Туҳфаҳои идона ба собиқадорон

№42-46 (3343-3347) 27.03.2015

Мутобиқ ба дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумак ба шахсони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон, собиқадорони ҷангу меҳнат дар арафаи Наврӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ин қишри аҳолӣ кумакҳои гуногун расонида шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло дар рӯзҳои ид ба хонадони якчанд нафар афроди хизматнишондода, собиқадорони ҷангу меҳнат рафта, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуд. Раиси шаҳр ҳамчунин дар тӯйи домодиву арӯсии панҷ  ҷуфти ҷавон ва хатнасури 50 нафар тифлакон аз хонаводаи камбизоат, ки аз ҷониби як нафар соҳибкори маҳаллӣ барпо карда шуд, ширкат варзида, онҳоро бо фарорасии Наврӯз ва тӯяшон табрик гуфт.

Темуршоҳи Файзалӣ, «Садои мардум»