«Бикелини Катия»

№67-68 (3213-3214) 24.06.2014

(Очерк)

MДар саҳни ҳавлии калон, ки як қисмашро боғу ток ва қисми дигарашро кишти зироатҳои полезӣ банд кардаанд, пиразани 77-78- солае ҷунбуҷӯл дошт. Ҳарчанд фарзандон ва келину набераҳо боисрор аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки иҷрои корҳои хонаро ба уҳдаи хурдон гузорад, вале пиразан розӣ намешавад, чунки бе кор буда наметавонад, бо мурури солҳо ин барояш одат шудааст.

Ӯ имрӯз ҳам чашми рӯз накафида, аз хоб хест, вузӯъю таҳорат кард ва намози  бомдодашро хонду мисли ҳаррӯза боғи аз шавҳар меросмондаро давр зад, ба шохаҳои пурбори дарахтони себу нок, олучаю олу ва бодому шафтолу чашм дӯхту дилаш таҳ кашид. Ин ҳолат баъди вафоти соҳиби сараш -Неъматҷони паҳлавон бо ӯ тез-тез рух медиҳад. Охир, ин ҳама боғу роғ, токзори ангурҳояш аз шаҳду асал ҳам ширин маҳсули дастони шавҳари раҳматиаш аст.

Пиразан боғу токзорро убур карда, ба қисми болоии ҳавлӣ, ба майдони  зироатҳои полезӣ баромад. Чанд муддат дар як гӯшаи майдони калони кишти пиёз диккак нишаста, онро аз алафҳои бегона тоза кард, сипас ба як қисми ин майдон об кушод. Дар саргаҳи ин мавзеъ, ҷо-ҷо кадую нахӯду ҳар гуна кабудӣ кишт кардааст.

Аслан дар  ин қитъаи замин, ки дар саргаҳи он писари аз ҳама хурдиаш Мирзозафар-устои хуби наҷҷор иморати сеқабатаи боҳашамате бунёд кардааст, се оила саҳм доранд. Дар қисми миёна, дар саргаҳи дигари ҳавлӣ як бинои иборат аз ду хонаву як даҳлез ва пешайвони пастакак ҷойгир шудааст ва он саҳми калонсолони хонадон аст. Катяву шавҳараш бо ҳазору як умеду орзу панҷоҳ сол муқаддам ин хонаро бино кардаанд. Дар қисмати поёнии ҳавлӣ писари дигари кампир -Мирзотолиб хона андохтааст. Ӯ бо аҳли аёли худ дар он зиндагӣ дорад.

Духтарони кампир кайҳо шавҳар карда, соҳиби фарзандон ва ҳатто наберагон гаштаанд.

Пиразан ҳашт фарзанду 30 набера ва 15 абера дорад. Ҳамаи онҳоро ба ноз парваридааст ва ҳамаашон барояш азизанду ҳоло ҳам ба назараш ҳукми кӯдакро доранд.

Бисту панҷуми сентябри соли 1989 шавҳараш -Неъматҷони паҳлавон дар синни 60-солагӣ бандагиро ба ҷо овард. Як марди тандурусти тануманду ҳузарб ба кадом як дарди бедаво печиду пас аз ду-се рӯзи беморӣ ҳамсару ҷигарбандони худро танҳо гузошту рафт. Тобути ӯро аз ҳамин бинои хурдакаки ду хонаю як даҳлездор бароварданд. Аз ин рӯ, кампир аз ин хона дил канда наметавонад. Ҳарчанд писаронаш борҳо аз ӯ илтиҷо карданд, ки иҷозат диҳад, ин хонаҳои куҳнаро чаппа карда, ба ҷояш иморати нав андозанд, вале ӯ розӣ нашуд.

-Ин кулбаҳоро раҳматии падаратон бо дастони худаш сохтагӣ. Дар  қатори  шумо -фарзандон, ин хона ва ин боғу роғ ҳам нишона аз дилдори ман аст. Ман ба ҳеҷ кас ҳақ намедиҳам, ки ин муқаддасотро хароб кунад,-мегӯяд ӯ.

-Модарҷон, бигзор ин хона истад, шумо ба хонаи нави ман кӯчида гузаред, он ҷо холӣ, ман азоб кашида, ин хонаҳоро барои кӣ сохтаам,-илтиҷо мекунад дигар писараш Мирзозафар, ки дар шаҳри Сургути Федератсияи Россия тайи чанд сол аст бо аҳли оилааш кору зиндагӣ дорад.

