Пахта-2013

Дурнамо иҷро гардид

№136 (3121) 26.10.2013

Кишоварзони ноҳияи Қубодиён нақшаи солонаи истеҳсоли пахтаро бомуваффақият ба иҷро расониданд. То имрӯз аз майдони 7750 гектар замин беш аз 16400 тонна дурри гаронбаҳо ғундошта шуд, ки ин иҷрои нақшаро беш аз сад фоиз таъмин менамояд. Кишту парвариши навъҳои беҳтарини пахта, ба роҳ мондани агротехникаи дурусти истеҳсолӣ, нигоҳубини хуби ниҳолҳо ва дигар омилҳои муҳим имкон доданд, ки диловарони саҳро ба ин муваффақият ноил гарданд. Ҳаминро низ бояд зикр кард, ки кишоварзони қубодиёнӣ нисбати ҳамин шабу рӯзи соли гузашта беш аз ду ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин боиси таҳсин аст. Пахтакорони шаҳрҳои Сарбанд, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Шаҳритузу Хуросон низ имрӯзҳо ба ҳисоби уҳдадорӣ пахта ҷамъоварӣ намуда истодаанд. Алҳол дар вилоят беш аз 128 ҳазор тонна дурри гаронбаҳо ғундошта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»