Ғолибон сарфароз гардонида шуданд

№133 (3118) 19.10.2013

Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и маркази вилояти Суғд даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ  байни ноҳияҳо  ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят дар мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҷамъбаст гардид.

Тибқи қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси  агросаноатии вилоят дар ин сабқат  ноҳияи Мастчоҳ ҷойи аввал ва ноҳияи Спитамен  ҷойи  дуюмро ишғол карданд.

Дар бистрӯзаи аввал заркорони ноҳияи Мастчоҳ 16 ҳазору  651 тонна ё баробари 67,01 фоизи дурнамои  солона, кишоварзони ноҳияи Спитамен бошанд, 8 ҳазору 724 тонна ё баробари 66,09 фоизи дурнамои солона пахта ҷамъоварӣ намуданд. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба ғолибон «Вимпели сайёр» ва мукофотҳои пулиро дар ҳаҷми  20 ва 10 ҳазор сомонӣ тақдим намуд.

Дар миёни хоҷагиҳои пахтакори вилоят хоҷагии деҳқонии «Рахшона»-и ноҳияи Ашт ғолиби мусобиқаи меҳнатӣ дониста  шуда, бо «Вимпели сайёр» ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми  5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Деҳқонони ин хоҷагӣ 1287 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, дурнамои солонаро  113,3 фоиз таъмин намуданд.

Ҳамчунин шаҳри Хуҷанд барои ҷалби бештари ҳашарчиён ва ба ин восита ҷамъоварии 630 тонна пахта ғолиб дониста шуда, бо «Вимпели сайёр» ва 5 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»