Аз фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Азми қавӣ ва нияти нек самар овард

№120 (3266) 14.10.2014

Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд,  ки баъд аз  раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин гардидани Ҳакимзода Сангинмурод Дӯстмурод  нишондиҳандаҳо дар ҳама самтҳо тамоюли пешравиро касб намуда, ба маънои томаш марҳилаи сифатан нави рушди  ноҳия шурӯъ гардидааст

Хакимзода Сангинмурод ДустмуродЗимни ирсоли Паёми имсолаи худ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат- Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минҷумла зикр намуда буд, ки   «…таърихи на чандон тӯлонии давлатдориамон собит менамояд, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолияти худро мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»  ба роҳ монда, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар  ҷиҳати беҳбудӣ бахшидани  сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ иқдомоти зиёдеро амалӣ намудааст. Самараи чунин иқдомот аст, ки дар тамоми соҳаҳо пешравиҳои назаррас  рӯйи кор омада, сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ  машғули бунёдкориву созандагианд. Суҳбате, ки бо раиси ноҳияи мазкур Ҳакимзода Сангинмурод Дӯстмурод доир намудем, ин равандро таври мухтасар  ба хонандагон бозгӯйӣ менамояд.    

- Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли 2014 ва вазифаҳо барои оянда, ки шонздаҳуми июни соли ҷорӣ баргузор гардида буд, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо зикри он ки таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба сифати иҷрои Буҷети давлатӣ вобастагии калон дорад, таъкид намуд, ки «…барои иҷрои босифати Буҷети давлатӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ва васеъ кардани манбаъҳои мавҷудаи он тадбирҳои зарурӣ андешида, доир ба кам кардани бақияпулиҳои андоз ва воридоти саривақтии маблағҳо ба Буҷети давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд». Мехостем донем, ки оё нишондиҳандаҳои фаъолият дар ин самти муҳим қаноатбахшанд?

- Бале. Беҳбудӣ ёфтани нишондиҳандаҳои фаъолият дар ҳама бахшҳо замина фароҳам овард, ки   ҷамъоварии андозҳо дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.  Барои мисол,  маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия дар ҳашт моҳи соли 2014 -ум 349 миллиону 456,4  ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 11 млн. 721,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра нақшаи андозу даромадҳо 110,4 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 33 млн. 878,3 ҳазор сомонии нақша, 37 млн. 407,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид, ки он аз нақша 3 млн. 529,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.Дар ҳамин радиф, нақшаи ҷамъоварии  андози иҷтимоӣ ба  андозаи 12 млн. 839,1 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷрои он 13 млн. 70,0 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин ба 101,8 фоиз баробар мебошад.

- Ноҳияи Ҷаббор Расулов ноҳияи аграрӣ маҳсуб меёбад.  Бигӯед, ки барои бартарафсозии камбудиву норасоиҳои мавҷуда ва самаранок истифода бурдани мавсими ҳосилғундорӣ ва  сари вақт ба роҳ мондани кишти такрорӣ чӣ чораҳо андешида шудаанд?

- Дар ҳашт моҳи соли 2014 маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ҳамагӣ 313 миллиону 779 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 млн. 803 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия  дар майдони 11575 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ гузарониданд, ки 106,4 фоизи нақшаро ташкил менамояд. Нисбати соли гузашта кишоварзони ноҳия ғалладонагиҳоро дар майдони  426 гектар, растаниҳои равғандеҳро дар  5 гектар, картошкаро  дар 81 гектар ва сабзавоту полезиҳоро  дар 182 гектар зиёдтар кишт намуданд. Ҳамзамон дар ноҳия соли ҷорӣ  дар майдони 5603 гектар кишти пахта гузаронида  шуд ва  то оғози моҳи октябри соли равон пахтакорони ноҳия 46 фоизи  ҳосилро ҷамъоварӣ намуданд. Истеҳсоли ғалладонагиҳо ҳамагӣ 9556 тоннаро ташкил намуд, ки нисбати соли гузашта 842 тонна зиёд аст. Нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки  ҳосилнокӣ аз як гектар дар ин давра нисбати соли гузашта зиёд гаштааст. Барои мисол,  ҳосилнокии ғалладонагиҳо 20,5 сентнер, сабзавот 160,1 сентнер ва картошка 120,0 сентнерро ташкил менамояд. Дар ин давра чорводорони ноҳия баҳри баланд бардоштани натиҷаҳои истеҳсолӣ кӯшиш намуда, истеҳсоли гӯштро ба 152,3 тонна расониданд. Ба шарофати меҳнати пурмаҳсули аҳли заҳмат  истеҳсоли шир  ба 1724 тонна  ва истеҳсоли тухм ба 9 млн. 689 ҳазор дона расонида шуд, ки ин нишондиҳандаҳо низ нисбат ба соли гузашта тамоюли афзоишро касб намудаанд.

-Дар Паёми имсолаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минҷумла зикр гардида буд, ки «Дар шароити рақобати шадиди бозорӣ моро зарур аст, ки тавассути ташаккул додани саноати миллии рақобатпазиру самаранок, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкории истеҳсолӣ коркарди ҳар чӣ пурраи ашёи хоми ватаниро мунтазам таъмин кунем». Дар робита ба ин, мехостем донем, ки нишондиҳандаҳои ин бахши муҳим дар кадом сатҳ қарор доранд?

