Зиндагӣ ва фаъолияташ ибратомӯз аст

№32-33 (3333-3334) 07.03.2015

Деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ вобаста ба  мавқеи ҷуғрофии хеш, барои аксар сокинони дохилу беруни кишвар хуб ошност, зеро  аз ҳудуди деҳаҳои бузурги он дар масофаи тақрибан 20-25 километр шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Қулма мегузарад. Сониян, пойтахти Хатлони куҳан-шаҳри Ҳулбук мансуби ҳамин деҳот аст. Имрӯз деҳоти мазкур бо доштани ду нафар зани соҳиби унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ- Гавҳарбӣ Пиракова ва Бозоргул Алиаҳмадова  маъруфияти хоса дорад. Рӯзномаи «Садои мардум» ду сол қабл дар ибтидои фасли зебои баҳор оид ба зиндагиномаи апаи Гавҳарбӣ навишта буд ва ин навбат қарор додем, ки дар Рӯзи Модар таври мухтасар зиндагии Бозоргул Алиаҳмадоваро бозгӯйӣ намоем.

Ӯро дар манзили нави худ рӯи бистар дида,  аз ҳолу аҳволаш пурсон шудем.

-Додар, пирӣ сад дарду иллат доштааст. Мӯйсафед низ аз  ҳамин иллат ранҷ мекашад.Нигаҳбонии ду солхӯрдаи бемор ба як кас мушкил гуфта, ман назди духтарам омадаму мӯйсафед дар назди писарам Худойдод монданд.Шукр, ки ҳамсояҳову аҳли деҳа, роҳбарони ҷамоату ноҳия тез-тез аз ҳоламон бохабар мешаванд. Раиси ноҳия Мӯсо Ғаффурзода баъди ду рӯзи ба вазифа таъин шуданаш ба дидорбиниам омад. Раисро дуои нек додам. Имрӯз мардум корҳои ӯро  бисёр таъриф мекунанд.

Вақте аз нияти дидорбинии хеш сухан кушодам, дидам, ки якбора авзои  ҳамсуҳбатам ботамом тағйир ёфту дарҳол сар аз болин бардошта, сӯи наберааш хитоб намуд. Бистари хоби маро  ҷамъ намою зуд аз  пайи кушодани дастархон шав!

Аз ин лаҳзаи ғайриинтизор бори дигар муътақид шудам, ки барои баъзе беморони бистарӣ аз доруву дармони табиб дида, таъсири сухан болотару давобахштар будааст. Апаи Бозоргул бо неруи тозаву садои қавӣ сухани хешро идома дода, гуфт: -Бобои Миралӣ ҳамеша таъкид мекарданд, ки дар кадом ҳолате бошад, мо эҳтироми хабарнигоронро ба ҷой биёрем, зеро ин марди шинохта дар машҳуру овозадор гаштани собиқ колхози ба номи Ленин ва сазовори унвони Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ гаштани ҳафт нафар аъзои онро самараи  чунин ҳамкориҳо медонистанд.

- Имсол домани умрам ба ҳафтоду нуҳ расид.15-уми июни соли 1936 дар деҳаи Ароби ноҳияи Муъминобод таваллуд шуда, соли 1950 ба деҳаи «Правда»-и собиқ колхози ба номи Сталини ноҳияи Восеъ муҳоҷир шудем. Аз 14- солагӣ рӯ ба пахтакорӣ овардам. Соли 1957 сардори бригада интихобам карданд. Ҳафтуми марти соли 1960, яъне дар арафаи Иди занон ба гирифтани  маъруфтарин мукофоти замон-Ордени Ленин мушарраф шудам. Натиҷаи заҳматҳои минбаъдаам соли 1965 бо медали «Барои меҳнати шуҷоъ», соли 1971 бо ордени «Револютсияи Октябр», соли 1973 бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва ниҳоят 20-уми феврали соли 1978 ба унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ қадр шуд. Соли 1989 бо сабаби беморӣ ба нафақа  баромадам. Ҳоло дар ҳудуди панҷ гектар замин соҳиби хоҷагии деҳқонӣ ҳастам. Ду духтар ва як писар дорам,- арз  дошт ҳамсуҳбатам.

Баромади Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карда, лаҳзаи  кори комиссияи ташхисии тиббӣ, ки бо иллати беморӣ    барои ба нафақа баромадан тавсияам дода буд, ба хотирам расид. Он вақт сарвари комиссияи мазкур ҳуҷҷатҳои бемориамро чапаву роста карда, сипас, дурудароз ба ҷисми лоғарам назар дӯхта, бо воҳимаю муҳобот гуфт, ки апа, пахтакорӣ тамоми гӯшту устухони туро об кардааст-ку! Рафта андаке дам гиред! Ҳамин тариқ, бо 120 сомонӣ гирандаи нафақаи беморӣ шудам  ва имрӯз бошад, он 420 сомониро ташкил мекунад. Ба ҳаминаш низ шукр мекунам, аммо дар тааҷҷубам, ки он нафароне, ки ному насабашон дар баромади Сарвари давлат  зикр гардид, бо кадом хизматҳои шоистаашон  соҳиби нафақаҳои аз 3 то 9 ҳазор сомонӣ  шудаанд? Ҳамин фиребу фасод ҳам мисли  заҳрпечаку алафҳои бегона ва муру ҳашароти зараррасони майдонҳои кишоварзист, ки ҳамеша ба мо-деҳқонон монеаву мушкилот меофарид. Мо-деҳқонон дар оқибати кор такя ба илму таҷрибаи хеш карда, роҳи халосиро аз он заҳрпечакҳо пайдо намудем. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нияти нек ва азми қавӣ дорад, бо кумаку дастгирии мардуми шарифи кишвар, албатта, ҷомеаро аз ин фасодкорон тоза мекунад.

Зимни суҳбат ба оҳанги суханронӣ ва хулосаҳои ин зани куҳансоли  пастию баландии зиндагиро дида таваҷҷуҳ карда, ифтихор намудам. Мустаҷоб шудани дуою таманниётҳои неки ҳамин қабил модарон аст, ки мо зиндагии шоиста дорем.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ«Садои мардум»