Ним аср дар як коргоҳ

№23 (3169) 08.03.2014

Бонуе, ки мо аз рӯзгори пуршебу фарозаш қисса карданӣ ҳастем, 50 соли расо, яъне ним аср инҷониб, дар як коргоҳу як соҳа-ҷамъияти матлуботи шаҳри Истаравшан заҳмат мекашад. Ҳоло ҳам чустучолок буда, назар ба синну солаш ҷавонтар метобад, ҳарчанд ки зиндагиаш аз маҳрумиятҳо ва ранҷу машаққат низ орӣ набудааст.

Муҳаббат ҳамагӣ 13 сол дошт, ки аз падар маҳрум шуд. Падараш Абдулҳамид Раҳимов коргари одии мағозаи нонфурӯшии ҷамъияти матлубот буду фарзандони худро бисёр дӯст медошт. Таманно мекард, ки фарзандонаш ҳам ҳамчун инсонҳои нек ба воя расанду ба халқ хизмат кунанд. Аз чӣ бошад, ки ба Муҳаббати хурдсол духтарону занони хилъати сафедпӯш писанд буданд. Ӯ ба сару тани мисли барф сап-сафеди онҳо назар медӯхту мафтуни суханҳои ширину тасаллоомези онҳо мешуд ва дар ниҳонхонаи қалби кӯчакаш орзуи духтур шудан лона мегузошт. Вале соли 1960, рӯзе падар аз кӯча беҳолу бемадор баргашту ба таври ногаҳонӣ ин дунёи пур аз ғаму дардро тарк гуфт. Модари ҳамагӣ 34- сола Муяссарой Ҷумъаева бо чор фарзанд-ду писару ду духтари кӯчак танҳо монд. Акнун рӯзҳои сахт ва вазнин ба ин хонадони чанд рӯз қабл хушбахт мисли зулмоти шабҳои сарду берӯҳи зимистон сар халониданд. Дар оила ҳамин Муҳаббати 13-сола аз фарзандон аз ҳама калон буду хоҳарчаи хурдиаш Равшаной ҳамагӣ се сол дошт. Модари мусибатзада шабу рӯз сӯзан мезаду тоқӣ медӯхт ва ҳафтае як маротиба рӯзи бозор–якшанбе маҳсули дастони худро бароварда мефурӯхту ба фарзандонаш «қути лоямут» пайдо мекард. Муҳаббат бошад, ҳаракат мекард, ки кори хона, ташвишҳои пухтупаз ва ҷомашӯиро анҷом диҳад.

Дар ҳамон замон аз шаҳрҳои музофотии Тоҷикистон кам андар ками духтарон барои таҳсил ба шаҳрҳои калон мерафтанд. Давлат ашхоси алоҳидаро аз ҳисоби устодони мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ вазифадор карда буд, ки шаҳр ба шаҳру хона ба хона гашта, духтаронро ба чунин мактабҳо ҷалб намоянд, то ин ки онҳо соҳиби маълумоти касбию олӣ шаванд. Муҳаббат дар остонаи хатми мактаби миёнаи № 32-и шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) қарор дошту рӯзе як муаллими калон аз шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) омада, ба синфашон даромад ва аз духтарҳои мавҷуда 12 нафарашонро розӣ кард, ки таҳсилро дар мактаби ин шаҳр идома диҳанд. Муҳаббат изҳор кард, ки хондан мехоҳаду вале дар хона шароит надорад.

«Сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан-модар мебошад… Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ ширкат дорад ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст».

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар, 7 марти соли 2013).

- Мо модаратро худамон розӣ мекунем. Тайёриатро бин, ба Ленинобод ба хондан меравӣ, -гуфт роҳбари синфашон.

Ҳамин тавр ба хондани Муҳаббат модараш ҳам розӣ шуд: -Рав духтарам, хон, зиндагиро бошад, ману додаронат як илоҷ мекунем,-гуфт модар. Ҳамин тавр Муҳаббат ҳамроҳи як гурӯҳи ҳамсинфонаш ба Ленинобод ба хондан рафту ба Техникуми кооперативӣ дохил шуд.

