Ҳамовозӣ аз Паёми Президент

Ифодагари ормону орзуҳои мардум

№51 (3197) 20.05.2014

Чанде пеш мухбирамон бо ашхоси касбу кори гуногуни минтақаи Кӯлоб вохӯрда, оид ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули андеша карда, таассуроти чанде аз онҳоро манзури хонандагони рӯзнома намуд:

Мирзо БЕКМАТОВ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб:  -Паёми Сарвари давлатро тавассути телевизион мустақиман тамошо карда, матни пурраи онро аз рӯзномаи «Садои мардум» сатр ба сатр мутолиа намудам. Он таассуроте, ки ман аз Паёми навбатии Сарвари давлат бардоштам, маро ҳамчун собиқадори ҷангу меҳнат, шаҳрдори собиқи шаҳри Кӯлоб   қаноатманд ва ба ояндаи дурахшони миллату давлатамон дилпуру дилгарм намуд. Масалан, азми аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил додани Тоҷикистони азиз, ки дар Паём таъкид шудааст,  ин нишонаи бузурги дастовардҳои иқтисодии замони Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ аст.Ин азми бузургро амалӣ кардан зарур меояд, зеро дар урфият орзую ормон ва ҷаҳду талошро ними давлат гуфтаанд.Ин маъниро ман дар умри 90 -солаи худ борҳо санҷидаю аз он самар гирифтаам.Барои ба ин мурод расидан  ҳар шаҳрванди кишвари моро лозим аст, ки дар шароити имрӯзаи бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ, беш аз пеш ватандӯсту ватанпарвар, аз нигоҳи сиёсӣ ҳушёру зирак ва ҳамеша ҳимоятгари манфиатҳои миллию давлати хеш бошад, зеро бидуни ин сифатҳо расидан  ба ормонҳои миллӣ  мушкилу номумкин аст. Ҳамчун марди рӯзгордида таманно мекунам, ки  ҳамин сифатҳои неки олиро муяссари  кулли сокинони кишвари тозаистиқлоламон гардонад.

Ғазалшоҳ САФАРОВ, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор: — Вобаста ба Паёми Сарвари давлат ва билхоса ба хотири омӯхтани таҷрибаи пешқадами ҳамкасбони суғдӣ ва табодули таҷриба кардан чанд вақт дар шаҳри бостонии Хуҷанд қарор доштам. Аз ин диду муқоиса акнун хулоса баровардам, ки талошҳои солҳои охири маорифчиёни Фархори мо низ  барабас нарафта, самараи  дилхоҳ ба бор овардааст.Ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар аст, ки дар Паёми навбатии хеш нисбати соҳаи маориф таъкид намуданд: «Бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, изҳор медорам, ки мактабу маориф,  инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунари замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисоди кишварро таъмин намояд».

Бале, ҳамин тавр аст. Агар содаву возеҳтар карда гӯем, мактаб шабеҳи корхонаест, ки мо дар он  фардои миллату давлат ва ҷомеаи хешро месозем. Чигунагии ояндаи мо низ маҳз ба вазъи имрӯзаи мактаб вобаста аст.Дар ҷое хонда будам, ки императори Ҷопон моҳи августи 1945 зимни шикасташ аз ҷониби иттифоқчиён, яъне дар он рӯзи сиёҳи давлаташ, ба ин шакл муроҷиат карда гуфта буд: «Муаллим, ояндаи миллат дар дасти туст!». Солҳои охир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушди соҳаи маориф чораю тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст. Масалан, барои инъикоси ҳамаҷонибаи фаъолияти кормандони соҳа ҳафтаномаи «Минбари омӯзгор» таъсис шуд. Барои рӯҳбаланд кардани омӯзгороне, ки дар таълиму тарбия сидқан заҳмат мекашанд, унвон ва нишони сарисинагии «Омӯзгори фахрии Фархор» таъсис ёфт, ки аллакай як зумраи онҳо ва инчунин он нафароне, ки мактаб месозанду ба соҳа кумак мерасонанд, соҳиби ин унвони ифтихорӣ гардиданд.Барои хонандагони фаъол бошад, шоҳҷоиза ва нишони сарисинагии «Соҳибватан» -ро таъсис додаем. Хушбахтона, ҳама ин тадбирҳои андешида имрӯз самараи дилхоҳ ба бор оварда истодааст.

