Кӯча ба номи академик

№73 (3374) 28.05.2015

Бо ташаббус ва ибтикори Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Истаравшан ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор Аҳрор Мухторов номгузорӣ шуда,  дар саргаҳи он лавҳаи ёдгорӣ насб гардид.

Ба ин муносибат дар саҳни даромадгоҳи ин кӯча бо иштироки меҳмонон аз шаҳри Хуҷанд — шогирдони Аҳрор Мухторов, фарзандону наберагон ва наздикони академики шодравон, ки аз пойтахти кишвар ташриф овардаанд ва фаъолону сокинони кӯчаи мазкур ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Ҷамъомадро муовини раиси шаҳри Истаравшан Хосият Фозилова ифтитоҳ бахшида, дар бораи нақши академик Аҳрор Мухторов дар равшан сохтани саҳифаҳои китоби таърихи асрҳои миёна ва муосири мамлакатамон, нуфузи ҷаҳонии ин таърихшинос ҳикоя карда, иброз дошт, ки ин марди фарзона дар ҳамин кӯча, дар гузари Даҳбедии шаҳри қадимаи мо чашм ба олами ҳастӣ кушодааст ва басо рамзист, ки дар остонаи ҷашни 70 — солагии Ғалабаи Бузург бар фашизми Германия кӯчаи мазкур номи мубораки ин шахси бузургро ба худ гирифт.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов ва чанд тан аз шоирону нависандагони маҳаллӣ дар суханронии хеш дар бобати корномаҳои ин сарбози Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шарофату одамияташ ҳарфҳои нек гуфта, ибтикори мазкурро дастгирӣ намуданд. Сипас, пардаи рамзӣ аз рӯи лавҳаи ёдгорӣ бардошта шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ яке аз духтарони академики шодравон — муаррих Саодат Мухторова аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбати ҷовидонгардонии номи падари бузургвораш изҳори сипос намуд.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»