Ободонӣ ва созандагӣ пешаи мардуми мост

№33 (3179) 04.04.2014

паём мух 270314

Шаҳри бостонии Хуҷанд солҳои охир боз ҳам ободу зебо гашта, симои он дигаргун мегардад. Хабарнигорамон бо раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода мусоҳиб шуда, роҷеъ ба ободониву созандагӣ, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадаанд ва дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) таъкид шуда буд, суҳбат намуд. Муҳтавои он пешкаши хонандагони рӯзнома мешавад.

- Муҳтарам раис, дар доираи иқдомҳои неки ободонӣ солҳои охир роҳҳои шаҳри Хуҷанд мумфарш ва таъмир мешаванд.

- Оре, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ гузаронидани ҷашну маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла таҷлили иди 20 — солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  солгарди Ваҳдати миллӣ ва вусъати корҳои созандагӣ қарори раиси шаҳр «Дар бораи 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр» ба тасвиб расидааст, ки ҳадаф аз он тозагию ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунию гулзоркунӣ, чароғонкунӣ ва сари вақт гузаронидани корҳои таъмирии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва роҳҳои автомобилгард мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар ин радиф дар доираи дастуру супоришҳои барномавии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус бобати амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр як қатор иқдомот ва корҳои созандагӣ амалӣ гардид.

Чунончӣ, соли гузашта дар шаҳр ба масоҳати 10 км роҳҳо, аз ҷумла кӯчаҳои Мақсудҷони Танбӯрӣ, Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо, Содирхон Ҳофиз, Таги Сада, Бофанда, Хайрӣ Раҷабова, роҳи маҳаллаи Чашмаи Арзана мумфарш ва ба миқдори 1156 тонна асфалт хобонида шуд.

Бо кумаку дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мумфаршкунии хиёбони Рифъат Ҳоҷиев, кӯчаҳои Хуҷанд, Себзор, Аминҷон Шукӯҳӣ, Пайрав Сулаймонӣ ба анҷом расид, ки дар ин амали хайр соҳибкорон низ саҳми муносиб гузоштанд.

Муассисаи кабудизоркунӣ ва қитъаи кабудизоркунии шаҳр дар ду тарафи кӯчаҳои асосӣ ва гулгаштҳо 115 ҳазор бех гулҳои ҳархелаи ороишӣ ва беш аз ду ҳазор бех дарахти сояафкан шинонид.

Соли гузашта дар шаҳр 21 иншооти маданӣ-маишӣ, истиқоматӣ, коммуналӣ ва ободонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла моҳи июни соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нав – корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминии «Офарин Алюминиум» ва корхонаи ресандагии ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд»,  Қасри варзиш барои 3000 нафар ҷойи нишаст ва бинои маркази савдо, тиҷорат ва хизматрасонӣ бо номи «TAJ CITY» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ гардид.

Ба хотири тоза нигоҳ доштан ва ободонии шаҳр, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандорӣ аксияҳои «Шаҳрамро тоза нигоҳ медорам», «Бехатарии роҳ» ва «Беҳдошти саломатӣ» баргузор гардид.

- Дар шаҳр бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёна анъана шудааст…

- Воқеан ҳам муҳайё намудани шароити хуб барои кӯдакону наврасон яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошад. Тибқи нақшаи чорабиниҳо, бо ҷалби соҳибкорон ва сокинони маҳаллаҳо соли гузашта 12  майдончаи варзишию бозии кӯдакона,  аз ҷумла дар маҳаллаҳои Бофанда, Дӯстии халқҳо ва Тиллокон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Соли равон низ ин иқдом идома хоҳад ёфт.

- Хуҷанд шаҳри саноатист. Оё рушди соҳаи саноат қонеъкунанда аст?

-Дуруст зикр кардед, ки Хуҷанд аслан шаҳри саноатӣ буда, пешрафту тараққиёти он ба ин рушди соҳа сахт марбут аст. Ҳоло теъдоди корхонаҳои саноатии калону миёна дар шаҳр ба 90 адад расид, ки ин нишондод нисбат ба 1 январи соли гузашта 20 адад ё 26,7 фоиз зиёд мебошад.

