Рӯзи қабули сайёр дар Фархор

№103 (3088) 16.08.2013

Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал дар доираи нақшаи рӯзи қабули сайёри шаҳрвандон ба деҳоти «Дарқад» -и ноҳияи Фархор омада, дар саҳни идораи деҳот дар ҳузури сарварони ҳамаи ташкилоту муассисаҳои вилоятиву минтақавӣ, як зумра шаҳрвандони корафтодаро ба ҳузур пазируфт.Шаҳрвандон дар хусуси ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди корхонаву манзил, тақсимоти нодурусти замин аз рӯйи саҳм, таъмири роҳу мактаб ва як қатор мушкилоти рӯзмарраи зиндагӣ арз намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,  «Садои мардум»