23 феврал - Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафи ихтиёриён меафзояд

№18 (3164) 21.02.2014

Солҳои қаблӣ, бахусус соли гузашта дар масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз мушкилоти ҷиддӣ ба назар мерасид. Соли гузашта дар давраи даъват ба хизмати ҳарбӣ фиристодани як зумра хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ боиси сару садоҳои ҷиддӣ дар матбуот ва ҳатто баҳсҳои судӣ гардид.

Роҳбари нави ноҳия, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Абдуалим Исмоилов ин камбудиҳоро ба назар гирифта, ҷиддан аз пайи ислоҳи онҳо шуд. Дар яке аз ҷамъомадҳои назди иҷрокунандаи раиси ноҳия ин масъала мавриди таҳлилу гуфтугӯйи ҷиддӣ қарор гирифт. Пешниҳод ба миён омад, ки барои ҳалли ин мушкилот бояд сафи ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонон зиёд карда шавад. Нахустин иқдом дар ин ҷода пеш гирифта шуд ва боиси дастгирии ҳамагон, бахусус ҷавонони синни даъватӣ гардид. Яъне, тибқи шартномае, ки бо Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба имзо расид, бояд як гурӯҳ ҷавонон барои омӯзиши касби ронандагӣ тариқи ин ҷамъият ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Маблағгузории таҳсили ин гурӯҳи ҷавононро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба уҳда гирифтааст. Баъди воқиф гардидан аз ин иқдоми наҷиб 50 нафар ҷавонони ноҳия қарор доданд, ки ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан раванд. Ҳоло ҷавонони мазкур дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ин касби заруриро аз худ намуда истодаанд.

Тавре зимни суҳбат яке аз ин ҷавонон бо номи Шокирҷон иброз дошт, вақте ман воқиф гардидам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин иқдоми накӯ даст задааст, яке аз аввалинҳо шуда, худамро дар сафи ихтиёриёни ҳифзи Ватан номнавис кардам. Умедворам, ки баъди гирифтани ихтисоси зарурии ронандагӣ, хизмати ман дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бе мушкилот паси сар мешавад. Зеро ман медонам, ки соҳиби ихтисоси зарурӣ шуданам агар ҳангоми хизмат мададрасонам бошад, баъди бозгашт аз хизмати ҳарбӣ ин ихтисос  метавонад боиси дарёфти ризқу рӯзиям гардад.

Бо мақсади омода намудани ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ноҳия амалӣ намудани корҳои тарбиявии ҳарбию ватандӯстӣ низ ба сомон расонида мешавад. Яке аз чунин иқдомҳо ташкил намудани вохӯрию мулоқотҳои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо сарбозони қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди ноҳия ҷойгиршуда мебошад. Ин кор тариқи шуъбаи маориф ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монда шудааст. Дар ҳудуди ноҳия ду қисми ҳарбӣ мавҷуд аст. Мактабиёне, ки дарси омодагии дифои ҳарбӣ меомӯзанд, бо роҳбарии омӯзгорон бо навбат ба ин қисмҳои ҳарбӣ рафта, бо хизмати сарбозони Ватан аз наздик ошно мешаванд.  Малакаи ҳарбию касбии онҳоро хубтар меомӯзанд. Ин бори дигар онҳоро дилпур месозад, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ чандон мушкилие надорад, ба шарте ки ҷавонони синни даъватӣ қаблан ба он омода бошанд.

Иқдоми дигаре, ки вақтҳои охир дар ноҳия роҳандозӣ шудааст, ин ташкил намудани вохӯрию мулоқоти мактабиён бо нафаронест, ки хизмати Ватанро содиқона ба анҷом расонидаанд. Ин тарзи ташкили кор низ бисёре аз ҷавонони мактабхонро барои ҳимояи марзу буми муқаддаси Ватан ҳавасманд намудааст.

Баъди шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи имрӯзаи кор мо боварӣ ҳосил намудем, ки чораю тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имкон мебахшад, ки дар давраи навбатии даъват ба хизмати ҳарбӣ сафи ихтиёриён рӯ ба афзоиш хоҳад овард.

Д.СУЛТОНОВ, «Садои мардум»