Омодагиҳои дифоӣ

№42-46 (3343-3347) 27.03.2015

Дар машқгоҳи ҳарбии мавзеи Мумирак бо иштироки сарбозону афсарони эҳтиётии тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон тамринҳои дифоӣ  гузаронида  шуд.  Иштирокчиён аз силоҳҳои гуногун тирпарронӣ карда,  малакаи ҷангии худро ба ин васила қавию афзун намуданд.  Кулли сарбозону афсарони эҳтиётӣ ташкили   маъракаи мазкурро саривақтию  нишонаи олии ватандӯстӣ арзёбӣ  намуда, барои ҳимояи марзу буми азизи хеш изҳори омодагӣ   карданд.

Т. Файзалӣ, «Садои мардум»