Номгӯйи маҳсулоти истеҳсолшаванда низ афзун гардид. Профилҳои алюминӣ, сарпӯш барои зарфҳои шишагӣ, рангҳо, сим ва масолеҳи оҳану бетонӣ аз ин ҷумлаанд. Ин намуди маҳсулот на танҳо ба бозори дохилӣ, балки ба давлатҳои хориҷи кишвар низ содирот мешавад ва аз ин ҳисоб нишондиҳандаҳои содироти мол баланд мегардад.

Ҳоло дар шаҳр бунёди якчанд корхонаҳои саноатӣ ба анҷом мерасад, ки фаъолияти ин коргоҳҳо бо таҷҳизоти истифодаи неруи барқашон каммасраф ва муҷаҳҳаз бо технологияи навини муосир роҳандозӣ мегардад. Ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Фирӯз», «Нассоҷи Хуҷанд» ва ҶДММ КМ «Тадҷпроф» аз ин гуна корхонаҳои замонавӣ ва мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд.

Чанде пеш дар минтақаи саноатии шаҳр коргоҳи нави дӯзандагиву бофандагии «Сарей» мавриди истифода қарор дода, 50 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд. Корхона имкон дорад соле то 10 ҳазор адад либоси варзишӣ истеҳсол ва ба мамолики хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, содирот намояд.

- Ободонӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зисти шаҳрвандон аз иҷрои нақшаи буҷет вобастагии мустақим дорад…

- Ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ ҳамарӯза беҳтар кардани раванди ташаккули буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият меёбад, ки он ба ислоҳоти идоракунии молиявии давлат, шаффофият, самаранокӣ ва иҷрои қатъии қисми даромади буҷет равона мешавад. Соли гузашта иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 108,7 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 111,2 фоиз таъмин гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда мутаносибан 15,5 миллион сомонӣ ва 7,6 миллион сомонӣ зиёд аст.

Доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба масъалаҳои мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ бояд зикр намуд, ки соли гузашта нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 103,3 фоиз иҷро гардида, қисми асосии хароҷот ба соҳаҳои маориф, хоҷагии коммуналӣ ва тандурустӣ рост омада, 92,2 фоизи қисми хароҷоти буҷети шаҳрро ташкил дод.

Бо мақсади таъмини рушди иқтисодиёти шаҳр барои ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода шуд. Дар ин давра 31,3 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ -22,5 млн. доллар ва 8,8 млн. доллар — сармояи хориҷӣ ҷалб гардид. Сармояи хориҷӣ асосан ба соҳаҳои алоқа, саноат, хизматрасонӣ ва сармояи дохилӣ бошад, бештар ба соҳаҳои саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ ворид шуд. Ғайр аз ин, ба иншоотҳои сохтмонашон нотамом 8,5 миллион доллари ИМА сармояи дохилӣ ҷалб гардид.

Дар доираи лоиҳаи «Оид ба беҳтар кардани вазъи оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд» дар марҳилаи дуюм як қатор корҳо ба сомон расид. Ҳаҷми умумии ин лоиҳа 8883,0 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил медиҳад ва кор дар ин самт идома дорад.

Ҳоло дар шаҳр якчанд иншоот барои истифода омода аст. Пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Раҳмон Набиев, меҳмонхона, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶДММ «Афзали Суғд» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва маркази таълимӣ-истеҳсолии ҳунарҳои халқии қолинбофӣ ва сӯзанидӯзии «Шероз» дар назди ҶСШК «Зиннат» аз ҳамин қабиланд.

Ин ҳама иншооти нав ба ҳусни шаҳр таровати бештар зам намуда, ба беҳтар шудани шароити зисти сокинон ва меҳмонони он мусоидат хоҳад кард.

Мухтори Абдулло,  «Садои мардум»