Саҳми Тоҷикистон дар фронт ва ақибгоҳ

№55 (3356) 18.04.2015

Ба муносибати таҷлили 70 -солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 китоби нави устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров — Шариф Аҳмадов таҳти унвони «Саҳми Тоҷикистон дар фронт ва ақибгоҳ» рӯи чоп омад.

- Китоб асосан дар бораи  рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми ҷанговарони Тоҷикистон дар торумор кардани душманон нақл мекунад, — гуфт дар суҳбат масъули маркази матбуоти донишгоҳи мазкур Маъмури Юсуфзод.

Муаллиф дар ин китоб талош намудааст, ки корномаҳои ҷангии тоҷиконро бо мисолҳои воқеӣ инъикос карда, нақши фарзандони Тоҷикистонро дар пирӯзӣ бар фашизм нишон диҳад.Омӯхтани таърихи ин қаҳрамониҳои бемислу монанди ҷанговарон  дар ҷабҳа бар зидди душман ва талоши  меҳнаткашон дар ақибгоҳ на танҳо аҳамияти илмӣ, балки барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ аҳамияти калон дорад.

Абдувосит Салимзода