянд, боварӣ дорем, ки минбаъд парваришу нигоҳубини анор дар ноҳияҳои Ҷиликӯлу Қубодиён ва дигар мавзеъҳои барои ин мева мувофиқ боз ҳам рушди тоза пайдо мекунад. Имрӯз дар ноҳияи Ҷиликӯл даҳҳо хоҷагиҳои махсуси анорпарварӣ мавҷуданд. Хоҷагиҳои деҳқонии «Бибикалон», сарвараш Усмон Саъдуллоев, «Ғайрат», сарвараш Ҳусейн Додов, «Анори Хатлон», сарвараш М. Зоҳиров, «Ҳоҷимурод», сарвараш Фатҳулло Холов, «Бешариқ», сарвараш Айсултан Қиясова аз  деҳоти «Ҷиликӯл», «Дурдибой», сарвараш Қурбон Навбатов, «Амина», сарвараш Қурбон Илов, «Бегинҷ», сарвараш Ҷумъа Раҳмонов, «Ватан», сарвараш Марал Уразова, «Ҷумъа», сарвараш Саидқулӣ Давлатов, «Даврон», сарвараш Д. Шоназаров, «Султон-2», сарвараш Рӯзимурод Нурҷиков, аз  деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов мисли хоҷагии дар боло номбарнамудаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ таҷрибаи хуби анорпарварӣ доранд ва ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меоранд. Сарвари хоҷагии анорпарварии «Султон-2» Рӯзимурод Нурҷиков  табиби касбӣ буда, баробари табобати беморон дар вақтҳои холӣ ҳамроҳи аҳли оилааш ба парваришу нигоҳубини анор низ шуғл меварзад. Ӯ андеша дорад, ки баробари дорую дармон беморонро ба воситаи меваи шифобахши анор низ табобат кардан мумкин аст. Ба андешаи ӯ, ҳатто пӯчоқи анор дар табобати бемориҳои шикамрав кумак расонида метавонад.

Дар мавзеи Ғаравтии ноҳияи Ҷиликӯл хоҷагии навбунёди «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», сарвараш Амирҳамза Аминов, баробари парвариши дигар дарахтони ҳосилдеҳ, ҳамчунин дар майдони 224 гектар анорзор бунёд намудааст. Бо сабаби нарасидани об қисме аз ин анорбоғ хушк шуда бошад ҳам, қисмати боқимондаи он дар нашъунамост. Баробари ҳал шудани мушкилоти нарасидани об дар ин мавзеъ, ки нуҳ ҳазор гектар замини корам мавҷуд аст, боварӣ дорем, ки майдони боғоти анор дар ноҳияи Ҷиликӯл боз ҳам зиёд мегардад.

Имрӯз анорпарварон барои аз сардиҳои фасли зимистон нигоҳ доштани анорбоғи хеш роҳу воситаҳои гуногунро ба кор мебаранд. Яке аз чунин воситаҳо ҳифзи он бо пахоли шолӣ бошад, дигар роҳаш қадри имкон дар хок пинҳон намудани решаю шохаҳои дарахтон аст.

Ҳангоми аз канори анорбоғе гузаштан ба гӯшам садои фораму гӯшнавози боғбони ҷавоне расид, ки воқеан ҳам диққатҷалбкунанда буд:

Аз диёри Ҷиликӯл анор овардам,

Анори ширин барои  ёр овардам.

Монандаи рухсораи  ёр аст анор,

Пас анори навро ба чӣ кор овардам?

Ин сатрҳоро мешунидаму мехостам ба ҷавони анорпарвар чунин гӯям: «Анори парвардаи шумо ва мисли шумо дигар боғбонҳо имрӯз саросари ҷаҳон овозадор асту харидори зиёде дорад. Ҳатто дар Франсия барин кишвари дур мазаю таъми онро чашидаанду баҳои баланд додаанд. Аз ин рӯ, парваришу нигоҳубини он барои на танҳо шумо, ки ёри ҷавон доред, балки барои ҳамагон зарур асту муфид».

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»