-Не, бачам, хонаат ба худат насиб кунад, ман бошам, чароғи хонаи падаратонро даргиронда мешинам,-мегӯяд кампир.

…Имрӯз рӯзи вафоти шавҳараш аст. Дар ин рӯз ҳама аҳли оила- писарону духтарон, келинҳову домодҳо ва набераю абераҳо дар ин ҳавлӣ ҷамъ мешаванд, ҳатто фарзандони раҳдур низ. Ана, дирӯз Мирзозарифу Мирзотолиб аз Россия омаданд. Писари сеюмиаш Мирзозафар бошад аз Россия барқия фиристодааст, ки омада наметавонад, зеро ӯ -полковники Қуввваҳои Мусаллаҳро роҳбарияти қисми низомӣ ба кадом як шаҳри Ҷумҳурии Федеративии Германия ба сафари хидматӣ фиристодааст.

Соатҳои 9-10 духтаронаш Робияю Гулнораю Озода бо аҳли оилаашон хоҳанд омад.

Дар ин рӯз ҳавлӣ аз фарзандону набераю абераҳо пур мешавад. Онҳо якҷоя ба сари қабри шавҳараш мераванд, гул мегузоранд ва фотиҳа мехонанд.

Ҳар сол дар ҳамин рӯз ба ин маърака боз як шахси дигар ҳамроҳ мешавад. Умри ӯ ҳам ба ҷое расидааст. Ӯ аз деҳаи Тутк буда, Мирраҷаб ном дорад ва дӯсти шавҳараш Неъматҷон аст.

* * *

Мирраҷаб Тешаев ҳанӯз 12-сола буд, ки ҷанг сар шуд. Чор бародарашро ба ҷанг гирифтанд. Хона бе мардина монд. Ӯ маҷбур шуд пас аз дарс ба кори колхоз, ки он вақт номи М.И.Калининро дошт, ба паҳлуи модару хоҳараш баромада, ба ҷои мардони ба ҷабҳарафта кор кунад. Ӯ ҳамакора буд. Ҳар коре, ки занҳо мефармуданд, иҷро мекард. Об мекашонд, ба ошпазҳо барои омода намудани хӯрок кумак мекард, бо ароба ба идораи колхоз рафта меомад, ҳар чиз мекашонд. Аз ин рӯ, бачагии Мирраҷаб бо меҳнати сахт паси сар шуд. Соли 1945 аз чор бародараш се нафарашон -Абдулло, Додобой ва Шариф ба хона баргаштанд. Шариф бо ду ордени «Шараф».

Акнун рӯзгори оилаи Мирраҷабино ба қавле андаке «ҷон гирифт» ва фурсати идома додани таҳсил фароҳам омад. Мирраҷаб дар 20-солагӣ мактаби ҳафтсолаи деҳааш-Туткро хатм карду ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) дохил шуд. Дар соли дуюми таҳсил ӯро ба аскарӣ гирифтанд. Се соли расо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат карда омаду сипас таҳсилро дар Омӯзишгоҳи педагогӣ давом дод. Моҳи июни соли 1956 дар даст дипломи омӯзишгоҳ роҳ сӯи Вазорати маорифи кишвар пеш гирифт, зеро дар он замонҳо омӯзгоронро вазорат ба кор таъин мекард. Дар даромадгоҳи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, дар шаҳри ҳамонвақтаи Сталинобод ӯ бо як ҷавонмарди ӯротеппагии дигар- Неъматҷон Бобоев, ки тақрибан ҳамсоли ӯ буду маълумоти олии омӯзгорӣ ва ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик доштааст, дучор шуд.

Мирраҷаб медонист, ки Неъматҷон омӯзгори мактаби ҳафтсолаи деҳаи Суркат буд.

-Ман ҳам ба назди тағоям Мирзоаҳмад Азизов, ки дар ноҳияи Кӯктош (баъдан Ленин ва ҳозир ба номи Рӯдакӣ) кор мекунанд, омадам. Ҳозир аз вазорат ба ин ноҳия роҳхат доданд,-гуфт Неъматxон.

Бо амри тасодуф ба Мирраҷаб ҳам ба ҳамин ноҳия роҳхат доданд. Мирраҷаб аз чунин барори кор хурсанд шуд, зеро то ин дам андешаи онро дошт, ки худаш танҳо дар мусофирӣ ва дар иҳотаи одамони бегона чӣ кор мекарда бошад?

Тағоии Неъматҷон Мирзоаҳмат Азизов дар байни маорифчиёни ин ноҳия обрую нуфузи калон доштааст. Як сухани ӯ кифоя кард, ки ин ду ҷавонмардро омӯзгори як мактаб-мактаби ҳафтсолаи ба номи «70-солагии Шверник» дар деҳаи Косабулоқ таъин кунанд…

Боиси ба ин тарафҳо муаллим таъин шуда омадани Неъматҷон Бобоев ҷанҷоли оилавиашон буд.

Неъматҷон 12 сол пеш ба як духтари ҳамдеҳаи худ хонадор шуда, то ба ҳол фарзанд надошт. Ҷавон зани худро дӯст медошт, занаш ҳам, ба ҷузъ безурётӣ, дигар  ҷурме надошт. Дар хонадон ҳама ӯро дӯст медоштанд, вале хушдоман мехост, ки наберадор шавад.

-Аз ҳамин сабаб тағоям маро ба ин гӯшаи дурдаст овард, то ки каме аз ғаму ғӯссаи рӯзгор эмин бошам,-ҳасрат кард ҷавон раҳораҳ ба ҳамсафари худ.

Омӯзгорони ҷавонро дар яке аз синфхонаҳои мактаб ҷой карданд. Директори мактаб Каримов, ки як марди азимҷуссаи 40-42- сола буда, зани рус ва ду фарзанди хурдсол доштааст, онҳоро хуш қабул кард.

Дар мактаб 12 нафар омӯзгорон ба 70-80 нафар талаба дарс медоданд. Дар фаъолияти мактаб камбудиҳои ҷиддӣ ҷой дошт. Яке аз ин камбудиҳо аз таҳсил берун мондани духтараки синфҳои 6-7 буд.

-Барои ҳалли ин масъала борҳо кушиш кардем, вале бенатиҷа монд. Умед дорам, ки шумо- ҷавонон дар ин кор маро дастгирӣ мекунед, ба дили мардуми таҳҷоӣ роҳ меёбеду  ҳамроҳ илоҷи ин воқеаро меёбем,-гуфт директор.

Солҳои баъдиҷангӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ як қонуни нонавиштае буд. Ба хотири он ки ҷойи мардони дар ҷанг ҳалокгардида пур шавад, баъзан аз дузанагии мардон чашм мепӯшиданд. Ноболиғ ба шавҳар додани духтарҳо низ дар бисёр ҷойҳо ҷой дошт. Аз ин рӯ, аксари духтарони мактабхони деҳаи Косабулоқ ва атрофи он аллакай шавҳардор буданд ва шавҳарону хусуру хушдоманҳояшон онҳоро ба мактабравӣ садди роҳ мешуданд.

Мирраҷабу Неъматҷон маҷбур шуданд роҳи дигарро пеш гиранд. Бо иҷозати директор ба масҷид мебаромадагӣ шуданд ва бо роҳи намозхонӣ ба дили калонсолони деҳа роҳ ёфтанд. Мардуми деҳа ҳам ба ин ду ҷавонмарди мусофир, ки чаққону кордон ва хушмуомила буданд, унс гирифтанд. Хӯрду хӯроки ҳаррӯзаашонро таъмин мекарданду ба зиқ шудан имкон намедоданд. Оҳиста-оҳиста духтаракону занони синфҳои болоихон ба мактаб баргаштанд. Дар ин миён як русдухтар ба ин деҳа ба кор омад…

* * *

Кургунова Екатерина Михайловна зодаи деҳаи Котихаи ноҳияи Арзамаси вилояти Нижегород буд. Дар оилаи Кургунов Михаил Александрович ва Кургунова Зоя Ивановна чор фарзанд- се духтару як писар ба дунё омада, Катя аз ҳама духтари калонӣ буд, баъди вай Нона, Аня ва Семён ба воя мерасиданд.

Екатерина соли 1956 Омӯзишгоҳи педагогии Арзамасро хатм карду аввали моҳи август аз 300 нафар дастпарварони ҳамонсолаи омӯзишгоҳ 105 нафарашонро ба Тоҷикистон барои кор фиристоданд. Екатерина ҳам ба ин гурӯҳ шомил буд, зеро он солҳо дар аксар мактабҳои шаҳру деҳоти мо омӯзгорони забону адабиёти рус намерасиданд. Катяи 19-соларо ба мактаби ҳафтсолаи деҳаи Косабулоқ омӯзгори забону адабиёти рус таъин карданд.