- Аз гурӯҳи духтарони ҳаммактабамон мо ҳамагӣ ду нафар курси пурраи Техникуми кооперативиро бо ихтисоси молшинос хатм кардем. Ятим Нурович Мирзоев низ, ки солиёни зиёд роҳбарии «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳуриро ба уҳда доштанд,  ҳамкурси мо буданд, — ба хотир меорад Муҳаббат Ҳомидова ва  ба ёд овардани рӯзҳои аввали таҳсилаш, мушкилиҳою машаққатҳои таҳсил лаҳзае чеҳраашро ғамгин месозанд ва ӯ боз ба чида-чида сухан кардан мепардозад:

- Дар курси якум ҳамагӣ 14 сӯм стипендия мегирифтам, дар соли дуюм он 20 сӯм шуд. Аз ҳамин маблағ пасандоз карда, ба хонаамон макарон, қанд, равған, орд барин чизҳои зарурии рӯзгорро харида меовардам, то азоби рӯзгордории модарам камтар шавад.

Ҳамин тавр тақдир роҳи минбаъдаи зиндагии ин ҷавондухтари истаравшаниро муайян намуд. Ӯ пас аз хатми техникум корро аз молшиноси Ҷамъияти матлуботи шаҳри Ӯротеппа оғоз карду пас аз се сол –соли 1967 ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1971 бомуваффақият бо ихтисоси молшиноси молҳои саноатӣ ва хӯрокворӣ хатм карда, соҳиби маълумоти олии касбӣ шуд. Соли 1969 Муҳаббатро ба шавҳар доданд. Шавҳараш Азимҷон Ҳомидов -омӯзгори фанни физикаву математика, ки худ дар оилаи камбизоату серфарзанд ба воя расида буд, завҷаи худро хуб мефаҳмид ва барои равнақу ривоҷи кораш ёрӣ мерасонд. Муҳаббат Ҳомидова минбаъд раиси раёсати Ҷамъияти матлуботи деҳоти «Гулистон», молшиноси калон, ҷонишини директори фурӯшгоҳи «Гули Сурх»-и шаҳри Ӯротеппа таъин шуд. Ба шарофати кордониву лаёқати хуби ташкилотчигиаш вазифаҳои пурмасъулияти ҷамъиятии котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, раиси Шӯрои бонувони Ҷамъияти матлуботи шаҳрро низ ба уҳдааш гузоштанд. Ӯ дар ҳар вазифае, ки кор мекард ва кадом масъулияти ҷамъиятиеро ба уҳда дошт, худро ҳамчун мутахассиси кордон, роҳбари нисбати иҷрои вазифаи хизматиааш масъулиятшиносу нисбат ба зердастон аз як тараф, сахтгиру аз тарафи дигар, мӯнису ғамхор, нисбати мутахассисони ҷавон мураббии ботаҷриба  нишон медод.

Дар натиҷа, аз паси меҳнати ҳалолаш борҳо ба ҳайси вакил дар анҷуманҳои Иттифоқи матлуботи вилояту ҷумҳурӣ ва Сентросоюзи Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.

- Ман тӯли умру кори бобаракатам бо роҳбарони зиёди ҷамъияти матлубот, ба монанди Имомназар Худойназаров, Ислом Аловаддинов, Мавлавӣ Хуҷаҷонову Одил Оқилов кор кардаам. Роҳбари имрӯзаи ҷамъияти матлуботамон муҳтарам Камол Абдуллоев мисли додарам аст. Саҳми роҳбаронеро, ки номбар кардам, дар ташаккулу такомули ман ҳамчун матлуботчӣ хеле калон аст. -Тӯли ин муддат даҳҳо шогирдонро ҳам тарбия карда, ба хизмати халқ роҳнамун сохтам ва имрӯз ҳам аксари онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор карда истодаанд, -мегӯяд ӯ.

Апаи Муҳаббат Ҳомидова имрӯз соҳиби ду духтар (онҳо низ аз пайи касби модар рафта, матлуботчӣ шудаанд) ва панҷ набера аст. Ӯ имрӯз назоратчии фурӯшгоҳи «Гули Сурх» мебошад ва ягона зан аст, ки дар Ҷамъияти матлуботи ба номи Фозилхонови шаҳри Истаравшан 50 сол инҷониб дар як соҳаву дар як коргоҳ ифои вазифа дорад.

Дар давоми фаъолияти нимасра ӯ, бо дарназардошти хизматҳои бисёрсолаву бенуқсонаш, бо унвонҳои «Зарбдори меҳнат», «Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ветерани меҳнат», «Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бисёр дигар ифтихорномаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявию соҳавӣ мукофотонида шудааст.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»