Даргузашти Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ

№146 (3292) 05.12.2014

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Устоди пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вакили як қатор анҷуманҳои гуногун, бригадири собиқ колхози ба номи Карл Маркси ноҳияи Фархор  Идӣ  Каримов дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ  дар солҳои ҳафтодуми  асри  XX дар ҷумҳурӣ яке аз аввалин нафароне  маҳсуб меёфт, ки  бригадаи механиконидашудаи комплексӣ таъсис дода, кори сарчин намудани ниҳолҳоро бо усули механикӣ ба роҳ  монда буд. Он вақт ин таҷрибаи деҳқонии И. Каримов дар ҷумҳурӣ  ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта буд, зеро амалӣ  намудани ин усул манфиати калони  иқтисодӣ дошт. Мутахассисону олимони соҳаи пахтакорӣ  ба таҷрибаи деҳқонии Идӣ  Каримов таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуданд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ«Садои мардум»