Фестивали ҷавонон

«Мо ба тақдири ояндаи худ бетараф нестем»…

№152 (3137) 03.12.2013

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Фестивали дӯстии ҷавонони вилоят таҳти унвони «Мо ба тақдири ояндаи худ бетараф нестем» баргузор гардид.

Дар назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, санъаткорон, рӯзноманигорон, донишҷӯёну хонандагон  тантанаи ифтитоҳи фестивал доир гашт.

Фаридун Ҳодибоев – сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят зимни сухани табрикотӣ иброз дошт, ки мақсад аз баргузории ин чорабинӣ иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ободиву бунёдкориҳои кишвар мебошад.

Дар маркази ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Fончӣ иштирокчиёни фестивалро масъулин бо самимият истиқбол намуданд. Дар Литсейи касбӣ-техникии №56, Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов, Маркази фарҳангии ноҳияи Спитамен ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон, тибқи барнома, иштирокчиёни фестивал ба гурӯҳҳо тақсим шуда, доир ба мавзуйи «Дастовардҳои Тоҷикистон давоми солҳои истиқлолият» мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд.

Ба ҷавонони фаъол Фирӯза Мирраҳимова, Дурдона Ҳоҷибоева, Нафиса Исломова, Таҳмина Мамадова, Садоқат Назирова (аз ноҳияи Ҷаббор Расулов), Ҷамшед Юнусов, Наимҷон Бобоев, Камолиддин Тошматов, Гулноза Исмоилова, Гулбаҳор Отабекова (аз ноҳияи Спитамен) ва Ҷасурҷон Муҳаммадиев, Райҳона Орифзода, Сайфиддин Эгамбердиев, Рухшона Бурҳонова, Лутфулло Давлатов (аз ноҳияи Fончӣ) барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ Ифтихорномаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд тақдим гардид.

Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Fончӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Шоми ҷавонӣ» баргузор шуд ва дар он раиси ноҳия Зуфар Исмоилов суханронӣ кард.

Фестивал дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ хотирмон ва дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ доир шуд.

Мухтори Абдулло, «Садои мардум»