Робитаҳо мустаҳкам мегарданд

№6 (3307) 12.01.2015

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон соли  2014 барои мустаҳкам намудани равобити хориҷӣ бо мамлакатҳои дуру наздик бо мақсади пешрафти истеҳсолот ва беҳтар намудани дараҷаи зисту зиндагии мардум кори назаррас ба анҷом расонидааст.  Дар ин давра  гардиши савдои хориҷӣ беш аз 272,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.  Айни ҳол вилояти Хатлон бо 32 кишвар, аз ҷумла бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дорад.

Давоми соли сипаришуда бо вилояти Иваново ва Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсия  Россия  созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.  Намояндагони вилоят  бошанд, дар чорабиниҳои гуногуни вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус ва вилояти Екатеринбурги Федератсияи Россия иштирок намуданд. Комиссияи муштараки ҳамкорӣ байни вилояти Хатлон, вилоятҳои Тахор ва  Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ таъсис ёфтаанд, ки ба вусъати ҳамкорӣ ва  мустаҳкам шудани равобити дӯстии байниҳамдигарӣ мусоидат намуданд.

Дар назар аст, ки соли 2015 ва солҳои минбаъда ҳамкорӣ ва равобити хориҷии вилояти Хатлон бо мақсади рушди истеҳсолот, бунёди корхонаҳои ҳозиразамони истеҳсолӣ бо иштироки соҳибкорони хориҷӣ боз ҳам беҳтару хубтар мегардад.

Давлати СУЛТОН, «Садои мардум»