Зери партави раҳнамоиҳои Сарвари давлат

Ғончӣ: бунёдкорӣ вусъат меёбад

№7 (3153) 18.01.2014

<Ба шарофати  истиқлолияти давлатӣ ва таҳким ёфтани пояҳои давлатдорӣ ва иқтисодиёти кишвар  ободонию созандагӣ дар шаҳру навоҳии мамлакатамон доман густурда, торафт вусъат меёбад. Дар ин ҷода ноҳияи Ғончӣ низ истисно нест.

Ҳар дафъае, ки ба ин диёри кӯҳсору зебоманзар сафар мекунам, бо чандин иншоотҳои наву нуқтаҳои тозаи фарҳангиву таълимӣ, хизматрасонию маишӣ дучор меоям. Дар ин макон  бо роҳи ҳашару корҳои дастаҷамъӣ сохтмон ва таъмиру таҷдиди таълимгоҳҳою иншоотҳои тиббӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Чанд рӯз қабл вориди дафтари кории раиси ноҳияи Ғончӣ, марди кордону ташкилотчӣ Исмоилов Зуфар Муртазоевич гаштаму ӯро дар тараддуди берун омадан дидам.

-Дар яке аз дурдасттарин деҳаи ноҳия-Навобод кӯпруки нав ба истифода дода мешавад. Агар майл дошта бошед, ҳамроҳ меравем ва раҳораҳ суҳбат мекунем,-гуфт ӯ.

Ман ин марди кордонро ҳанӯз аз замони сарвари ҷавонони вилояти Суғд буданаш хуб мешиносам. Дар назари аввал кас ӯро шахси низомӣ гумон мекунад. Ҳарчанд дар тан сарулибоси мулкӣ дорад, вале нигоҳу чеҳраи ҷиддӣ, таваҷҷуҳ ва қомати баланду қадаммониҳояш афроди низомиро ба хотир меоваранд.

Ӯ дар ҳақиқат афсари захиравӣ ҳам ҳаст. Пас аз хатми риштаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ду сол дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарзи интернатсионалӣ ба ҷо овардааст. Ордени «Ситораи Сурх», медалҳои «Барои хизмати ҷангӣ», «Ба ҷанговари интернатсионалист», «Барои фидокорӣ» (Афғонистон) ва чандин мукофотҳои дигар баёнгари фидокориҳояш дар кишвари ҳамсоя мебошанд.

Баъдан  риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро низ хатм кардааст.

Ман дар ҳама чорабиниҳои ҷавонони вилояти Суғд ҳамеша ӯро пешсаф дидаам. Таъмиру таҷдид ва ба Кохи ҷавонони вилояти Суғд табдил додани кинотеатри бекормондаи «Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд низ самараи хизматҳои ӯ мебошад.

Зуфар Муртазоевич инак се сол аст, ки раисии ноҳияи Ғончиро ба уҳда дорад.

Бо тақозои вазифа зуд-зуд ба ин ноҳия сафар мекунам, ӯро ҳамеша дар иҳотаи мардум ва байни халқ мебинам. Дар ҳамаи баромадҳояш аз кору созандагӣ, ободонию бунёдкорӣ ҳарф мезанад. Рӯзҳои гузаштаи вазнини кишварро ба ёд оварда, аз гулгулшукуфии имрӯзаи он меболад. Аз фидокорию ҷоннисориҳои Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, иқдомҳои наҷибу ватандӯстонаи ӯ, садоқат ба арзишҳои волои миллӣ, ватандориву созандагиҳои Президент бо самимият ва ифтихор ҳарф мезанад, мардумро ба якдигарфаҳмиву муттаҳидӣ ва ободкорӣ даъват менамояд.

Дар чандин вохӯриву мулоқотҳояш бо мактабиён иштирок кардаам. Шеъри бисёреро аз ёд медонад ва ба мактабиён аз ашъори ватандӯстонаву меҳанпарастонаи МирзоТурсунзодаву Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноату Муҳаммад Ғоиб, Бозор Собиру Фарзона ва Хайрандеш намунаҳо мехонад, эшонро ба дӯстдории Ватан,  донишандӯзӣ ва ҳамчун насли ватанхоҳу ватандор ва миллатдӯст, созандаву бунёдкор ба воя расиданашон талқин менамояд.

Ман ба хотири кӯтоҳ кардани роҳи тақрибан 40 километрӣ, ки шаҳри Истаравшанро убур карда, ба ҷониби деҳоти «Далёни Боло» мебарад, аз раис хоҳиш мекунам, ки оид ба рафти корҳои ободониву созандагӣ сухан гӯяд…

Маълум мегардад, ки мардуми ободкори ноҳияи Ғончӣ тӯли солҳои охир кори зиёди ободониву созандагиро ба анҷом расонидаанд.