- Давоми  ҳашт моҳи соли 2014 дар ноҳия ба маблағи 35 миллиону 677,4 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,0 фоизро ташкил намудааст. Имсол дар ноҳия бунёди чор корхонаи хурду калони саноатӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо  230 ҷойи нави корӣ ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла ҳоло дар ноҳия сохтмони корхонаи калони  истеҳсоли орд идома дорад, ки иқтидори шабонарӯзии истеҳсолиаш коркарди 120 тонна гандум буда, дар он 150 нафар шаҳрвандони ноҳия соҳиби ҷои корӣ ва маоши хуб мегарданд.

- Табиист, ки дар ин раванд соҳаи фарҳанг низ аз мадди назар дур намондааст…

- Дуруст зикр намудед. Барои мисол,  сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия, ки шаш сол  инҷониб қатъ гардида буд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз ёфт ва то ҷашни 20-солагии қабули  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода  қарор мегирад.  Иншооти фавқуззикр дорои 400 ҷойи нишаст буда, бо лавозимоту таҷҳизоти  замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Ғайр аз ин, дар наздикии Қасри фарҳанг бунёди Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони мазкур  дар ояндаи наздик ба итмом расонида мешавад.  Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар ноҳия ҳамчунин сохтмони як мактаб барои 400 нафар хонанда ва панҷ  бунгоҳи тиббӣ  босуръат идома дорад.

-Бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ барои ташаккули табақаи миёна заминаи мусоид фароҳам оварда, дар маҷмӯъ тараққиёти босуботи иқтисоди кишварро таъмин менамояд. Бигӯед, ки соҳибкорони ноҳия дар раванди бунёдкориҳо чӣ саҳм доранд?

-Силсилаи хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки бо ҷалби соҳибкорон идома дорад, далели возеҳи  дар сатҳи хуб қарор доштани ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо соҳибкорон маҳсуб меёбад.  Мо хуб дарк менамоем, ки ҷалби соҳибкорон ба раванди бунёдкориҳо   натиҷаҳои хуб ба бор меоварад. Ҳамон тавре ки иқтисодшиноси машҳури англис Адам Смитт гуфта буд: «Шахс барои манфиати худ кор карда ҳис намекунад, ки ба ҷомеа чӣ қадар манфиат овардааст». Кӯшиш мекунем, ки  минбаъд низ ҳамкориро     бо соҳибкорон тақвият бахшем. Масалан, чанде пеш як бинои бекорхобидаро ба як соҳибкор додем. Алҳол корҳои барқарорсозии бино идома дорад. Ин соҳибкори бонангу номус дар бино коргоҳи хурди дӯзандагӣ барои 50 нафар, курси ронандагӣ бо 50 ҷойи нишаст, филиали бонк, маркази солимгардонии Луқмони Ҳаким бо хобгоҳ, дорухона, кӯдакистон барои 50 нафар ва ғайраро таъсис медиҳад. Чунин мисолҳо, ки аз саҳми соҳибкорони ноҳия дар бунёдкориву созандагӣ шаҳодат медиҳанд, хеле зиёданд.

-  Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки ободии роҳҳо заминагузори пешравӣ дар кулли соҳаҳо маҳсуб меёбад.  Дар ин соҳа чӣ дастовард доред?

- Бо иқдоми раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли 2014 соли роҳҳои обод эълон гардидааст. Бо ибтикори мо то ин замон дар ҳудуди ноҳия 211 километр роҳ таъмиру таҷдид шуд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорону саховатпешагон 4,8 километр роҳи марказии ноҳия пурра мумфарш шуд. Ҳамзамон 62 километр роҳҳо таъмири ҷорӣ ва бештар аз 146 километр шағалпӯш карда шуд. Мо барои ҳар ҷамоат то 30 – 40 тонна мазут дастрас намудем, ки ин  омил  барои вусъати корҳо дар ин ҷода  мусоидат намуд. Кор дар ин самт идома дорад ва мо ният дорем минбаъд ин равандро вусъат бахшем.

-  То ҷое иттилоъ дорем, ба наздикӣ дар ноҳия семинари вилоятӣ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ баргузор шуд.  Аз  ин чорабинӣ чӣ  бардошт доред?

-  Дар кори семинар, ки аз қисматҳои амаливу назариявӣ иборат буд, иштирокдорон барои худ маълумоти зарурӣ ба даст оварданд. Таъкидҳои  раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  вобаста ба баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои наву серҳосил, ҷамъоварии беталафи пахта ва сари вақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ  ба кишоварзон рӯҳу илҳоми  тоза бахшид.  Гузаронидани чунин семинарҳо барои воқиф шудан аз  навгониҳои соҳа  ва табодули таҷриба мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки имсол  дар вилоят таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ амалӣ гардид. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ 92 фоизи хоҷагиҳои калон таҷдид шуда,  хоҷагиҳои боқимонда низ таҷдид мешаванд. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони  об низ таъсис ёфта,  дар сатҳи хуб ва сифати баланд фаъолият намуда истодааст.  Боиси ифтихор аст, ки кишоварзони ноҳия дар таъмини бозори истеъмолии  вилоят нақши назаррас доранд.

- Омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» қарор қабул намуда, нақшаҳои мушаххасро тасдиқ кардааст. То имрӯз барои соҳаи маориф 435,3 тонна ангишт ва барои соҳаи тандурустӣ 175 тонна ангишт захира шуда,  ин раванд идома дорад. Ҳоло барои таъмини  аҳолӣ 45 нуқтаи фурӯши ангишт ва 27 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолияти муназзам доранд. Барои беталаф баровардани чорво аз фасли  зимистон 7580 тонна хошоки дурушт захира карда шудааст.

- Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

-Саломат бошед.

Мусоҳиб Далер Мерганов, «Садои мардум»