Ба ҳамкорӣ даъват менамоянд

№109 (3255) 20.09.2014

Ассотсиатсияи «Зан ва ҷомеа» аз моҳи апрели соли 1995  дар қаламрави вилояти Суғд  фаъолият дорад. Ҳамоҳангсози ноҳиявии ташкилоти мазкур дар ноҳияи Ашт Матлуба Мирзоматова гуфт, ки  рисолати ин ташкилот  баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, маърифати оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои осебпазир, мусоидат ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо мебошад. Аз соли 2010 инҷониб ин ташкилот лоиҳаи «Сафарбаркунии иҷтимоии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ»-ро дар ҳамкорӣ бо СММ амалӣ менамояд. Ин лоиҳа солҳои 2010-2012  дар ноҳияҳои Исфара, Ғончӣ, Б. Ғафуров татбиқ шуда, солҳои 2014-2015 дар ноҳияҳои Ашт (ҷамоати шаҳраки Шайдон ва  деҳоти «Понғоз») ва Конибодом амалӣ хоҳад гашт. Ассотсиатсияи «Зан ва ҷомеа» дар ҳамкорӣ бо СММ хоҳишмандонро баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар ноҳияи  Ашт бо роҳи сафарбаркунии иҷтимоӣ ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

-Ба назари ман, машғул шудани занон ба касбукори мушаххас ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ агар занонро аз як тараф, соҳиби касб намояд, аз тарафи дигар, ба беҳбудии сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд,-мегӯяд М.Мирзоматова.

Ҳ. Назрулло, «Садои мардум»