Дар ноҳия тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ бо роҳи сохтмони асосӣ, ҳашарҳои умумӣ ва кӯмаку дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ зиёда аз 80 иншооти мактабу маориф,  20 иншооти ҳифзи сиҳатии омма сохта, таъмиру таҷдид шудаанд, 15 км хатҳои нави оби нӯшокӣ, ки тайи ин муддат кашида шудаанд, имрӯз мушкили зиёди сокинонро осон намудааст. Махсусан,  давоми се соли охир ба ободонию созандагӣ диққату эътибори алоҳида равона гашта, урдугоҳи беруназшаҳрии «Чашма», воқеъ дар деҳаи Зароби деҳоти «Муҷун», ки ба таъмири куллӣ эҳтиёҷ дошт, бо ҷалби бештари хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаву муассисаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, ба ҷойи истироҳати бофароғати кӯдакон табдил ёфтааст. Варзишгоҳи марказии ноҳия низ бо чунин иқдом аз таъмир бароварда шуд. Барои истироҳати бофароғати аҳолӣ дар маркази шаҳраки Ғончӣ боғи фарҳангию фароғатӣ ба маблағи 132 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар ин давра ҳамчунин дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-и деҳаи Овчӣ ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27-и деҳаи Метк  биноҳои иловагии мактаб сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Аз ҳисоби Фонди каталитикӣ дар назди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и деҳаи Эшонқӯрғон ва 35-и деҳаи Каҷровут, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и деҳаи Басманда биноҳои иловагии мактабу синфхонаҳо сохта, ба истифода дода шудааст.

Аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар назди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24-и деҳаи Ростровут сохтмони бинои мактаби замонавӣ барои 640 нафар хонанда, рақами 6-и деҳаи Хӯҷаҳо бинои нави мактаб барои 624 нафар хонанда , рақами 29-и деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ барои 320 нафар хонанда идома дорад.

Ба тариқи ҳашар дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47-и деҳаи Басманда толори варзишӣ  дар арафаи ба истифода супурдан аст.

Бо ташаббуси ашхоси саховатманди ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ  сохтмони иншооти гуногуни тандурустӣ низ ба роҳ монда шудааст. Сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Ҳавутак ва Бобучак, нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ дар деҳаҳои Хӯҷаҳо ва Далён, маркази саломатии деҳаи Меҳробод аз ин ҷумлаанд. Сокинони деҳаи Ҳазорчашма тавассути  ҳашар бинои нави беморхонаи ноҳиявиро дар деҳа бунёд намуда истодаанд. Бо кӯмаки аҳолӣ бинои беморхонаи деҳаи Муҷун таъмир гардид. Ҳамчунин бо ташаббуси аҳолӣ дар деҳаи Истиқлол сохтмони беморхона барои 15 кат идома дорад. Дар деҳаи Зарнисор як бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тайи ин муддат муассисаҳои фарҳангии ноҳия низ таъмиру тармим гашта, барои фаъолияти мунтазами онҳо шароит фароҳам гардид. Аз ҷумла бинои Қасри фарҳанги ноҳия аз таъмири куллӣ бароварда, бо маблағҳои буҷети маҳаллӣ таҷҳизоти ороишӣ, барқӣ, равшанидиҳанда, таҷҳизоти саҳнавӣ дастрас ва насб карда шуд. Инчунин бо ҷалби хоҷагиҳои кишоварзӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша биноҳои хонаҳои фарҳанги деҳаҳои Лолазор, Далён, Хӯҷаҳо таъмиру тармим гардид.

Сокинони ноҳияи Ғончӣ рӯҳбаланду сарфарозанд, ки 18 июни соли 2013 дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ташриф оварданд. Бо иштироки Сарвари давлат маркази  «Файзи Далён» мавриди истифода қарор дода шуд, ки зиёда аз 20 намуди хизматрасониро ба аҳолӣ дар бар гирифта, ба ин васила зиёда аз 100 нафар сокинони маҳал бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат мумфаршкунии 5 километр роҳҳои дохилии шаҳрак оғоз гардид. Президенти кишвар, аз ҷумла бо фаъолияти ҶДММ «Ороста» ошно шуданд, ки бо васлу насби беш аз 20 адад таҷҳизоти замонавӣ онҳо коргоҳи муҷаҳҳазеро барои бонувон ба вуҷуд овардаанд. Тибқи дастур ва нишондодҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 5 километр роҳҳои дохилии шаҳрак бо сифати баланд аз нав асфалтпӯш ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси ноҳия Зуфар Исмоилов дар мавриди дастовардҳои варзишгарони ноҳия, ки ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ гардидаанд, бо эҳтиром сухан мекунад, аз муваффақиятҳои шогирдони мактабҳо ба ваҷд меояд…

Ман ба андеша меравам. Хуб медонам, ки ноҳияи Ғончӣ асосан ноҳияи аграрист. Ба ёдам суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мерасанд, ки зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд моҳи сентябри соли 2013 чунин гуфта буданд: «Мусоидат ба иҷрои Барномаи давлатии амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳимтарини иқтисодиёти вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода картошкапарварӣ яке аз бахшҳои асосии соҳаи кишоварзӣ дар вилоят ба шумор рафта, сол аз сол зиёд намудани кишти он аз ҷумлаи муҳимтарин ҳадафҳои Барномаи рушди кишоварзӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ҳафт соли охир ду баробар зиёд гардида, соли гузашта (соли 2012 дар назар аст) ба зиёда аз 380 ҳазор тонна расонида шуд».

