Пиёзи Қумсангир нархи ин маҳсулотро коҳиш додааст

№77 (3223) 15.07.2014

Лук

Пиёз зироатест, ки рӯзгори мардумро бе он тасаввур кардан душвор ва ҳатто ғайриимкон аст.

Солҳои охир кишту парвариш ва истеҳсоли пиёз дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи талаботи рӯзафзуни аҳолӣ зиёд шуда истодааст. Дар ноҳияҳои Истаравшани вилояти Суғд ва Қумсангири вилояти Хатлон ба кишту парвариши ин зироат диққати бештар медиҳанд. Дар ноҳияи Қумсангир пиёзи барвақтии баҳориро парвариш карда, ҳосили онро дар баҳору тобистон ҷамъоварӣ менамоянд.

Дар ин бобат таҷрибаву заҳмати кишоварзони ноҳия вобаста ба коҳиши нархи пиёз дар рӯзҳои аввали баъди сардиҳои зимистон шоистаи зикр аст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки моҳҳои февралу март нархи пиёз дар бозорҳои ҷумҳурӣ боло меравад. Мардуми вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ хуб дар ёд доранд, ки чанд сол қабл нархи пиёзи бехӣ дар ин айём 6-7 сомонӣ, дар баъзе минтақаҳо ҳатто аз ин бештар гардида буд.

Таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ, таъсиси хоҷагиҳои хурди оилавию инфиродӣ ва аз ҳама муҳимаш ба дасти соҳиби аслиаш-деҳқон расидани замин, ки тавассути сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ба кишоварзон имкон дод, ки тибқи талаботи бозор маҳсулоти дилхоҳи худро кишту парвариш намоянд. Деҳқонони заҳматпешаи ноҳияи Қумсангир, ки акнун соҳиби ҳақиқии замин гардида буданд, рӯ ба кишту парвариши пиёз овардаанд. Қабл аз ин, онҳо баъди соҳиби ҳақиқии замин гардидан, ба парвариши сабзӣ шуғл варзида буданд. Ҳамасола ҳосили хубу фаровони сабзӣ ба даст меоварданд. Кишоварзон сабзиро баъди ғун доштани ҳосили пахтаю зироатҳои полезӣ парвариш намуда, бозорҳои ҷумҳуриро таъмин менамуданд. Замоне шуд, ки дар сари киштзори деҳқон  як халта сабзии 50-килограмма ва ҳатто аз ин ҳам зиёд ҳамагӣ 5 сомонӣ арзиш дошт.

Деҳқонони соҳибтаҷриба чун аз кишти зироати сабзӣ фоидаи камтар ва ҳатто зарар диданд, (бо сабаби пастии нарх онҳо хароҷоти тухмӣ, нуриҳои минералӣ, истифодаи техника ва ғайраро пӯшонида натавонистанд) ба кишти пиёз, ки талабот ба он нисбатан бештар аст, шурӯъ карданд.

Солҳои қаблӣ дар ноҳия кишти пиёзи барвақтӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамагӣ 10-12 гектарро ташкил медод. Соли 2013 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 814 гектар пиёз парвариш ёфта, аз ҳар як гектар то 300 сентнерӣ ҳосил ба даст омада буд. Чун мардуми кишоварз фоида диданд, имсол кишти ин зироатро боз ҳам бештар намуданд. Ҳамин аст, ки имсол майдони умумии кишти пиёз ба 1181 гектар расонида шудааст. Яъне, нисбати порсола якбора 367 гектар майдони кишт зиёд гардид. Агар соли гузашта пиёзпарварони қумсангирӣ дар маҷмӯъ 24420 тонна ҳосил гирифта бошанд, имсол аллакай ҷамъоварии умумии онро ба 47290 тонна расонидаанд.

Ҳосилнокии ҳар як гектар имсол ба 400 сентнерӣ расидааст.

Баробари таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ деҳқонон ба содироти маҳсули дастранҷи худ ба хориҷи кишвар низ муваффақ гардиданд. Тавре ба мо аз Идораи кишоварзии ноҳия иттилоъ доданд, деҳқонон беш аз 13 ҳазору 550 тонна маҳсули дастранҷи худро ба хориҷи мамлакат — Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон содирот намудаанд.

Кишоварзон бо мақсади барвақттар ба бозор баровардани дастранҷи худ тухмии пешпазаки навъи «Алдава»-ро бештар истифода намудаанд. Тибқи иттилои сардори Идораи кишоварзии ноҳияи Қумсангир Нуралӣ Валиев, деҳқонон барои парвариши пиёз дар ҳар як гектар то 20 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ намуда, то 40 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст овардаанд.

Имрӯзҳо майдонҳои пиёззор аз ҳосил холӣ шуда истодааст. Кишоварзон дар майдонҳои холишуда кишти такрорӣ мегузаронанд. Дар ноҳияи Қумсангир то имрӯз дар майдони қариб 2500 гектар кишти такрорӣ гузарониданд. Баробари дигар зироатҳо дар як қисм кишти пахта низ гузаронида шудааст.

Зикри як нукта дар поёни мақола зарур аст, ки чун ҳосили пиёзи киштаи деҳқонон имрӯз ба дасти тоҷирон гузаштааст,  болоравии нархи онро дар бозорҳо мушоҳида намуда истодаем. Мутаассифона, деҳқон барои то дер нигоҳ доштани маҳсули дастранҷи худ имконият надорад. Маҷбур аст, ки дастранҷи худро бо нархи арзонтар ҳам бошад, фурӯшаду маблағи бадастовардаашро барои кишту парвариши дигар зироатҳо масраф намояд. Вобаста ба ин, зикр бояд кард, ки дар рӯзҳои фаровонии маҳсулот дар бозору дӯкону мағозаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атрофи он нархи як килограмм пиёз ҳатто аз 1 сомонӣ ҳам пасттар фаромада буд. Ҳоло бошад, дар бозорҳои маркази вилоят 1 килограмм пиёз 1 сомонию 50 дирам ва ҳатто бештар аз он арзиш дорад. Бо вуҷуди ин мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар муқоиса бо дигар маҳсулоти кишоварзӣ нархи пиёз дар бозору мағоза ва дӯконҳо арзонтар аст. Ин аз заҳмати пиёзпарварони ноҳияи Қумсангир ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон гувоҳӣ медиҳад.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»