Дар ҳамин ҷо бо омӯзгорони мактаб шинос шуд. Хусусан нишасту хез, муомила, содагӣ, хоксорӣ ва меҳрубонии Неъматҷон ба қалби кӯчаки Екатерина чанг андохт. Духтарак ба тамоми маънӣ мафтуну шайдои ин ҷавонмард шуд.

Директори мактаб Каримов ба хотири он ки дар як деҳаи дурдасти ноҳия мардуми ноогоҳи деҳот дар бораи ягона омӯзгорзани мактаб ҳар гуна гапу калочаҳоро паҳн накунанд, ӯро дар хонаи посбони мактаб Қумрихола ҷой кард. Қумрихола зани 75-76-солаи аз шавҳар бевамонда (шавҳараш дар ҷанг қурбон шуда буд) бо се писару келинҳояш дар як ҳавлии калон зиндагӣ доштанд . Ба муаллимаи ҷавон хонаи алоҳида ҷудо карда доданд. Аз байн 5-6 моҳ гузашт. Ба омадани Неъматҷону Мирраҷаб ба ин тарафҳо низ қариб як сол пур мешуд.

Падари Неъматҷон- Бобо-паҳлавон, ки мӯйсафеди тануманди азимҷусса буду дар Ӯротеппа бо аспдавонию бузкашиаш машҳур буд ва дар ғайбаш ба хотири чашмони обӣ доштанаш «Бобои кабуд» низ гӯён ном мебурданд, дар Косабулоқ ба чандин маъракаҳо меҳмон шуд. Дар бузкашиҳо болодаст гардид. Мардум бо эҳтиром ӯро ҳар шаб ба хонаи худ ба меҳмонӣ даъват мекарданд. Дар ин меҳмониҳо Неъматҷону Мирраҷаб ҳамеша ҳамроҳаш буданд. Як шаб пас аз меҳмонии навбатӣ Бобо- паҳлавон роҳравон сӯи хонаи муаллимони ҷавон ба дӯсти писараш -Мирраҷаб ба таври худ сири дилашро кафонд.

-Ҷӯраат фарзандталаб аст. Мӯйсафедони деҳаҳои шумо мегӯянд, ки дар ҳамин қарибиҳо, дар ноҳияи Ҷиликӯл, чашмаи шифобахше будааст, ки агар фарзандталабон оби онро бо ихлос нӯшанд, Парвардигор фарзанд медодааст. Ман зани ҷӯраатро ҳамроҳ оварда, дар хонаи як хешамон, воқеъ дар мавзеи Яккачинори шаҳри Сталинобод, монда омадам. Чӣ мешуд, ки ту бо ҷӯраат рафта, дар ҳамон чашма оббозӣ кунед ва ҷӯраат ду-се рӯза ба назди занаш равад. Шояд Худованд ба онҳо фарзанд ато намояд,-гуфт мӯйсафед оби дида карда.

Мирраҷаб ин суханони Бобо -паҳлавонро бодиққат гӯш кард ва сипас гуфт:

-Ман амак, аз ин қазия хуб хабар дорам. Неъматҷон ҳам дар ин ҷо шабу рӯз дар ҳамин ташвиш аст. Аз рӯи гуфти ӯ, зану шавҳар тамоми давои духтуру урфу одатҳои маҳаллиро ҳам ба ҷо овардаанд. Ман ошу нони мардумро бисёр хӯрдаам, Худованд агар фарзанд надиҳад, қарзи худро ба халқ чӣ гуна мегардонам, гуфта азият  кашида гаштааст. Ба фикрам, амак, ба ин кор писаратон айбдор нест. Ин ҷо шояд шумо дида бошед, панҷ- шаш моҳ боз як муаллимаи ҷавон аз Россия ба кор омадагӣ. Зебо, боақл, бамаънӣ. Лекин амак, ишқ гуфтанӣ як дарди зӯр ҳаст. Ҳамон духтарак ба писари  шумо ошиқ шудааст, ба фикрам дили Неъматҷон ҳам ба ӯ кашол барин. Чӣ мешавад, ки шумо розигӣ диҳеду писаратонро ба ҳамон русдухтар ҷуфт кунем. Худо диҳаду фарзанддор шаванд, баъд Неъматҷон қонунӣ аз зани аввалааш  ҷудо мешавад.

