Ту некӣ куну дар Даҷла андоз

Сулолаи бунёдкорон

№111 (3257) 25.09.2014

Файзулло НуралиевАгар роҳи шумо аз деҳаи Нурободи ноҳияи Муъминобод гузарад, ободкориву созандагии деҳаро бо чашми хеш хоҳед дид. Вале агар сухан аз мардони кордидаву бунёдгар равад,  сокинони деҳа, пеш аз ҳама, Нуралии Шариф, писараш Файзулло Нуралиев ва  наберагонаш Назруллову Нуруллоро  ном мегиранд. Ин авлоди баору  номусро чун авлоди созандаву дасткушод дар ноҳия ҳама  мешиносанд.

Бобои Нуралӣ марди маърифатпарвар ва  мушкилкушои аҳли деҳа буд. Солҳои ҳаёташ дар деҳа мактабу осиёби обӣ сохт, чоҳи обӣ канда, деҳаро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намуд. Дар ғаму шодмонии сокинони деҳаи  Нуробод шарик буд. Мардум пеш аз оғози кори нав, бахусус сохтмону бунёдкорӣ, аз бобои Нуралӣ дуо мегирифтанд.

Файзулло он айём ҷавон буд ва ҳамеша падарро дар ҳар кор ҳамроҳӣ мекард. Мулоқоти падарро бо сокинони деҳа, меҳмонон ва намояндагони ҳукумати ноҳия дида, ҳасад мебурд.

-Кош, мисли падар соҳиби муомилаи хуш ва обрӯ шавам,- аз дил мегузаронд ӯ.

Баъди сари падараш сокинони деҳа Файзулло Нуралиевро раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Нуробод  интихоб карданд. Файзулло мақсад дошт, ки корҳои шоёни қиблагоҳашро идома диҳад. Нахуст коре, ки ӯ анҷом дод, ин сохтмони роҳҳои байни деҳаҳои Нурободу Боғгаӣ мебошад. Вақте ки таъмиру азнавсозии шоҳроҳи Кӯлоб- Муъминобод оғоз ёфт, Файзулло  Нуралиев чун раиси кумитаи маҳалла бо роҳсозон ҳамкориро оғоз намуд. Роҳсозон дар баробари шоҳроҳ инчунин сохтмони  роҳҳои эҳтиётиро низ ба нақша гирифта буданд. Бо пешниҳоди Файзулло роҳҳои эҳтиётии байни деҳаҳои Нуробод ва Боғгаӣ сохта шуд. Дар натиҷа, сокинони деҳа ҳам соҳиби роҳи сангфарш ва ҳам мумфарш гардиданд. Сокинони деҳаро ҳамеша набудани оби тозаи нӯшиданӣ азоб медод. Аз ин хусус ба раиси кумитаи маҳалла Файзулло Нуралиев борҳо муроҷиат намуда буданд. Албатта, гузаронидани оби нӯшокӣ хеле заҳматталаб буд, аммо ин марди созанда аз ҳеҷ чиз намеҳаросид.

Бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ва мутахассисон системаи оби нӯшокиву  ирригатсиониро таҳия намуд. Корҳои бунёду гузаронидани қубурҳои ҳаҷмашон 300, 250, 150 — диаметра ва дигар лавозимот се солро дар бар гирифт. Тамоми таҷҳизотро дар хонааш нигоҳ дошта, эҳтиёткорона  истифода мебурд. Махсусан дарёфт намудани қубурҳои калони обгузар мушкил буд, аммо бо такудави зиёд ин мушкил ҳам ҳал шуд. Аз ҳисоби шахсиаш гирду атрофи  чашмаи деҳаи Фирӯзобаро таъмир карда, дар наздаш  обанбори хурдакак сохт ва обро тариқи қубурҳо (зиёда аз сад нуқта) ба сокинони деҳаҳои Фирӯзоба ва Нуробод расонид. Ҳатто мусофирони шоҳроҳи Кӯлоб- Муъминобод низ аз оби тозаи ошомиданӣ баҳравар шуданд. Мардум солҳои зиёд аз ин системаи обрасонӣ ройгон истифода мебурданд.

Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта мардум ба эҳёи суннат ва ҳунарҳои аҷдодӣ рӯ овард. Файзулло Нуралиев зарурати осиёбҳои бобоиро эҳсос карда, аз ҳисоби хеш ва наздиконаш ду осиёби обӣ, як осиёби барқӣ ва як корхонаи хурди равғанбарорӣ сохт. Кӣ медонист, ки баъди чанд сол деҳаи Нурободи ноҳияи Муъминобод бо осиёбу ҷувозҳояш дар  минтақаи Кӯлоб машҳур мешавад. Солҳои 1992- 1997 мардуми ноҳияҳои гирду атроф ва шаҳри Кӯлоб барои орд кардани гандуму ҷав, қоқи себ ва ғайраҳо ба деҳаи Нурободи ноҳияи Муъминобод меомаданд.

Бо дастгирии сокинони деҳа аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи Қуруғкӯл, Саросиёб ва заминҳои хоҷагии Ғулом Бобоёров деҳаи Нуробод  150 гектар васеъ гашт. Маҳз бо кӯшиши ин марди созандаву бунёдкор деҳаи Нуробод симои хешро сол то сол ободу зеботар мегардонид.

Раиси кумитаи маҳалла Файзулло Нуралиев ният дошт, ки мактаби деҳаро ба тарзи замонавӣ аз нав созад. Бо ин мақсад пасандоз ҳам карда буд. Аммо умр вафо накард. Соли 1997 ӯ аз олам гузашт.

Фарзандонаш Назрулло ва Нурулло баъдҳо ин орзуи падарро амалӣ намуданд. Ин сулолаи бунёдкор дар  баробари сохтмони мактаби замонавӣ, роҳҳо, масҷид ва нуқтаҳои оби нӯшокӣ боз ба ниҳолшинонӣ, ободонии оромгоҳҳо низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Воқеан, Назрулло ва Нурулло Нуралиевҳо, вақте ки бо дастгирии раиси ноҳия ҳуҷҷатҳои заруриро омода карда, сохтмони мактабро оғоз намуданд, ҳамарӯза коргаронро бо  хӯроки гарм таъмин мекарданд. Назрулло Нуралиев шахсан аз ҳисоби худаш ду сар чорворо парвариш карда, ба ошхонаи коргарон бахшид. Бародарон ҳатто трактори шахсиашонро ба ихтиёри коргарон гузошта буданд. Ҳиссаи онҳо дар ободу зебо гардонидани дохилу беруни мактаб низ зиёд аст.

Дар соли нави хониш бародарон Нуралиевҳо ба мактаб ду компютери замонавӣ  тақдим карданд. Бо чунин иқдомҳои нек фарзандон ҳам рӯҳи падарро шод  гардониданду ҳам сазовори эҳтироми ҳамдеҳагон гаштанд.

Бале, акнун иқдоми шоистаи падарро фарзандаш Назрулло идома мебахшад. Касби асосии ӯ духтурист, вале масъулияти раисии кумитаи маҳаллаи Нуробод низ бар дӯши ӯст.

Чанде пеш дар деҳа ҷамъомад доир гардид. Сокинони деҳа якдилона таклиф намуданд, ки мактаби деҳаро ба номи марди накуном Файзулло Нуралиев гузоранд. Ин таклиф аз ҷониби Ҷамоати деҳоти «Боғгаӣ» ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод дастгирӣ ёфт.

Ҳамин тариқ, аз 4 феврали соли 2008 мактаби таҳсилоти умумии асосии рақами 26 номи Файзулло Нуралиевро гирифт.

Номи ин фарзанди бошараф ва созанда на танҳо дар лавҳи девори мактаб, балки дар қалбҳои ҳамдеҳагонаш абадан нақш бастааст.

Т. НАЗРУЛЛОЕВ, Аълочии  матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон