Шукргузории пирон аз зиндагии пурсаодат гувоҳӣ медиҳад

№69 (3370) 18.05.2015

Дафтари кории Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ғончӣ дар бинои зебову барҳавои ҷамъияти матлуботи ноҳия ҷойгир шудааст. Дар деворҳо як тараф асноди зарурии ташкилот якҷо бо маълумотномаи аъзои Шӯро ва суратҳояшон, дар тарафи дигар иқтибосҳо аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон», пораҳо аз корномаҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 насб гардидаанд. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷамъияти матлуботи ноҳия Раҳимҷон Салимов ба мо корҳои анҷомдодаи аъзои Шӯроро фаҳмонда, дар бораи ҳар яки онҳо батафсил маълумот дод.

Соли гузашта дар ноҳияи Ғончӣ бо ташаббуси собиқ раиси ноҳия З. М. Исмоилзода (ҳоло вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) «Соли куҳансолон» эълон гардида, дар ин ҷода корҳои хайри зиёде анҷом ёфт.

-Аз байни кормандони ҷамъияти матлуботи ноҳияамон 22 нафар ба ҷанг сафарбар шудаанд, ки хушбахтона, аксарияташон аз сангарҳои хунини он зиндаю саломат ба зодгоҳ баргашта, дар барқарор намудани хоҷагии халқ ва пешрафти соҳаи «Тоҷикматлубот» саҳми арзанда гузоштаанд. Имрӯз дар ноҳияи Ғончӣ ҳамагӣ 32 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Аз онҳо ҳамагӣ як нафарашон матлуботчӣ мебошад, — гуфт Раҳимҷон Салимов ва афзуд: -Сад шукр, ки Давлат ва Ҳукумат ба чунин шахсони барӯманд ғамхориҳои зиёд зоҳир менамоянд. Имрӯз яке аз кӯчаҳои маркази шаҳракамон номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Саттор Ашӯровро дорад. Яке аз кӯчаҳои маҳаллаи «Бахт» ба номи ҷанговар Андарқул Хоҷамов аст. Чандин мактабҳои ноҳия ба номи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ номгузорӣ шудаанд. Мо дар доираи омодагиҳо ба 70- умин солгарди Ғалаба тадбирҳои зиёдеро амалӣ сохтем, дар мактабҳову муассисаҳо вохӯрию мулоқотҳои бисёр доир намудем ва чандин собиқадоронро аёдат кардем. Таклиф шуд, ки ба аёдати ягона собиқадори ҷанг аз байни матлуботчиён Абдулазиз Маҷидов равем ва мо ин таклифро бо камоли мамнуният пазируфтем. Ба мо раиси иттифоқи касабаи ҷамъияти матлуботи ноҳия Салимҷон Маҳмадалиев ҳамроҳ шуд.

-Афсӯс, ки иштирокчиёни ин ҷанги хонумонсӯз Абдувоҳид Юнусов, Шодӣ Болтаев, Маъруф Гадоев, Ориф Неъматов, Ботур Авлиёев, Имомназар Ғоибов, Андарқул Холматов, ҷамъ 18 нафар узви ҷамъияти матлубот, ки аз ҷабҳаи ҷанг саломат баргашта буданд, ба имрӯз нарасиданд. Аз онҳо танҳо Абдулазиз Маҷидов дар қайди ҳаёт мебошад, — гуфт Раҳимҷон Салимов.

Мо роҳ ба сӯи деҳаи Лолазор пеш гирифтем. Бояд гуфт, ки ин деҳа дар деҳоти «Яхтан» ҷойгир шудааст. Яхтан зодгоҳи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ӯрунбек Ёқубов ва боз даҳҳо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанист.

Ба истиқболамон бо мадади асо худи ҷанговар баромад. Чеҳрааш гулгун, ситорааш гарм, зиндадил. Ҳарчанд наберааш аз дасташ дошта, кумак мекард, ҷанговар пойи равон дошт.

Раҳимҷон Салимов ва Салимҷон Маҳмадалиев пас аз пурсупос дастовезҳои худро ба ин пири зиндагидида супурданду сари як пиёла чой суҳбати мо гарм шуд.

- Шукр, ки зиндаю саломатам. Чашмам бино, поям равон, дастонам бутун. Рӯзҳои сахтро паси сар кардем. Гушнагию қиматиҳо ҳама гузаштанд. Шукр, сад бор шукр, имрӯз боз серию пурӣ, замона тинҷ, ягон камбудӣ надорем, — мегӯяд амаки Абдулазиз.

Абдулазизро соли 1944 ба хизмат даъват карданд. Он вақт дар колхози ба номи Фрунзе кор мекард.16 нафарро дар масҷиди деҳа ҷамъ карда, бо дуои аҳли деҳа баҳри ҳифзи Ватан гуселониданд. Аз онҳо Абдулазиз дар шаҳри Марви Ҷумҳурии Туркманистон монд, зеро аз ин шаҳри ҳаётан муҳим лавозимоти ҷангӣ тавассути тайёраю қатораҳо ба майдонҳои ҷанг дастрас мешуд. Абдулазиз тӯли чор сол ба шаҳрҳои ҳудуди шӯравӣ, ки дар онҳо муборизаҳо ҷараён доштанд, мерафт, супоришҳои ҳарбиро аз сидқи дил иҷро менамуд. Ҳамроҳи сарбозони ғолиб шаҳди Ғалабаро чашид. Баъди адои муҳлати хизмат, соли 1948 ба зодгоҳ баргашт.

Баробари оғози азхудкуниҳои дашти Дилварзин ба ноҳияи тозабунёди Мастчоҳ рахти сафар баст. Ба пункти қабули пахта ба кор даромад. Дар ин ҷо 20 сол фаъолият кард.

-Вақте ки ман дар ноҳияи Мастчоҳ ба кор оғоз намудам, соле то 8000 тонна пахта қабул мекардем. Сонӣ, ин рақам то ба 22 ҳазор тонна расид. Бо амри тақдир баъди ду даҳсола боз ба зодгоҳ баргаштам. Дар ҷамъияти матлубот даставвал таъминотчӣ, баъд мудири дӯкони сабзавот ва дар охир роҳбари шуъбаи посбонӣ шуда кор кардам. Аз ҳамон ҷо бо ҳурмату эҳтиром ба нафақа гуселониданд,  — мегӯяд Абдулазиз Маҷидов.

Қаҳрамони мо, ки ду ордену 13 медал ва нишони «Ветерани меҳнат» дорад, падари ҳашт фарзанд мебошад.

- Ба Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон раҳмат. Халқро муттаҳиду зиндагиро тинҷ кард ва Ватанро обод сохт. Пиронро ҳурмат мекунад. Дар ҳар иду айём моро меҷӯянд, ҳол мепурсанд. Худоро шукр, ки дар рӯзгор ҳама чизамон мерасад. Орзу дорам, ки дигар рӯи ҷангро набинем, -  иброз намуд  Абдулазиз  Маҷидов.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум», Эгамназари СОҲИБНАЗАР, ноҳияи Ғончӣ