Ин пешниҳоди Мирраҷаб мӯйсафедро ба андеша андохт. Ӯ тайи ин муддат чанд дафъа он русдухтарро дида буд. Духтараки одии сараш хам, рост ба мактаб рафта, рост ба хонаи Қумрӣ меояд. Вале мардуми Ӯротеппа ба ин чӣ мегуфта бошанд? «Неъматҷон ба Сталинобод рафта, зани рус овард, гуфта намехандида бошанд?!»,-аз дил мегузаронд ӯ.

Пас аз намози хуфтан ин андешаашро Бобо- паҳлавон ба муллои деҳа гуфт.

-Рус ҳам бандаи Худо, агар аз рӯи шариат мусулмон шудам, гуфта калима гардонад, никоҳаш равост. Ман худам онҳоро никоҳ мекунам,-гуфт домулло.

Ҳамин тавр, падар ба писар розигӣ дод, Мирраҷаб бо Катя гапзанон карда, ӯро хостгорӣ намуд.

Екатерина аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид. «Калимаи шаҳодат» ва чанд сураю ояти аз Қуръони карим навиштадодаи Мирраҷабро дар як нишаст аз ёд кард.

* * *

«Дар кори хайр ҳоҷати истихора нест», -мегӯянд дар урфият. Акнун дар назди Мирраҷаб боз як вазифаи муҳим меистод: Розӣ кардани падару модари Екатерина. Чизе ҳам набошад, онҳо фарзанд ба дунё овардаанд, ӯро хӯронидаву пӯшонида, калон кардаанд,-дар дил фикр мекард ӯ.

Мирраҷаб Катяро назди падару модараш- ба Арзамас фиристод. Михаил Александрович духтари худро бо қаҳру ғазаб аз дар ронд. «Ман туро ба Тоҷикистон барои ба босмачиҳо шавҳар кардан нафиристода будам!»,-ин буд охирин сухани падар. Екатерина бо дили хиҷил ба Косабулоқ баргашт.

-Хафа нашав, духтарам. Қаҳру ғазаби падар мисли борони зудгузар аст. Вақту соаташ ояд, онҳо туро мефаҳманд,-тасалло дод Бобо -паҳлавон ва аз пайи никоҳи навхонадорон шуд.

Гӯсфанд куштанд, барои аҳли деҳа ва омӯзгорони деҳоти атроф ош доданд. Ҳафтае пас Бобо -паҳлавон аз Яккачинор келини калониашро гирифта, ба Ӯротеппа баргашт.

Арӯсу домоди ҷавонро дар ҳавлии Қумрихола ҷой карданд. Екатерина аз рӯзи аввали никоҳ ба тан либоси миллии тоҷикӣ ба бар кард. Дар сар рӯймоли шоҳӣ, дар тан куртаву поҷомаи атлас ва дар пойҳо калӯшу маҳсӣ мепӯшид. Ба дарс ҳам бо ҳамин либос рафта меомад.

Баъди чанд муддат Екатерина ҳомиладор шуд. Хурсандии зану шавҳари ҷавонро ҳадду канор набуд. Вале ин хурсандӣ дер давом накард…

* * *

Каримов ба мактаби деҳаи дурдасти Косабулоқ аз Вазорати маорифи кишвар омада буд. Ӯ дар  ин ташкилоти болоии маорифчиён сарварии як раёсати бонуфузро ба уҳда дошт. Он замонҳо барои роҳбароне, ки зани рус доштанд, дари ҳама гуна мансабу вазифа кушода буд. Аввалҳои солҳои 50-уми қарни гузашта дар вазорат як гурӯҳи сияҳкоронро ошкор карданд, ки тавассути ҳуҷҷатҳои қалбакӣ маблағу моликияти давлатиро аз худ карда буданд. Аксарияти он ҳаққимардумхӯрон ба суд кашида шуда, маҳбус шуданд, вале зани рус доштани Каримов ва ким-кадом пушту паноҳаш дар Суди Олии кишвар ҷони ӯро хариданд. Дар  натиҷа, Каримов гӯё ба ин деҳа бадарға шуд. Ӯ дар ҳамин ҷо ҳам «аз асп фаромаду аз узангӣ не». Бо муаллимон муносибати дағал дошт, худро дар мактаб ҳокими мутлақ мешуморид, аз маоши ҳар муаллиму коргар, ҳатто аз маоши Қумрихола ҳам ҳар моҳ маблағи муайянро медошту онро сарфи кадом кор мекард, ба касе ҳисобот намедод. Ба болокорӣ, зани русаш аз вазифаи ӯ сӯйистифода мекард. Бачаҳоро аз дарс кашида, ба бозор мефиристод ё ҳар гуна кори рӯзгори хешро ба воситаи онҳо иҷро мекард.

