Дар партави Паёми Президент

Дар эҳёи ҳунарҳои халқӣ занон фаъоланд

№50 (3351) 07.04.2015

-Сарвари давлатамон дар Паёми имсолаи хеш чунин зикр кардаанд: «Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад». Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб карда мешаванд, — гуфт мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Гулчеҳра Раҳмонзода.

Баҳри татбиқ намудани Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» дар шаҳри мо ба вазифаҳои роҳбарикунанда беш аз 150 нафар занони шаҳр ҷалб карда шудаанд. Агар соли 2005 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, воҳидҳои сохтории он, ҷамоатҳои деҳот ҳафт нафар занон фаъолият дошта бошанд, пас соли 2014 сафи онҳо ба 25 нафар расидааст.

Дар соли 2010-ум панҷ нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ду нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳот бошад, 27 нафар занон вакилони ҷамоат интихоб гардидаанд.

Ҷиҳати ривоҷу равнақ бахшидани соҳибкорӣ дар байни занон, тадбирҳо андешида шуда, якҷоя бо Ташкилоти хурди қарзии  «Имон-интернешнл» дар ҳудуди деҳот бо занону духтарон вохӯриҳо гузаронида, хоҳишмандон  ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб карда шуданд.

Соли гузашта барои ривоҷи соҳибкорӣ 2290 нафар занону духтарон барои ба даст овардани маблағҳои қарзӣ, аз ҷумла барои идомаи савдо 868 нафар, хизматрасонӣ 519 нафар, истеҳсолот 53 нафар, хоҷагии қишлоқ 49 нафар, чорводорӣ 520 нафар, дигар намуди қарз 281 нафар муроҷиат кардаанд.

Қобили зикр аст, ки баҳри рушди соҳибкории занону духтарон бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №185 аз  4 апрели соли 2011 «Дар бораи таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар соли 2014-ум ду нафар бонувони шаҳри Конибодом сазовори гранти президентӣ  гаштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём зикр менамоянд: «Бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад». Дар ҳақиқат, ин мушкилот дар шаҳри мо ҳам вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, мо бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ дар байни ҷавонон ва занон якҷоя бо Маркази таълими калонсолон ба таври санҷиш курси «Оиладорӣ» ташкил кардем. Иштирокдорони курси мазкур аз 18 нафар духтарон ва ҷавонзанон иборат буданд, ки аз рӯи нақша ба онҳо  мавзӯъҳои тарзи нигоҳдории одоби оиладорӣ, роҳҳои манфиатбахши ҳалли муаммоҳои оилавӣ, муносибат бо шавҳар ва ғайраҳо омӯзонида шуданд.

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ занони ҳунарманд бо омӯзиш фаро гирифта шуда, дар кумитаҳои маҳалла ва ҳамаи шаш деҳот касбу ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гардонда шуд.

То имрӯз даҳ нафар қолинбофон соҳиби сертификати Маркази таълимию истеҳсолии «Шероз»-и шаҳри Хуҷанд гардидаанд ва айни замон боз чор нафар дар ин марказ ба омӯзиш машғул мебошанд.

Бо мақсади васеъ ба роҳ мондани ҳунарҳои халқӣ дар Маркази таълими калонсолон  Маркази таълимию истеҳсолии қолинбофӣ таъсис дода шуд, ки дар он омӯзгорони соҳибтахассус ба шогирдон ҳунари қолинбофии дастии тарзи эрониро омӯзонида истодаанд. Бояд ёдрас намуд, ки курси аввалини омӯзиши ҳунари қолинбофӣ дар хонаи Гулшан Худоёрова, воқеъ дар деҳаи Санҷидзори деҳоти ба номи Лоҳутӣ бо дастгирии Маркази таълими калонсолон ба роҳ монда шуда буд. 22 нафар шогирдони курси аввалин соҳиби сертификат гардидаанд, ки айни замон дар ҷойи зисти худ ба ҳунари қолинбофӣ машғул мебошанд.

Ҳамзамон дар Литсейи саноати дӯзандагии шаҳр низ Маркази омӯзиши ҳунари қолинбофӣ дар синфхонаи махсуси таълимӣ ба роҳ  монда шуд. Ҳоло омӯзгорони соҳибтахассус нозукиҳои ин ҳунарро ба шогирдон омӯзонида истодаанд. Дар ин радиф бояд тазаккур дод, ки дар аксарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр низ маҳфилҳои гуногуни омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, пазандагӣ ва рӯзгордорӣ амал намуда истодаанд.

Ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила, татбиқи ҳамаҷонибаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳунармандони театри давлатии шаҳр намоишномаи «Модар, ман зан мегирам»- ро рӯи саҳна оварданд.

- Бо назардошти мавҷудияти камбудию мушкилот дар оилаҳо, аз ҷумла мушкилоти никоҳи хешовандҳои наздик, ки дар натиҷа боиси ба дунё омадани теъдоди зиёди кӯдакони маъюб, ҷудо шудани оилаҳои ҷавон ва ғайра гардидаанд, Ҷаноби Олӣ соли 2015-ро дар кишвар «Соли оила» эълон карданд. Боз як нуктаи бисёр муҳиме, ки ба ҳаёти ҷавонон, занону духтарон тааллуқ дорад ва дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин бе муоинаи пешакии духтурон хонадор шудани ҷавонон мебошад. Ин масъала барои хушбахтии оилаҳои ҷавон бисёр муҳим аст. Бояд гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва ҷомеаро тақозо мекунанд.

- Мо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин ҳуҷҷати бисёр муҳим бармеоянд, нақшаи тадбирҳоро мураттаб сохтем ва баҳри амалӣ намудани ҳар як нуктаи он тамоми қувваю ғайрати худро равона месозем, — гуфт дар поёни суҳбат мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Гулчеҳра Раҳмонзода.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»