Мушкилот ва пешниҳод

Кӯлоб: кӯчаҳо тангу обҳо тира шудаанд

№133 (3279) 13.11.2014

Қариб ҳар субҳ дарёчаи Тебалайро тавассути кӯпруки назди бозори «Саховат» убур карда, бо пиёдароҳҳои канори хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб қадам мезанам. Хиёбони мазкур солҳои 2004-2006, ҳангоми омодагиҳо ба ҷашни 2700-солагии Кӯлоб, бо дастгирии Ҳукумати кишвар ободу зебо шуда буд.

Мутаассифона, тӯли  ду-се соли охир дар ин хиёбон, бахусус дар қисмати ба бозори «Саховат»-у наздики он, мисли замбурӯғҳои баъди борон, биною нуқтаҳои тиҷоратӣ пайдо шудаанд. Агар имрӯз нафаре аз масъули дилсӯз дар роҳи ҳаракати «бунёдкорона»-и ин гуна тоҷирону ҳомиёни онҳо «монеа» насозанд, ин раванд беш аз пеш густариш хоҳад ёфт. Атрофи ин масъала дар рӯзномаву телевизионҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ як қатор намоишу маводи танқидӣ ба табъ расидааст. Муаллифони онҳо бо изтиробу тааҷҷуб пурсон мешаванд, ки ин силсиладӯконҳо бо иҷозату фармони кадом масъулини шаҳр бунёд шуда истодаанд?

Зимни нишасти матбуотӣ хабарнигорон сабаби инро аз раиси шаҳр Абдуғаффор Раҳмонзода пурсон шуданд. Маълум гардид, ки сохтмони нуқтаҳои савдои саҳну атрофи бозори «Саховат» бидуни иҷозати мақомоти дахлдор анҷом ёфтаанд. Баъдтар маълум гашт, ки мавсуф қабл аз ин посух, яъне аз 6 майи соли 2014, таҳти рақами 301 оид ба бунёди нуқтаҳои савдо дар заминҳои саҳни бозори «Саховат» бо дархости Ҷамъияти матлуботи шаҳр қарор ба тасвиб расонидааст. Манзури ин қарор он қитъаи заминҳоест, ки ҳеҷ гоҳ ба Ҷамъияти матлуботи шаҳр ва бозори «Саховат» иртиботе надошт ва ба сифати таваққуфгоҳи нақлиёти мусофиркашу роҳи пиёдагард хизмат мекард.

Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати чорум, ки 26 сентябри соли равон баргузор гардид, масъалаи муҳим — шаҳрсозӣ ва меъморӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Муовини раиси вилоят Баҳром Иззатзода аз рӯи ин масъала суханронӣ намуда, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳо аз баъзе иншооти хилофи қоидаҳои шаҳрсозӣ бунёдгаштаи хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, бахусус ҳудуди терминали мусофиркашонии он, ки дар наздикии бозори «Саховат» қарор гирифтааст, бо нигаронӣ ёдовар шуд. Мавсуф зикр намуд, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати қарорҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят 123 эътирози прокурорӣ оварда шудааст.

Мо шарҳи ин ҳолатро аз муовини раиси шаҳр оид ба сохтмон Нуриддин Бозоров,  ки  пештар сармеъмори шаҳр буд, пурсон шудем.

-Дар ҳолати зарурат ин биноҳо аз байн бардошта мешаванд, бо ин мақсад баёноти ҳамаи соҳибони дӯконҳои бунёдшудаистодаро  гирифтаем, — гуфт номбурда.

Намедонам ҷавоби ин масъул то кадом андоза ба воқеъияти ҳол, дарки мантиқии масъала ва Кодекси шаҳрсозӣ дуруст меояд, вале раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар иҷлосияи зикршудаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят мушкилоти шаҳрсозиро аз масъалаҳои муҳими рӯз арзёбӣ намуда, хостори баланд бардоштани завқи зебопарастии мардум  шуда буд.

Боиси ташвиши шаҳрвандон ва нороҳатии меҳмонони он аст, ки дарёчаи Тебалайро тоҷирони бозори «Саховат» ва сокинони соҳилнишини он ба сифати партовгоҳ истифода мебаранд. Ин ҳолати ҳузнангезро аз сардори Бозрасии ҳифзи муҳити зисти  минтақаи Кӯлоб Ҳасан Амиров ва бахши шаҳрии он Хуршед Ашӯрмадов пурсон шудам.

Сардори бахши шаҳрӣ, ки ба наздикӣ таъин шудааст, мегӯяд: -Шахсан ман фаъолияти кории худро аз тоза кардани партовҳои дохилу соҳилҳои Тебалай шурӯъ кардам.Рафти ин чорабиниро тавассути телевизионҳои маҳаллӣ намоиш додем ва зимни гузаронидани он бо маъмурони бозори «Саховат»- у сокинони соҳилнишин гуфтугӯи ҷиддӣ доштем. Аммо тавре мебинем, тадбирҳои андешида самараи дилхоҳ  наоварданд.

Дар мусоҳибаи хабарнигори махсуси рӯзнома бо раиси шаҳр Абдуғаффор Раҳмонзода, ки  дар «Садои мардум» 11-уми марти соли ҷорӣ ба табъ расида буд, дар бораи маданияти шаҳрдорӣ ва бахусус вазъи нохуби пиёдароҳҳои ду канори хиёбони Исмоили Сомонӣ сухан мерафт. Номбурда қавл дода буд, ки камбудии мазкур ислоҳи худро ба зудӣ пайдо мекунад. Вақт нишон дод, ки ӯ марди қавлу амал аст ва  бовар ҳаст, ки ин навбат ҳам дар пайи ислоҳи  эродҳои дилсӯзонаю холисонаи мо талош хоҳад кард.

Дар ҳамоиши сарварони ИДМ — дар шаҳри Минск шаҳри бостонии Кӯлоб пойтахти фарҳангӣ эълон гардид. Ин пешниҳод барои хурду бузурги Кӯлоб ифтихори бузург аст ва онҳо метавонанд тамоми мушкилоти меъморию шаҳрсозиро дастҷамъона ҳал намуда, дар зебову замонавӣ гаштани шаҳри азизи худ саҳм гузоранд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ«Садои мардум»