Ғалабаи пахтакорони ноҳияи Ашт

№140-141 (3125-3126) 04.11.2013

Пахтакорони ноҳияи Ашт 8 ҳазору 764 тонна пахта ҷамъоварӣ карда, нақшаи солонаро пурра иҷро намуданд. Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилоят, пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ то ин дам 24 ҳазору 538 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин беш аз 98 фоизи нақшаро ташкил мекунад.

Зикр бояд кард, ки дурнамои солона дар вилоят ба 112 ҳазору 563 тонна баробар буда, то имрӯз пахтакорон 101 ҳазору 403 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуданд.

Мухтори Абдулло, «Садои мардум»