Пахта-2013

Ҳашарчиён дар паҳлуи марди деҳқон

№135 (3120) 24.10.2013

Дар деҳоти ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Зафаробод қарор доштему аз раиси ҷамоат Қувватшоҳ Ортиқов ҳолу аҳволи ҳашарчиёнро пурсон шудем. 

-Дар ҳудуди деҳоти мо аз 20 сентябр инҷониб зиёда аз 250 нафар ҳашарчиён аз ноҳияи Ғончӣ пахта мечинанд, -гуфт ӯ. — Онҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии «Намуна», «Баракати замин», «Фарҳодҷон», «Холиқназар» ва «Суғдагро» бо заркорон паҳлу ба паҳлу дар бунёди хирмани бобаракати 20 ҳазору 400 тоннагии ноҳия саҳми муносиб зам менамоянд.

Мо якҷо ба дидорбинии ёрдамчиён рафтем. Қувватбек роҳ ба роҳ ба мо дар бораи вазъи чиниши пахта ва мушкилиҳои имсола нақл мекард. Маълум шуд, ки бо сабаби сардтар омадани аввали баҳори имсола дар аксар мавзеъҳои ин қаламрав чигит дертар неш зада, чиниши пахтаро назар ба ҳарсола андак ақиб партофтааст. Бинобар ин, заркорони ноҳияи Зафаробод то санаи 6 октябр ба миқдори 8 ҳазору 453 тонна дурри гаронбаҳо чида, дурнаморо ба 41,4 фоиз расонидаанд.

-Дар минтақаи мо моҳи октябр моҳи асосии «ғалберро аз об бардоштан» маҳсуб мешавад,-гуфт Қувватшоҳ Ортиқов. — Аз ин рӯ, чиниши пахта акнун афзоиш ёфта истодааст.

Бино ба маълумоти оморӣ, дар ноҳияи Зафаробод зиёда аз 2500 хоҷагиҳои хурду калони кишоварзӣ фаъолият мекунанд. Ҳосили ҷамъи чиниши ҳаррӯзаи пахта дар ин ҷо 500-520 тоннаро ташкил менамояд.

Дар байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар масъалаи ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» ҷамоати шаҳраки Зафаробод дар ҷойи аввал қарор дорад. Пахтакорони ин қаламрав то 6 октябр ба миқдори 2676 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъ оварда, иҷрои дурнаморо ба 57,8 фоиз расониданд. Дар ҷойи дуюм пахтакорони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ва дар ҷойи сеюм Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳамид Алиев қарор дошта, онҳо дурнаморо мутаносибан 43,5-43 фоиз иҷро кардаанд.

Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ бошад, то 6 октябр 627 тонна пахта ҷамъоварӣ намудааст, нақша бошад 2652 тонна аст.

-Чуноне гуфтам, пахтакорони мо дертар ба чиниши пахта сар карданд,-хиҷолат кашидагӣ барин гуфт Қувватшоҳ.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар майдонҳои пахтазори ин ноҳия наздик ба 2500 нафар ҳашарчиён аз шаҳру навоҳии Хуҷанду Истаравшан, Ғончию Шаҳристон ва Исфара ба кӯмаки пахтакорон омада, то имрӯз наздик ба 1650 тонна дурри гаронбаҳо ғундоштаанд, ки ин ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 58-60 тоннаро ташкил менамояд.

Ҳашарчиёни ноҳияи Ғончӣ ҳам ба хоҷагиҳои алоҳида тақсим шудаанд.

Дар хоҷагии «Суғдагро», ки дар шафати идораи ҷамоати деҳот ҷойгир шудааст, наздик ба 50 нафар кормандони муассисаҳои табобатии ноҳияи Ғончӣ дасту остин барзада, ба кӯмаки пахтакорон баромадаанд. Назар ба гуфтаи сарвари ҳашарчиёни ин ноҳия Азизҷон Ёқубов, пахтаи чидаи ин даста то имрӯз зиёда аз 20 тоннаро ташкил дода, кормандони тиб Маҳбуба Маъмурова, Гулсара Эшматова, Муҳаббат Бердиева, Дилноза Раҳимова, Зулайхо Ҳалимова, Соҷида Қурбонова, Фароғат Файзиева, Рухсора Турдиева, Севара Маҳмудова, Махсуда Қуддусова ва Муҳаббат Турсунова ҳамарӯза зиёда аз 70-80 килограммӣ пахта чида, дар сафи аввали мусобиқачиён қарор доштанд.

