Семинари ҷумҳуриявии ҷавонон

№70 (3371) 21.05.2015

Тӯли ду рӯз дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери шиори «Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои ифротгароӣ» семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози семинар иштирокчиёни 500 — нафараи он аз Муҷтамаи давлатии осорхонаи Кӯлоб, мақбараи файласуфи Машриқзамин  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, боғи марказии фарҳангу фароғатии шаҳр ва дигар ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳру атрофи он боздид намуданд.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ иштирокчиёни семинари умумиҷумҳуриявиро хайра мақдам гуфта, баргузории онро хеле пураҳамият арзёбӣ  намуд. Сипас, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар мавзӯи «Сабабу омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки семинари имрӯза дар ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба давлату Ватан ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳои ҷавонону донишҷӯён бо мақомоти корҳои дохилӣ аҳамияти хоса дорад. Раҳимзода Рамазон Ҳамро зикр намуд, ки ба гурӯҳҳои тундраву иртиҷоӣ бештар ҷавонони дар муҳоҷират қарордоштаи ноогоҳу хештанношинос, ки дониши мукаммали динию дунявӣ надоранд, аз ҷониби зархаридони хориҷӣ ҷалб карда мешаванд. Имрӯз вобаста ба маълумотҳои фаврӣ шумораи дар муноқишаҳои Ироқу Сурия иштирокдоштаи ин гуна ҷавонон зиёда аз 350 нафарро ташкил мекунад.

Раиси  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам  вобаста ба мавзӯи «Нақши ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чун омили пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо» сухан ронда, арз намуд, ки бо қабули як  зумра барномаҳо дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба соҳаҳои гуногун, вазъи таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар беҳ гардид. Мутаассифона,- зикр намуд мавсуф,- на ҳама ҷавонон аз ин имконияту шароити муносиб самаранок истифода мебаранд. Аз ҷумла шомил шудани баъзеи онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз ҷумлаи падидаҳои номатлуб аст. Дар ҷараёни кори семинар ҷавонону донишҷӯёни зиёде, аз  қабили Сайҳомид Шарифов — донишҷӯи соли панҷуми факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Солим Шамиров — мудири бахши ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Ситора Шабикова — донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи донишгоҳи мазкур дар мавзӯи «Ифротгароӣ аз нигоҳи дини Ислом», Раҳим Каримов — устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар боби «Тафсири ифротгароӣ дар эҷодиёти бузургони форсу тоҷик аз нигоҳи фарҳанги миллӣ ва эътиқоди динӣ»  ва Додарбек Сайдалиев — ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар хусуси «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ» андешаронӣ намуда, ҷавононро ба худшиносӣ, дӯст доштани Ватану  поси арзишҳои миллӣ даъват намуданд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,   «Садои мардум»