Мусиқӣ ва ҷомеа

Боргоҳи ҳунар

№138-139 (3123-3124) 01.11.2013

Дар шаҳри Қайроққум бо роҳбари дастгоҳи риси шаҳр Ғайратҷон Оқилов роҷеъ ба нақши муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи насли наврас суҳбат доштем.

Ӯ гуфт, ки яке аз куҳантарин муассисаҳои таълимии мо,ки баробари ташкил шудани шаҳр таъсис ёфтааст, Мактаби бачагонаи мусиқӣ мебошад, ки анқариб 50-сола мешавад.

Ин гуфтаи роҳбари дастгоҳ моро ба ин боргоҳи ҳунар бурд…

Маълум шуд, ки соли 1963, баробари мақоми шаҳрро соҳиб шудани шаҳраки ҳамонвақтаи Қайроққум, дар як бинои куҳнаи истиқоматӣ, ки барои сохтмончиёни неругоҳ пешбинӣ шуда буд, чунин як мактаби мусиқии бачагона арзи вуҷуд кардааст.

Инак, ин мактаб дар ҳамон бино, ки тӯли солҳои минбаъда таъмиру таҷдид гардида, бо синфхонаҳои иловагӣ ва шароити дигари зарурии таълим муҷаҳхаз шудааст, ним аср боз пойбарҷо буда, дар таълиму тарбияи насли наврас ва тайёр кардани кадрҳои мусиқишинос ва зебопараст хизмати шоиста менамояд.

Сарвари ин таълимгоҳ Гулноз Ҳайдаровна Боймамбетова дастпарвари ҳамин мактаби мусиқӣ аст. Аз рӯйи гуфтааш, ӯ ҳамроҳи волидайни худ ҳамон замон дар шаҳри Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекард. Бино ба сабаби мавҷуд набудани мактаби мусиқӣ дар зодгоҳаш ӯ ба шаҳри Қайроққум омада, ба ин боргоҳ шомил мегардад ва дар ҳамин ҷо нахустин нозукиҳои касби дилхоҳашро аз бар менамояд. Ӯ ҳини суҳбат бо ифтихор аз устодони худ К.М.Ткаченко, Т.Т.Яшина, М.Я.Вибе  ва дигарон ёд кард, ки дар ҳамин таълимгоҳ ба ӯ дарс гуфта, барояш дарвозаи олами пурасрори санъати мусиқиро боз намудаанд.

Маҳз бо кӯшишу ғайрат ва дастгирии самимонаи ин устодони санъати мусиқӣ боргоҳи ҳунари мазкурро даҳҳо наврасон хатм карда, ба олами бузурги санъати мусиқӣ роҳ пеш гирифтаанд.

Гулноз Боймамбетова пас аз хатми ин боргоҳ ба мактаби мусиқии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) дохил шуда, баъди хатми бомуваффақияти он дар Хонаи бачагони деҳоти «Унҷӣ» якчанд муддат кор кард ва аз соли 2008 инҷониб сарварии мактаби дӯстдоштаи худро ба уҳда дорад.

-Тӯли 50 соли сипаришуда,- мегӯяд ӯ, -аксари дастпарварони мактаби мо таҳсили худро дар омӯзишгоҳҳои мусиқӣ ва консерваторияҳо идома дода, ҳамчун мутахассисони хуби санъати мусиқӣ ба воя расида, дар шаҳру навоҳии гуногуни кишварамон ва берун аз он фаъолият мекунанд.

Мактаби мазкур чандон калон нест. Ҳамагӣ 105 нафар хонанда дошта, дар соли таҳсили 2013-2014 ҳамагӣ 40 нафар шогирд қабул кардааст. Ин даргоҳи ҳунар аз он ифтихорманд аст, ки аз ҷумлаи 15 нафар устодони ин боргоҳи санъат аксарашонро дастпарварони худи ҳамин мактаб ташкил мекунанд. Инҳо Ҷонибек Эркаев, Оксана Пӯлотова, Заррина Холова, Дмитрий Шомаҳмадов, Роҳатой Ашӯрова ва дигарон мебошанд. Омӯзгори дигари мактаб Ф.Саидумарова 33 соли умри пурбаракати хешро дар таълиму тарбияи шогирдони ҳамин мактаб-Мактаби мусиқии шаҳри Қайроққум сипарӣ кардааст.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, як муддат хоҳишмандони таҳсил дар чунин мактаб каме коҳиш ёфт, вале ҳоло шумораи волидайне, ки хоҳишманди таҳсил кардани фарзандонашон дар чунин мактаби мусиқӣ мебошанд, сол ба сол меафзояд.

Имрӯз дар бахшҳои гуногуни ин мактаби мусиқӣ зиёда аз 100 нафар шогирдон асрори ҳунари дойранавозӣ, карнай, виолончелӣ, труба, фортепиано, скрипкаро меомӯзанд. Мактаб имсол боз як синфхонаи иловагӣ оид ба омӯхтани навозиши гитара ва як синфхонаи компютерӣ ифтитоҳ намуд.

Мо аз сарвари мактаб Гулноз Ҳайдаровна аз нақшаҳои минбаъдаи дабистон пурсон шудем.

-Нақшаҳо бисёранд, ният дорем, ки сафи дӯстдорони мусиқӣ, омӯзандагони ин навъи санъатро ҳар чӣ бештар афзоиш диҳем, зеро ҷавононе, ки ба олами пурасрори мусиқӣ ворид мегарданд, санъаткору зебопараст мешаванд, ҳаргиз ба роҳи бад намераванд. Ният дорем, ки дар оянда фаъолияти мактабро вусъат бахшида, онро аз мактаби мусиқӣ ба мактаби санъат мубаддал созем,-гуфт Гулноз Боймамбетова.

Абдулмаҷид Муродов, Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»