Қобили зикр аст, ки аз се як ҳиссаи ҳосили ин навъи зироатро дар вилояти Суғд маҳз ноҳияи Ғончӣ истеҳсол менамояд. Аз раиси ноҳия оид ба вазъи ин соҳа пурсон мешавам.

- Дар ноҳияи мо майдони кишти картошка сол ба сол зиёд шуда, ҳосилнокӣ боло меравад. Масалан, агар дар соли 2011 картошкапарварон ҳаҷми умумии истеҳсоли картошкаро ба 108500 тонна расонида бошанд, дар соли 2012 ин нишондиҳанда ба 114 011 тонна расид. Соли 2013 истеҳсоли картошка ба 121 545 тонна баробар гардид.

-Тибқи Барномаи давлатӣ соли 2011 дар майдони 139,7 гектар боғ, 7,4 гектар токзори нав, соли 2012-ум 132,2 гектар боғ, 7,55 гектар ток ва дар соли 2013-ум 138,6 гектар боғ ва 10,2 гектар ток бо тамоюли афзоиш бунёд ва барқарор шуд,-мегӯяд Зуфар Исмоилов.

Солҳои пешин яке аз масъалаҳои доғи ҳаёти иҷтимоии сокинони ноҳияи Ғончӣ ин масъалаи таъмин бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ ҳисоб меёфт. Аз раиси ноҳия вазъи имрӯзаи ин масъаларо пурсон мешавам.

-Дар ин самт тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1123,48 гектар замин ҷудо гардид ва тақсимоти он мақсаднок ба роҳ монда шуд. Дар соли 2013 ба 747 сокини деҳаи Далён, 186 нафар сокини деҳаи Далёни Боло, 213 нафар сокини деҳаи Қалъачаи Арбоб, 148 нафар сокини деҳаи Ростровут, 49 нафар сокини деҳаи Чуянчӣ, 23 нафар сокини деҳаи Нуробод, 145 нафар сокини деҳаи Каҷровут, 304 нафар сокини шаҳраки Ғончӣ, ҷамъ ба 1815 нафар сокини эҳтиёҷманди ноҳия қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуданд. Умуман, давоми се соли охир 5601 нафар сокини эҳтиёҷманди ноҳия  соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардид,- иброз дошт мавсуф.

… Мошинаи мо роҳи пурпечу ноҳамвори кӯҳиро паси сар карда, ба деҳаи Навобод расид. Ин деҳаи на чандон калон дар қисмати охири деҳоти «Далёни Боло» қарор доштааст. Дар ин ҷо маросими ботантанаи мавриди истифода қарор гирифтани кӯпруки нав доир шуд. Он роҳи ду соҳили бар асари боришоти зиёд харобгардидаро ба ҳам пайваст.

Қобили зикр аст, ки ин кӯпрук бо ҳиммату саховатмандии пири хирадманди 77- солаи деҳа, бобои Акрамбой Ҳотамов ва фарзандони ӯ сурат гирифтааст. Барои сохтмони он, ки бо роҳи ҳашару корҳои дастаҷамъии устоҳои маҳаллӣ ва мардуми деҳа дар зарфи ҳамагӣ 24 рӯз бунёд гардидааст, шаш ҳазор доллари амрикоӣ масраф шудааст.

Мардум ҳама шоду хурсанд, пирони деҳа даст ба дуои давлату Ҳукумати Тоҷикистон, Сарвари оқилу доно Эмомалӣ Раҳмон бардоштанд.

Зуфар Исмоилов ба ободиҳои деҳа, ҳавлию хонаҳои нав ва як идда иншооти тозабунёди он ишора карда гуфт:

-Бинед, қадами мубораки истиқлолият то дурдасттарин деҳаҳои кишварамон расидааст. Мулкамон обод, мардумамон шод аст. Ин ҳама ба шарофати неъмати бебаҳо- истиқлолият ва Роҳбари оқилу доноямон аст. Оё аз тинҷиву осоиштагӣ дида, дигар неъмати беҳтаре барои инсон ҳаст?

Ӯ суоломез назар ҷониби ман дӯхту худ ба суолаш посух гардонид:

-Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфтанд: «Мо ба ҳама мақсадҳои наҷибу бузургамон ҳатман ноил хоҳем гашт, агар ҳамаамон ҳаммарому муттаҳид бошем, ба Ватани азизамон содиқона хизмат кунем, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро таҳкими бештар бахшем, ширкати фаъолонаи онҳоро дар идоракунии давлат таъмин гардонем, арзишҳои волои фарҳангӣ ва суннату оинҳои неки халқамонро ҳар чӣ бештар аз худ намоем ва муҳимтар аз ҳама манфиатҳои миллию давлатиамонро аз тамоми манофеи дигар афзал шуморем».

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»