Рафтори муаллимаи ҷавони забону адабиёти рус ғазаби зани Каримовро овард. «Чӣ тавр мешудааст, ки дар замони шӯравӣ, дар ҳоле ки давлат ба муқобили дин муборизаи оштинопазир мебарад, як духтарак аз ҷигари Россия омада, мусулмон мешудааст?!»-фиғон мебардошт ӯ. Биллохира ӯ ҳуҷумро сар кард. Дар ин бора ҳам ба Сталинободу ҳам ба Москва навишт.

Як рӯз гурӯҳи калони тафтишгарон якҷо бо  намояндагони пойтахти ҷумҳурӣ ба ноҳия омаданд. Дар маҷлиси бюрои ҳизбии  ноҳия як масъала меистод: муҳокимаи рафтори ҷинояткоронаи омӯзгорон Тешаев ва Бобоев, аз сафи ҳизб рондану ба суд пешниҳод шудани корашон.

Маҷлис қариб кори худро анҷом дода, бояд масъала ба овоз гузошта мешуд.

Ҳамин дам дари дафтари кории котиб бо шаст кушода шуду аз он як зани аврупоии либоси миллипӯш зада даромад. Ӯ Екатерина буд.

Зани ҷавон барои таҳтӯл ба хона рафту ба мактаб хабар омад, ки Тешаеву Бобоевро говсуд карда истодаанд. Қумрихола Катяро дар мактаб наёфту ба сӯи хона давид:

-Катя, тез дав, ки шавҳарату Тешаевро дар бюрои райком муҳокима карда, ҷазо доданӣ!

Екатерина зуд либос ба бар карду ба кӯча давид ва мошини боркаши роҳгузареро дошта, роҳ сӯи маркази ноҳияро пеш гирифт.

Вақте ки ба дафтари кории котиби райком зада даромад, котиби маҷлис лоиҳаи қарорро ба овоз мемонд:

«Бино ба сабаби паҳн намудани ғояҳои динӣ дар мактаб ва ба таври зӯрӣ мусулмон кардани муаллимаи рус, омӯзгорон Тешаев ва Бобоев аз сафи ҳизби коммунист бароварда шуда, аз вазифа сабукдӯш карда шаванд ва корашон ба суд дода шавад!»

-Истед! Шумо чӣ кор карда истодаед? Ман ҳамон зани рус Кургунова!-гуфт базӯр нафас кашида, бо ҳаяҷон Екатерина. Сипас, ҳамаро нақл кард. Ошиқ шуданаш ба Неъматҷонро, бо хоҳиши худ мусулмон шуданашро, қиссаи бефарзандии Неъматҷон ва ҳаромкориҳои директори мактаб Каримовро.

Кори маҷлис чаппа гашт. Каримовро аз сафи ҳизб ронда, аз вазифа сабукдӯш карданд ва дафтари аъмолашро ба суд пешниҳод намуданд.

* * *

Аввали баҳори соли 1957 Неъматҷону Мирраҷаб гирду атрофи мактабро, ки замини бекорхобидаи бедолу дарахт дошт, чаппа ва тахту ҳамвор намуданд. Аз деҳаи боло-Боғак ба масофаи панҷ километр ҷӯй кашида, об оварданд. Дар ин кор омӯзгорон ва талабаҳои мактаб низ дасти ёрӣ дароз намуданд. Аз Боғак ниҳолҳои себу нок, олую олуча, шафтолую бодом оварда шинониданд.

Аз байн чанд моҳ гузашт. Вақту соати таваллуди Катя наздик шуд. Ба амаки Бобо барқия фиристоданд. Бобо-паҳлавон ҳамроҳи келини калониаш -Ҳалима ба Косабулоқ омад ва дар хонаи холаи Қумрӣ ҷой гирифтанд. Зани аввалаи Неъматҷон Ҳалима боақл баромад. Аз муваффақияти шавҳар шод шуд. Бо Екатерина унс гирифт. Катя бо ёрии Қумрихола духтар таваллуд кард. Ҳалимаю Қумрихола тифлакро Робия ном карданду ба гаҳвора бастанд. То чилрӯзагии тифлак ӯро нигаҳбонӣ карда, Ҳалима аз шавҳар талоқ пурсид.

