Семинари омӯзишӣ

№135 (3120) 24.10.2013

Бо ташаббуси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ, Академияи Мавҷи Олмон, Дафтари  намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо барои  сарварон ва кормандони масъули телевизион ва радиоҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар Кохи матбуоти маркази вилоят тайи се рӯз таҳти унвони «Воситаҳои ахбори оммаи электронӣ ва интихобот» семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар семинари мазкур перомуни мавзуъҳои комиссияи интихоботӣ ва вазифаҳои воситаҳои ахбори омма дар давраи интихобот, тарғиботу ташвиқоти пешазинтихоботӣ, ҳамкории комиссияҳои марказӣ ва маҳаллии интихобот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма дар давраи интихобот, раъйдиҳии шаҳрвандон, инъикоси интихобот тавассути воситаҳои ахбори электронӣ, технологияи созмондиҳии маводи телевизионӣ ва ғайра Нуриддин Қаршибоев – роҳбари АМВАОМТ, Эвалд Орф – мушовири Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба воситаҳои ахбори омма, Марк Сейдел ва Флориан Кроккер – тренерони Академияи Мавҷи Олмон маърӯза намуданд.

Дар семинар ҳамчунин аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, намояндаи  комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ  ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов, сардори Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Каримова иштирок ва баромад намуданд.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»