Абдулло ХОҶАЕВ, директори Мамнуъгоҳи таърихии Ҳулбуки ноҳияи Восеъ: -Баъди 1000 сол дубора қомат афрохтани Қасри шоҳони Ҳулбук самараи Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва  ниҳоят силсилаи ҳамин гуна Паёмҳост.Дуруст гуфтаанд, ки бе гузашта имрӯз ва бе имрӯз фардо нест.Сарвари давлат дар  Паёми ҳарсолаи худ аз даст надодани худшиносию худогоҳӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсиро такрор ба такрор таъкид мекунад. Ҳамин вайронаҳои шаҳри Ҳулбук ва ниҳоят ана ҳамин воқеаҳое, ки имрӯз дар баъзе аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ба вуқӯъ пайваста истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки соҳиби ҳамин гуна сифатҳо бошем. Вақте ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи рӯзи Истиқлолият ба  рӯйи синаам ордени «Шараф»-ро овезон мекард, ин суханҳоро таъкидкунон ба ин зайл афзуданд:

-Бародар, қасри шоҳони Ҳулбукро якҷоя барқарор мекунем, баҳри ободии он бештар талош намо, зеро ин нишон аз тамаддуни гузаштаи миллатамон аст.

Дар Паёми навбатии Президенти кишвар чунин омадааст: «Баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ ва тараққиёти соҳаи сайёҳӣ самти дигари пешрафти ояндаи иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар мебошад». Ҳоло дар мамнуъгоҳ беш аз 20 нафар машғули хизматрасонианд ва мақсад дорем, ки сатҳи хизматрасониро беҳтар карда, таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ин ёдгории таърихии миллатамон беш аз пеш ҷалб намоем.Ба наздикӣ намоишгоҳи назди мамнӯъгоҳ аз таҷдиди навбатӣ бароварда шуд ва дар он номгӯйи экспонатҳо дучанд афзун гардид.То имрӯз сайёҳони зиёди дохилию хориҷӣ аз Мамнуъгоҳи таърихии Ҳулбук дидан намуданд.

Мирзоалӣ МИРАЛИЕВ- муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб: -Дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вазифадор  шудаанд, ки дар кори маблағҷудокунӣ барои таъмири муассисаҳои тиббӣ, сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва тарбияи мутахассисоне, ки қобилияти хуби бо технологияи муосир кор кардан доранд, чораю тадбирҳои муассир андешанд.Ин таъкиди Президент хеле бамаврид аст, чунки мо тӯли солҳои охир барои хизматрасонии тиббии аҳолӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии минтақаамон таҷҳизоти зиёди технологияи муосирро ворид намудем, ки дар маҷмӯъ тӯли соли гузашта ҳаҷми он 644 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Ҷойи таассуф аст, ки дар бисёр ҳолатҳо зимни истифодаи баъзе аз онҳо, бо сабаби набудани мутахассис, танқисӣ мекашем. Гоҳҳо дар чунин ҳолат зарурат пеш меояд, ки аз Душанбеву Хуҷанд баъзе мутахассисонро даъват  намоем ва ё  тавассути алоқаҳои мобилӣ аз мутахассисони шаҳрҳои беруни кишвар маслиҳату кумак пурсем.Дар маркази минтақа- шаҳри Кӯлоб  то андозае донандагони технологияи муосири тиббӣ кору фаъолият мекунанд, вале ин мушкилӣ дар ноҳияҳо сахт эҳсос карда мешавад.Мақсад дорем, ки дар ин самт тадбирҳои судманди таъҷилӣ ҷуста, роҳи ҳалли ин мушкилотро дар кӯтоҳтарин муҳлат пайдо намоем.

Нуралӣ ШАРИФОВ, сардори хоҷагии деҳқонии «Сабз»-и шаҳри Кӯлоб: -Аз ин Паём ҳамчун хоҷагидор хеле хушнуд шудам, зеро Президенти кишвар Ҳукуматро супориш дод, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарвариро барои даҳ соли оянда таҳия ва қабул намояд. Банда яке аз аввалинҳо будам, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014»-ро дастгирӣ карда, дар майдони 36 гектар боғи зардолу бунёд намудам, ки имсол самаровар шудааст.Акнун барои васеъ кардани майдони зардолубоғ имконияти васеи ҳуқуқӣ ба миён омад. Мақсад дорам, ки барои амалӣ намудани барномаи навбатӣ низ саҳм бигирам.

Нашъунамои имрӯзаи зардолубоғи деҳаи Панҷосёби деҳоти «Зарбдор»-и ноҳия, ки дар канори рости шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб қарор дорад, таваҷҷуҳи ҳар роҳгузарро ба худ ҷалб мекунад. Барои ин соли гузашта ғолиби озмуни «Боғпарвари беҳтарин»-и вилояти Хатлон шудам.Дар ин боғи намунавӣ, зуд-зуд семинару чорабиниҳои гуногуни соҳавии сатҳи вилоятиву минтақавӣ баргузор мешавад. Шодам, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба шаҳри Кӯлоб, аз боғи бунёдкардаи саҳмдорони хоҷагии мо ҳам  дидан намуд.

Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»