Миннатдорӣ

Амалҳои хайри як тоҷир

№138-139 (3123-3124) 01.11.2013

Дар ҳаёт инсонҳое ҳастанд, ки ҳамеша ба кори неку хайрхоҳӣ даст мезананд. Яке сари ятимонро сила карда, ба камбизоатону маъюбон ва пиронсолон ёрии моддии худро мерасонад, дигаре барои ободии ҷомеа ҳиссагузорӣ мекунад, иншооти замонавӣ, мағозаю мактаб, иншооти варзишӣ ва масҷидҳо сохта, ба истифодаи мардум медиҳад.

Соҳибкор Ҳоҷӣ Алишери Истаравшанӣ аз ҷумлаи чунин шахсони ҳимматбаланду хайрхоҳ аст. Ин ҷавонмарди саховатманд ҳамеша барои ободу зебо кардани як гӯшаи диёр талошу заҳмат мекашад.

-Ободию пешравии ҷомеаро ман қабл аз ҳама дар тинҷию осоиштагӣ ва саломатии мардум мебинам, -мегӯяд ӯ. — Бинобар ин, ба бунёди осоишгоҳи табобатии «АВИС СИТО» миён бастам. Рости гап, дар аввали кор мушкилӣ ва ноумедиҳо пайдо мешуд, аммо бо маслиҳати дӯстону пирамардони солхӯрдаю ҳаётдида ҳамааш паси сар гардид.

Мувофиқи нақли Ҳоҷӣ Алишер, овозаи дармонгоҳ дар муддати кӯтоҳ на фақат дар деҳаҳои гирду атрофи шаҳри Истаравшан, ҳатто дар миқёси ҷумҳуриамон низ паҳн гардид.

Аз моҳи ноябри соли 2011 то январи соли 2012- муддати ду моҳ, ҳама хизматрасонии осоишгоҳ ройгон буд. Банда аз ин иқдоми неки ҷавони хайрхоҳ огоҳ гардида, дар моҳи Рамазон ба қабулгоҳи осоишгоҳи табобатии «АВИС СИТО» занг задам. Мувофиқи ваъда, ман рӯзи 25-уми июл дар вақти муқарраршуда ба қабулгоҳи дармонгоҳ ҳозир шудам. Ходимони қабулгоҳ баъди шиносоию ҳолпурсӣ маро ба ҳуҷраи кории сардухтур бурданд. Сардухтур пас аз  ташхис дафтарчаи мулоҷиавиро ба дастам дод ва фармуд, ки муолиҷаро баъди тамом шудани хӯроки нисфирӯзӣ оғоз кунам.

Банда, ки замони шуравӣ дар санаторияҳои Қафқоз, Кисловодск, Железноводск, Есентуки, Далинск, Қабардинубалқар истироҳат карда будам, муътақид гардидам, ки осоишгоҳи табобатии «АВИС СИТО» аз санаторияҳои номбурда фарқ надорад.

Осоишгоҳ дар як вақт 100 нафар мизоҷро қабул карда, касалиҳои занона ва мардонаро муолиҷа мекунад.

Табибони осоишгоҳ Камол Кулиев, Ҳомидҷон Қосимов, Ғиёс Ваҳҳобов, Худоназар Отабеков, Зафар Неъматов, Абдураҳмонов, ҳамшираҳои шафқат Шоира Собитова, Таҳмина Сабурова, Зулайхои Давлат, Заррина Азимова, Зебо Маҳкамова, Умеда Абдуллоева, Дилрабо Назарова, Саврӣ Сабарова ба истироҳаткунандагон аз сидқи дил хизмат карда, бо хушмуомилагӣ ном баровардаанд.

Аз 25-уми июл то 6-уми август табобат гирифта, саломатиямро пурра барқарор намудам.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар қитъаи 2,05 гектар замини истироҳатгоҳ боғе мавҷуд аст, ки он себу зардолу, биҳию нок, шафтолую ангур, ҷамъ бист намуд мева дорад ва ҳосили он дар ошхонаи осоишгоҳ истифода мешавад. Радиои маҳаллии шаҳри Истаравшан, ки аз ҳисоби дармонгоҳ фаъолият мекунад, доим бо суруду мусиқиҳои рангоранги пурмазмун хотири истироҳаткунандагонро болида мегардонад. Дар рӯзҳои истироҳат истироҳаткунандагонро маъмурияти осоишгоҳ ба шаҳри Хуҷанд, Қасри Арбоб, осорхонаи вилоятӣ, боғи Камоли Хуҷандӣ ва соҳили дарёи Сир ба тамошо мебарад.

Директори осоишгоҳ Зоҳир Охунов кӯшиш дорад, ки сатҳи хизматрасониро боз ҳам беҳтар гардонад. Ман ҳамчун истироҳаткунанда ва табобатгиранда, ба мутасаддиёни осоишгоҳи номбурда изҳори миннатдорӣ менамоям.

Файзулло Қодиров, нафақахӯр