Рӯ ба ободӣ

№109 (3255) 20.09.2014

Шаҳраки сабзу  хуррам ва зебоманзари «Истаравшан» самараи даврони Истиқлолият аст. Дар он агар нахустин манзилҳо замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қомат афрохта бошанд, пас шумори манзилҳои навсохти замонавии ду – се ошёна ва аз ҳар ҷиҳат назаррабо бо даҳҳо нуқтаҳои хизматрасонии маданӣ, маишӣ, фарҳангӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолият арзи вуҷуд карданд.

Айни замон дар шаҳрак 517 хоҷагӣ, ки аз 3500 нафар аҳолӣ иборат аст, зиндагӣ ва кору фаъолият мекунанд. Баланд шудани сатҳи зиндагии сокинони шаҳракро метавон бо он қиёс кард, ки давоми якуним соли охир 30 оила барои худ манзили нав сохта, ба он кӯчидаанд ва аксари оилаҳо чорвои хурду калон ва мошини сабукрав доранд.

Вақте шахс дар шаҳрак гаштугузор мекунад, аз тозагӣ, ободӣ ва бунёдкориҳои ин ҷо беихтиёр ба ваҷд меояд.

Қарорҳои раиси вилояти Суғд «Дар бораи соли 2014-соли роҳҳои обод» ва раиси шаҳри Истаравшан «Дар бораи 355 рӯзи тозагӣ, ободонӣ ва кабудизоркунӣ» дили ҳар як сокини шаҳракро ба ҷӯш овард. Дар суҳбат бо мо раиси кумитаи шаҳрак Ҳайдар Додоев изҳор дошт, ки баъди ба тасвиб расидани қарорҳои номбурда ҳама аз як гиребон сар бароварда, баҳри ободии роҳу кӯчаҳо ваиншоот камари ҳиммат бастанд. Туфайли ҷидду ҷаҳди аҳли шаҳрак, фаъолон ва соҳибкорон соли равон боғчаи бачаҳо, ки солҳо аз фаъолият монда буд, баъди тармиму таъмир ба кор шурӯъ кард. 70 нафар бачаҳо ба тарбия фаро гирифта шуданд. Чойхона – қироатхона таъмиру шаш синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 тахтафарш карда шуда, як синфхонаи нав бунёд гардид. Тавассути кашидани хати об ба масофаи як км 30 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин шуд.

-Ба наздикӣ ба сохтмони бунгоҳи тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат аз суратгирхона, сартарошхона, дорухона ва мактаби замонавӣ барои 320 нафар хонанда оғоз мекунем.

Ин бунёдкориҳо ба ҳусни шаҳрак ҳусни тоза хоҳад бахшид. Дар раванди ободонӣ саҳми фаъолони шаҳрак Аюб Мухторов, Рауф Қулиев, Лутфия Обидова, Маъруф Аъзамов, соҳибкорон Неъматулло Самиев,  Ҷӯра Аслонов, Абдулло Аюбов ва дигарон басо калон аст.

Ҳусейни Назрулло,  «Садои мардум»