Шайдон ободу зебост

№134-135 (3280-3281) 15.11.2014

Шаҳраки Шайдон –маркази маъмурии ноҳияи Ашт 90-сола шуд. Ба ин муносибат  дар Кохи фарҳанги «Лола»-и ноҳияи Ашт ҷамъомад доир шуд. Дар фарҷоми ин чорабинӣ раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизӣ ба  хабарнигорамон доир ба таърихи ин шаҳрак чунин ибрози андеша кард:

-Шаҳраки Шайдон таърихи куҳан дорад. Мегӯянд, ки он дар нимаи дуюми асри ХV ва аввали асри  ХVI дар маҳалли васлшавии роҳи тиҷоратии «Шоҳроҳи бузурги абрешим» бо вилояти вақти Тошканд бунёд шудааст. Дар Шайдон даҳ корвонсарой бо хонаву бошишгоҳ ва анборҳо вуҷуд доштанд ва аҳолии Шайдон тоҷикон будаанд. Соли 1924 дар ин ҷо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ташкил ёфтааст. Шаҳрак тӯли 90 сол ҳамаҷиҳата  пеш рафта, рӯ ба тараққӣ овард.

Агар соли 1907 Шайдон дорои 1401 нафар аҳолӣ бошад, то 1 августи соли ҷорӣ ин рақам  ба 15010 нафар расидааст.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Маҳмудҷон Воҳидов, доктори илмҳои филологӣ Фарҳод Зикриёев, номзадҳои илмҳои филологӣ Ҳувайдулло Ҷалилов, Шамсиддин Каримов, Умарҷон Юлдошев, профессор, доктори илмҳои педагогӣ Бибиҳафиза Маҷидова, номзади илмҳои педагогӣ Абдуқаҳҳор Мирзоматов, профессор, доктори илмҳои  биологӣ Кимё Неъматҷонова, номзадҳои илмҳои техникӣ Луговой Вячеслав, Комилҷон Ҳомидов, Фазлиддин Абдусамиев, Шарифҷон Нуриддинов зодаи шаҳраки фавқуззикр мебошанд.

Имрӯз Шайдон ба яке аз шаҳракҳои тараққикардаи ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Дар ҳудуди шаҳраки Шайдон беш аз 90 ташкилоту корхона, 649 хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ,  як гимназия, як литсей, ҳафт мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, чор кӯдакистон, панҷ муассисаи табобатӣ, даҳ муассисаи фарҳангӣ, як қасри варзиш, панҷ толори варзишӣ, даҳ майдончаи варзишӣ, шаш филиали бонк, 21 муассисаи хизмати маишӣ, чор ҳаммом, ҳашт сартарошхона, 24 ошхонаву тарабхона, чор бозор, се масҷид мавҷуданд.

Корҳои ободониву созандагӣ авҷи тоза гирифта истодаанд. Бунёди пули 24-метра дар деҳаи Даҳана, гармхона дар шафати мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17, шаш синфхона дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 бо ташаббуси соҳибкор А.Саломов, кашидани хатти оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои Бинокорон, Ҷ.Муъминов, Ф.Мамадиев ва ғайра ба ин мисол шуда метавонанд.

Ҳоло бунёди Қасри фарҳанг  барои 800 ҷойи нишаст ва чойхонаи миллӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов идома дорад. Дар ошёнаи дуюми бинои интернати ноҳия кӯдакистон таъсис ёфта истодааст, ки филиали кӯдакистони рақами як мебошад. Азнавсозии бозори марказӣ, беҳсозии таъминоти аҳолии шаҳрак бо оби ошомиданӣ, таъмири роҳи марказӣ аз ҷумлаи нақшаҳои наздиктарини мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.

 Таҳияи Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»