Мулоқоти судманд

№129 (3275) 04.11.2014

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа корҳои назаррасро анҷом дода,  ҷиҳати дастгирии  онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда истодааст.

Ин нуктаро Мунира Шамсиева — намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо занон ва духтарони фаъоли шаҳри Чкалов, ки дар Донишкадаи кӯҳӣ -металлургии Тоҷикистон доир гардид, баён дошт.

Тавре зикр шуд, самараи ғамхориҳои Ҳукумат аст, ки теъдоди гирандагони грантҳо аз ҳисоби занон бамаротиб афзуд, ки маблағи он имрӯз ду миллион сомониро  ташкил медиҳад. Дар ин замина ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, шумораи зиёди занон бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Мунира Шамсиева изҳор дошт, ки имрӯзҳо гарчанде дастовардҳои занону бонувон зиёд бошад ҳам, камбудиҳо низ кам нестанд.  Хусусан барҳамхӯрии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро беташвиш гузошта наметавонад.

Ҳамзамон аз даст ба худсӯзӣ ва худкушӣ задани занону духтарон, дур мондани духтарон аз таҳсил ва амалҳое, ки  хоси занону духтарони тоҷик нест ва ба шаъну шарафи онҳо латма ворид менамояд, изҳори нигаронӣ карда шуд.

Зикр гардид, ки мулоқоти мазкур тибқи нақшаи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои умда, алалхусус  гаравидани занону духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, пошхӯрии оилаҳо,  риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  ва ғайра рӯи кор омадааст.

М. АБДУЛЛО, «Садои мардум»