Ду хабар аз Хуҷанд

№53 (3354) 13.04.2015

«Тибби Аҷам» дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд боз як маркази ташхиси тиббии муосир бо номи «Тибби Аҷам» ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Раиси шаҳр ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти марказ гуфт, ки ин тадбир баёнгари он аст, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати баланд бардоштани сатҳу сифати муолиҷа ва хизматрасонии тиббӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам омадааст.

Дар марказ панҷ дастгоҳи ташхиси рақамии ултрасадо, рентген ва ғайра аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон дастрас ва насб шудаанд, ки дар вилоят беназир буда, аз ҷониби мутахассисони ҷавони  соҳибтаҷриба идора мешаванд.

Маркази фавқуззикр аз ҷониби Ширкати «Чор додарон» бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ бунёд шудааст.

 

Раиси шаҳр ба занон грант медиҳад

Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» ва қарори раиси вилояти Суғд аз 16 феврали соли 2015 таҳти №79 «Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2015» раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бобати дар соли 2015 ҷудо намудани 15 гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба занон қарор ба тасвиб расонид.

- Мутобиқи ин қарор, панҷ гранте, ки ҳар яке 5000 сомонӣ маблағ доранд, панҷ гранти дигар бо маблағи ҳар яке 3000 сомонӣ ва панҷ гранти боқимонда ба маблағи 2000 сомонӣ ҳар кадомаш барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ равона мегарданд, — гуфт дар суҳбат сардори маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Дадобоев.

Дар асоси он аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд панҷоҳ ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд вазифадор шуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Абдувосит САЛИМЗОДА