Пахта – 2013

Ҷамъоварии пахта авҷ мегирад

№126 (3111) 08.10.2013

Пахтакорони ноҳияи Ашт азм кардаанд, ки имсол хирмани 8700 тоннагии «тиллои сафед» — ро барпо намоянд. Хоҷагии деҳқонии «Пискокат» ҳанӯз дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро дар вилояти Суғд нахустин шуда, иҷро карда, аз 35 гектар майдони пахта ба ҷойи 49 тонна 52 тонна «тиллои сафед» ҷамъ оварда, нақшаро 107,1 фоиз иҷро карда буд. Пахтакорони хоҷагӣ имрӯз ин нишондиҳандаро ба зиёда аз 60 тонна расонида, ният кардаанд, ки то охири мавсим боз 40 тоннаи дигар ҳосил ба даст оранд. Деҳқонони хоҷагии деҳқонии «Фахриддин» бошанд, аз майдони 21 гектар 15,5 сентнерӣ дурри гаронбаҳо бардошта, хирмани 30 тоннагии «тиллои сафед»-ро барпо карданд.

- Ин нишондиҳанда аз нақша зиёд аст. Гузашта аз ин, аъзои ин хоҷагӣ тасмим гирифтаанд, ки маҳсули ранҷу заҳматашонро то пағаи охирин ҷамъоварӣ намуда, боз камаш 40 тоннаи дигар ҳосил ба даст оранд,- мегӯяд сардори Идораи кишоварзии ноҳия Рафтор Муҳаммадиев. Бино ба гуфтаи мавсуф, дар майдонҳои хоҷагии мазкур ҳоло пахта зиёд аст. Аз ин рӯ, пахтакорони хоҷагӣ, агар азм кунанд, иҷрои нақшаро 2,5 баробар зиёд таъмин хоҳанд кард.

Умуман, дар ноҳияи Ашт то ба имрӯз хоҷагиҳои пахтакор дар якҷоягӣ 5840 тонна «тиллои сафед» ба даст овардаанд, ки ин баробари 66,64фоизи нақшаи солона мебошад.

- Сабаби ин ҳол дар паст омадани обу ҳавои имсола ва боронҳои пай дар пайи аввали баҳор аст, ки кишти пунбадонаро камтар ба қафо партофт. Лекин ситоди фаврие, ки чанд рӯз қабл оид ба ҷамъоварии пахта дар ноҳия баргузор шуд, суръати чиниши ҳосилро дучанд гардонид. Пахтакорони ноҳия азми қавӣ доранд, ки имсол ҳам дурнамои пахтасупориро барзиёд иҷро намоянд,- мегӯяд Р. Муҳаммадиев.

 Н. Ҳусейн«Садои мардум»