Ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ дар вилояти Суғд

№138-139 (3123-3124) 01.11.2013

Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» -и  маркази вилояти Суғд даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят дар мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҷамъбаст гардид.

Тибқи қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоят дар давраи дуюми мусобиқаи меҳнатии байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят ноҳияи Зафаробод ҷойи аввал, ноҳияи Ашт ҷойи дуюмро ишғол карданд. Дар байни хоҷагиҳои пахтакори вилоят бошад, Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Хоҷабоқирғон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиби мусобиқаи меҳнатӣ гардид.

Бояд зикр кард, ки дар бистрӯзаи дуюм заркорони ноҳияи Зафаробод 9594 тонна ё баробари 47,03 фоизи дурнамои солона, кишоварзони ноҳияи Ашт бошанд, 3824 тонна ё баробари 43,64 фоизи дурнамои солона пахта ҷамъоварӣ намуданд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ғолибон «Вимпели сайёр» ва мутаносибан дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим намуд. Ҳамзамон Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Хоҷабоқирғон»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар ин давра 532 тонна пахта ҷамъоварӣ намудааст, бо «Вимпели сайёр» ва 5 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.

Барои иштироки фаъолона дар ҷалби бештари ҳашарчиён ва маҳсулнокии меҳнати ҳар нафари онҳо дар ҷамъоварии пахта, шаҳри Хуҷанд дар мусобиқоти байни шаҳру ноҳияҳои ғайрипахтакор ғолиб дониста, бо панҷ ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд. Ба ифтихори ғолибон дар майдон «Парчами шараф» барафрохта шуд.

 Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»