- Дар дастаи мо ҳашарчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи САҲШ, идораи кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ машғули ҷамъоварии ҳосил мебошанд, — гуфт мудири шуъбаи кор бо занону оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ Раҳбар Ёдгорова. Ҳар як чинакчии мо ҳар рӯз ба хирмани хоҷагии деҳқонии ба номи «Фарҳодҷон» аз 50 то 90 кило пахта мерезад. Ба ҳар килои пахта 50 дирамӣ дастмузд пардохта мешавад. Шароити кору истироҳат хуб ва завқу шавқи ҳашарчиён болост,-гуфт ӯ.

-Бо заҳмати ҳашарчиёни ноҳияи Ғончӣ мо дар ду ҳафта бештар аз нисфи дурнаморо иҷро кардем. Агар ғайрату ҳиммати пахтакорон ва ёрдамчиёнамон бо ҳамин суръат идома ёбад, дар тӯли як-ду ҳафтаи дигар  иҷрои нақшаи пахтаро иҷро хоҳем кард,-мегӯяд раиси хоҷагии деҳқонии «Фарҳодҷон» Роҳатқул Хидиров.

Ҳашарчиёни ноҳия аз роҳбарияти ноҳияи хеш низ қаноатманду миннатдоранд. Маълум шуд, ки тӯли ин муддат раиси ноҳияи Ғончӣ Зуфар Исмоилов якчанд маротиба ба дидорбинии ҳашарчиён омада, ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои молию хотиравӣ тақдим кардааст.

Дар хоҷагии деҳқонии «Холиқназар» аҳли маорифчиёни ноҳия, ки наздик ба 100 нафарро  ташкил мекарданд, машғули пахтачинӣ буданд. Бино ба гуфтаи раиси хоҷагӣ Худойназар Абдуназаров, заркорони хоҷагӣ дар майдони 6 гектар чигит кишт карда, ҳосилнокиро аллакай ба зиёда аз 20 сентнерӣ расонидаанд. Саҳми ҳашарчиён дар ин ҷода назаррас аст. Онҳо то ин дам зиёда аз 50 тонна пахта чидаданд. Чинакчиёни моҳири ин гурӯҳ Муҳаббат Шокирова, Шаҳло Умарова, Шарофат Муллобоева, Рисқинисо Ҳидоятова ва чанде аз дигарон ба туҳфаҳои пулию молии раиси ноҳияи Ғончӣ сазовор гаштаанд. Ҳамчунин чобукдастон Шаҳодат Абдуллоева, Замира Кенҷаева ва Сулҳия Муҳиддинова ҳар рӯз 80-85 килограммӣ пахта чида, дар афзоиши хирмани пахтаи ноҳияи Зафаробод саҳми арзанда мегузоранд.

Бино  ба гуфтаи сарвари ҳашарчиёни ноҳия, мудири бахши дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ  Азизҷон Ёқубов дар кори савоби ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» якчанд нафар пирони хирадманд низ канор намонда, ба қавле бо ҷавонон «сарокалла» мезананд. Аз хоҷагии деҳқонии «Додо Салом»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Муҷун Бобо Худойназар Ҳақбердиеви 70-сола  ва Қурбонбой Йӯлдошеви 65-сола дар қатори ҷавонон рӯзе 35-40 килограммӣ пахта ҷамъ оварда, аз ҷониби раҳбарияти ноҳия қадршиносӣ шудаанд.

Ҳоло дар пахтазор пахта бисёр. Ҳашарчиён ният доранд, ки то охири мавсим дар паҳлуи марди деҳқон истода, дар ҷамъоварии «тиллои сафед» ва ба ин васила таҳкими иқтисодиёти кишварамон саҳми муносиб гузоранд, -гуфт дар фарҷоми суҳбат Азизҷон Ёқубов.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»

 

P.S. Деҳқонони ноҳияи Зафаробод дар бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ дар вилояти Суғд аз ҳама бештар пахта ҷамъоварӣ намуданд.

Пахтаи то 21 октябр ҷамъоварикардаи заркорони  ноҳия 15457 тоннаро ташкил менамояд. Онҳо ба фатҳи марра торафт наздик мешаванд.