Аз байн ҳафт сол гузашт. Тайи ин муддат Екатерина фарзанди дуюми худ Мирзотолибро ба дунё овард. Обрую нуфузи оилаи ҷавон дар деҳа торафт баланд мешуд. Зану шавҳар ба ҳама кору рӯзгори ҳамдеҳаҳо ба қавле кӯпрук буданд, хусусан Катя. Ягон маъракаи занон бе иштироки ӯ намегузашт, барои ҳалли ҳама гуна мушкилоташон Катя мушкилкушо буд. Ӯ дар деҳа, ки ягон мутахассиси соҳаи тиб надошт, ҳам момодоя буду ҳамшираи шафқат ва ҳам духтур.

Боғе, ки Тешаеву Бобоев сарсабз карданд, ба ҳосил даромад. Дар он минтақа боғ бо номи «Боғи Ӯротеппачиҳо» машҳур шуд.

Екатеринаю Неъматҷон соле як маротиба ҳангоми таътили тобистона ба Ӯротеппа рафта, дар хизмати падару модар қарор мегирифтанд. Келини рус ба хушдоману додарарӯсу хоҳарарӯсон маъқул афтод. Чаққон, кордон, корбудкун. Аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб дар ҷунбуҷӯл буд. Дар деҳаи Суркат ӯро ҳама  «Бикелини Катия» меномидагӣ шуданд. «Бикелин» дар шеваи мардуми деҳоти Истаравшан «янга» гуфтанӣ гап аст.

Модари пири Неъматҷон ҳар сол дами ба хона баргаштани зану шавҳари ҷавон оби дида мекард. «Мусофирӣ бас аст, бачам, ману додоят ҳам пир шуда мондаем. Ту фарзанди калони оила, биёю додару хоҳаронатро саробон шав»,-илтиҷо мекард модар.

Бобо -паҳлавон ҳам келини калони худро дӯст дошта монд. Ҳар боре, ки Катя ба Ӯротеппа меомад, ба назари мӯйсафед хонадони онҳо ранги дигар мегирифт. Дар он тартиб ҷорӣ мешуд. Дар баъзе ҳолатҳо чизи даркории Бобо -паҳлавонро кампираш ёфта дода наметавонисту Екатерина онро дар як зум пайдо мекард.

Дасти ширину бобаракати ин русдухтарро намегӯед, таомҳо лазиз, хӯришҳо дилкаш, нони гарми пухтааш ҳалво барин буд.

Тирамоҳи соли 1963 «Бобои кабуд» боз ба Косабулоқ омад ва ба келину писари мусофираш қатъӣ изҳор дошт: «Мусофирӣ бас, ба хона бармегардеду халос. Модаратон бемор аст!».

Тамоми аҳли Косабулоқ, Боғак, Шӯрманқа, Чуррак ва Шӯриён ба гусел баромаданд.

* * *

Мардуми деҳаи Суркат хабари кӯчида омадани Неъматҷону Екатеринаро бо хушнудӣ истиқбол карданд. Дар фурсати кӯтоҳ хонаи «Бобои кабуд» аз аҳли деҳа пур шуд.

-Хуб шуд, ки омадед, акнун деҳаи мо ҳам соҳиби омӯзгори русию ҳам духтур шуд,-бо хурсандӣ мегуфт раиси деҳа Шоҳназарамак.

Екатеринаро дар мактаби ҳафтсолаи деҳа, ки имрӯз ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №43 табдил ёфтааст, омӯзгор таъин карданд. Ӯ дар ин ҷо зиёда аз 30 сол кор кард. Шавҳараш ҳам дар ҳамин мактаб муаллими забону адабиёти тоҷик буд.

Аҷиб, ки чӣ дар мактаб ва чӣ дар деҳа касе ӯро «муаллима» -гӯён ном намебурд. Ӯ барои ҳама «Бикелини Катия» шуда буд. Зану шавҳар дар Суркат шаш фарзанди дигар- Мирзоуммат, Мирзоғолиб, Мирзозафар, Мирзозариф ва Гулнораю Озодаро ба дунё оварданд. Соли аввали кӯчида омаданашон худи Бобо -паҳлавон ба Россия, ба зодгоҳи Катя-Арзамас рафта, қудоҳо ва фарзандонашонро ба Ӯротеппа овард.

