Акмалҷон Ҳошимов аз бачагӣ ҳунарҳои бадеии халқро аз падари меҳрубонаш Ҳокимҷон Ҳошимов пайваста меомӯхт. Имсол синфи 11-ро дар Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ хатм намуда, баъди супурдани имтиҳонҳои қабул донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав шуд.
Падари Акмалҷон – Ҳокимҷон солҳои тӯлонӣ ноҳияи Панҷро дар озмуну фестивалҳои ҳунарҳои бадеӣ ва халқӣ дар ҷумҳурӣ ва чорабиниҳои калони давлатӣ ҳамеша муаррифӣ менамояд. Ҳунари дастони ӯ солҳост, ки мардуми фарҳангдӯсту ҳунармандро ба худ мутаваҷҷеҳ сохтааст. Кандакориҳо дар зироатҳои полезӣ-тарбуз, харбуза, сабзавот, аз тухмии зироатҳои кишоварзӣ хеле моҳирона эҷод кардани харитаи сиёсии Тоҷикистон, глобус, харитаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Панҷ, эҷоди бисёр муҷассамаҳои дигар кайҳост, ки Ҳокимҷонро ба тамоми ҷумҳурӣ шиносонидаанд. Ӯ ҳунари нотакрори худро ба фарзандаш Акмалҷон низ омӯзондааст.
Акмалҷон ҳамчун падар завқи баланди бадеӣ ва ҳунарӣ дорад ва аллакай шуҳратёр гардидааст. Тайи чанд соли охир ӯ ҳамроҳи падар дар чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҳунари волои худро ба ҳамватанони азизаш пешкаш менамояд. Мутахассисон, фарҳангшиносон ва ҳунармандон ба дастранҷи бадеии Акмалҷон баҳои баланд дода, ӯро борҳо бо ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонидаанд.
Дар доираи баргузории Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе доир гардид, намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ пешкаши меҳмонони хориҷию дохилӣ гардид. Дар ин намоиш ҳунари арзишманди падару писар- Ҳокимҷону Акмалҷон дар меҳвари таваҷҷуҳи меҳмонону иштирокчиёни ин конференсия қарор дошт. Як қисми муҳими ин намоишро маҳсули меҳнати ин ду нафар ташкил мекард. Тамошобинон аз ҳунари пурарзиши онҳо ангушти ҳайрат мегазиданд. Ин буд, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳунармандони хушзавқи ноҳияи Панҷро тавассути дастовардҳои эҷодӣ ва иштироки фаъолона дар барномаи Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеии халқӣ – 2013, ки ба конференсияи мазкур бахшида шуда буд, бо диплом сазовор гардонид.
Ҳамзамон дар ҷамъбасти намоиш Акмалҷон Ҳошимов ба унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф гардид. Акмалҷон Ҳошимов шояд дар тамоми ҷумҳурӣ ҷавонтарин шахсе бошад, ки сазовори ин нишон дониста шудааст.
Пирмуҳаммад НУРОВ, рӯзноманигор