Михаил Александровичи пир, ки тамоми умр ронанда кор карда, бисёр ҷойҳоро дида буд, зани ӯ Зоя Ивановна, ки аз вилояти Нижнегород  берунтар сафар накарда буд, зебоии табиати диёри мо, муҳаббату меҳмоннавозиҳои тоҷиконро дида, ба ҳайрат афтоданд. Онҳо диданд, ки духтарашон дар як деҳаи назарногири хурдакаки сарсабз чӣ қадар обрую нуфуз дорад.

Хоҳарону додараки Екатерина Нонаю Аняю Семён аз шодӣ чӣ кор карданашонро намедонистанд.

Минбаъд як сол Бобо- паҳлавон фарзандонашро меҳмони Арзамасиҳо  мекарду соли дигар Арзамасиҳо ба Тоҷикистон, ба Ӯротеппа меомаданд.

Афсӯс, ки Бобо-паҳлавон ва хушдомани меҳрубон пас аз бемории на чандон тӯлонӣ паси ҳамдигар олами фониро ба дунёи ҷовидонӣ иваз карданд.

Моҳи сентябри соли 1989 бошад, Неъматҷон Екатеринаи худро танҳо гузошту рафт…

Олам барои Екатерина торик шуд, осмон ба сараш фуруд омад, зиндагӣ барояш маънии худро гум кард. Баъд Иттиҳоди Шӯравӣ суқут кард, дар Тоҷикистон ҷангу ҷидолҳои бемаънӣ сар шуд. Фарзандони калонии Екатерина ба Россия кӯч бастанд ва модари худро ҳам маҷбур ба рафтан карданд. Вале Екатерина дар зодгоҳаш, дар ҳалқаи хоҳарон (соли 1976 додараш Семён дар таги поезд монда ҳалок шуд ва дар андак фурсат падару модараш ҳам вафот карданд) ва ҳамдеҳагон як сол ҳам тоқат карда натавонист.

Ҳарчанд вазъияти Тоҷикистон тинҷ нагашта буд, ӯ соли 1991 дар айни авҷи ҷангу ҷидолҳо ба Ӯротеппа баргашт. Дар ин ҷо рӯзгори сахту гуруснагиҳоро паси сар кард. Рӯзу моҳҳое низ буданд, ки омӯзгорон маош намегирифтанд, нон камчин шуда буд, Екатерина ба ҳамааш тоқат кард. Рӯзҳои хуш ҳам фаро расид. Муаллимаро ба нафақа гуселониданд. Ӯ қисми зиёди умри бобаракати хешро дар Тоҷикистон гузаронд, дар ҳамин ҷо болу пар кушод, дар ҳамин ҷо ишқи худро ёфт, хонаву дару фарзанд карду набераю аберадор гардид. Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон, ветерани меҳнат шуд.

-Парвардигор, илоҳо маро ҳам дар ҳамин ҷо хок кунад, дар паҳлуи шавҳари меҳрубонам,- зери лаб пичиррос мезад кампир.

Ҳамин дам даричаи дарвозаи пурнақшу нигори ҳавлӣ ғичиррос зада кушода шуду аз он пирамарди 77-78 — солае ворид гардид. Дар дасташ дастаи калони гул дошт.

-Биё, Мирраҷаб! Интизорат будам, хуш омадӣ! Хавотир шудам, ки Худо накарда бемор шуда бошӣ ё пирӣ-дия, имрӯз магар аз ёдат рафт?!-аз ҷой бархоста истиқбол гирифт Екатерина.

-Не, Мирраҷаб асп барин. Узр, ки саҳл дер шуд, дар роҳ як кас андак вақтамро гирифт. Дишаб боз дар ёди ҳамин рӯз будам. Магар чунин рӯзро фаромӯш карда мешавад? Дунё гузарон асту мо ҳама ин ҷо меҳмон. Пеш, қафо, як кас барвақту каси дигар дертар, ҳама рахти сафар мебандем ба олами ҷовидонӣ. Афсӯс, ки бародари ҷони ман Неъматҷон аз мо пештар рафт. Худо раҳматаш кунаду ҷояшро дар Арши аъло муқаррар карда бошад! Неъматҷон ҷони одам буд,-гуфт мӯйсафед бо риққат ва оби дидагонаш шашқатор шуд.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон