Ободонию бунёдкорӣ аз пешаҳои ҳамешагии мардуми мо буд. Ин нукта дар Паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлатамон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида, аз роҳбарони ҳамаи самтҳо тавсеаи корҳои созандагию бунёдкорӣ тақозо мешавад. Суҳбати мо бо раиси ноҳияи Спитамен Муҳтадӣ Хайруллоевич Маҷидов низ аз ҳамин бобат оғоз гардид.
-Бунёдкориҳои бузург, ки дар Тоҷикистон тӯли давраи истиқлолияти миллӣ сурат мегиранд, намунаи барҷастаи дар ҳаёт ҷорӣ гардидани ғояи ваҳдати миллӣ мебошад,- мегӯяд Муҳтадӣ Маҷидов ва идома медиҳад: -Дар ин замина дар ноҳияи Спитамен низ бунёдкориву созандагӣ сол аз сол вусъати тоза ёфта, маркази ноҳия ободу зебо мешавад.
Ноҳияи Спитамен яке аз ноҳияҳои сарҳадӣ ба шумор меравад ва хушбахтона, солҳои охир дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ сокинони он ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ ноил шудаанд.
Давоми ду соли охир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ду километр роҳи мошингарди маркази ноҳия пурра мумфарш карда, зиёда аз чор километр роҳи нақлиётгарди деҳоти ба номи Т.Ӯлҷабоев ва деҳоти «Тағояк» таъмир шуд.
Барои мардуми ноҳия хеле хотирмон буд, ки моҳи сентябри соли 2013 дар ҷараёни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд мумфаршкунии боз се километр роҳи кӯчаи марказии ноҳия оғоз гардид.
Баробари таъмиру тармими роҳҳои нақлиётгард, ҳамчунин давоми солҳои охир ободониву созандагӣ дар ноҳия бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ вусъати тоза гирифта, якчанд иншоот бунёд гардид.
Дар ноҳияи Спитамен баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, якчанд корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла бо таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Султони Ҳаким» ва бунёди корхонаи коркарди ғалла ба маблағи 680 ҳазор доллари ИМА бо иқтидори коркарди 80-100 тонна ғалла дар як шабонарӯз 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Ҳамчунин, то имрӯз дар ноҳия сехи истеҳсоли зарфҳои полиэтиленӣ, сехи хиштбарорӣ, сехи истеҳсоли коғази санитарӣ, сехи истеҳсоли хиштҳои сементӣ ва дигар корхонаҳои хурду миёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
-Деҳқонони ноҳия низ соли 2013 пурмаҳсул меҳнат намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалларо 116,5 фоиз, картошкаро 106,6 фоиз ва меваҷотро 107,2 фоиз таъмин намуданд. Илова бар ин, пиллапарварони ноҳия аз 3300 қуттии кирмак 163 тонна ашёи гаронбаҳо ба даст оварданд, ки ҳосилнокии ҳар як қуттӣ 50 килограммро ташкил дода, ин нишондод нисбат ба соли гузашта 146 фоиз таъмин гардид, -гуфт Муҳтадӣ Хайруллоевич ва ҳамчунин илова кард: -Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид карданд: «Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадориҳои хешро дар самти ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон ҳамеша иҷро менамояд». Аз мо- роҳбарони шаҳру ноҳияҳо тақозо ба амал оварданд, ки ҷиҳати татбиқи ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем. Дар ноҳия интернати наздимактабӣ барои ятимону бепарасторон ва аз оилаҳои камбизоат таъсис шудааст. Ҳоло дар ин ҷо 21 нафар писарону духтарон тарбия мегиранд.
Интернати наздимактабии мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ятимону бепарасторон ба тариқи ҳашар ба маблағи зиёда аз 350 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Айни ҳол симои ин муассисаи тарбиявӣ куллан дигар ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонида шудааст. Маблағгузории фаъолияти интернати наздимактабии ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ амалӣ гардида, ҳамчунин сарпарастони алоҳида барои кумаки ҳамешагӣ вобаста гардидаанд.
Ҳоло дар 12 ҳуҷраи ин муассисаи таълимӣ катҳои замонавӣ гузошта шуда, ошхонаи тобистона барои тарбиятгирандагон сохта ба истифода дода шуд.
Президенти мамлакатамон дар ин санади сарнавиштсозашон, ки роҳи ояндаи тараққиёти мамлакати моро тарҳрезӣ менамояд, чунин фармудаанд: «Давоми ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 1600 корхонаи нави саноатӣ бо 50 ҳазор ҷойи корӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноатии коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноат, бунёд карда шуданд ва ин раванд бояд суръат бахшида шавад». Аз ин рӯ, мо ба татбиқи ин масъала ҳам диққати ҷиддӣ зоҳир менамоем. Масалан, дар ин бобат, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Спитамен Ойл» дар минтақаи саноатии Ҷамоати шаҳраки Нов, дар асоси шартнома бо ширкати «Кушо»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сармоягузории Бонки Тувсии Содироти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамчунин дастгирии Сандуқи замонати Ҷумҳурии Исломии Эрон корхонаи равғанкашӣ бунёд намуда истодааст, ки дар як шабонарӯз метавонад 150 тонна тухмии техникиро коркард намояд.
Таҳвил ва насбу роҳандозии таҷҳизоти заводи мазкур аз ду қисм иборат буда, қисми аввали он ворид ва насби таҷҳизоти равғанкаширо дар бар мегирад,ки ин қисмати кор анҷом ёфтааст. Корхонаи мазкур бо сарфи 30 миллион сомонӣ бунёд хоҳад ёфт.
Дар сурати бо иқтидори пурра ба кор даромадани корхонаи равғанкашии ҶДММ «Спитамен Ойл» аз 160 то 200 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, ба бозори истеъмолии кишвар маҳсулоти хуби ватанӣ бароварда мешавад.
Дар Ҷамоати шаҳраки Нов корхонаи истеҳсоли орди ҶДММ «Парвизи Мирзо» низ бунёд шуда, моҳи сентябри соли 2013 ба кор шурӯъ намуд. Дар ин корхона то 30 нафар бо кори доимӣ таъмин ва дар як шабонарӯз то 60 тонна ғалла коркард мешавад.
Клиникаи хусусии ташхисию табобатӣ дар деҳаи Саидқӯрғони деҳоти «Истиқлол» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов ба маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ бунёд гардид. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин клиника, ки дорои 40 кат аст, 20 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ соҳиби ҷойи кор шуданд.
Беморхонаи деҳоти «Хуррамзамин» ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ баромад. Бинои филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарздиҳии хурди «Имон-Интернейшнл» дар Ҷамоати шаҳраки Нов аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилфуза Ҳусаинова ба маблағи 150 ҳазор доллари ИМА сохта шуда, моҳи сентябри соли 2013 бо иштироки Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Мизоҷони ин филиал ҳоло аз 3000 нафар зиёд мебошанд.
-Масъалаи таъмиру таҷдиди роҳҳо, хусусан роҳҳои дохили ноҳияву деҳот, дар кадом сатҳ иҷро мешаванд?-мепурсем мо.
-Дар ноҳия 639,6 километр роҳ мавҷуд буда, аз он 394,7 километраш таъмирталаб аст. Дар асоси нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 130 километр роҳ таъмир мешавад. Аз ҷумла 3,4 километр роҳ яклухт мумфарш, 61,2 километр таъмири ҷорӣ ва 65 километр роҳ шағалпӯш мешавад.
Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, барои таъмиру тармим аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва аҳолӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъ 1697264 сомонӣ маблағ сарф мешавад.
Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ бунёдкорию созандагӣ хуб ба роҳ монда, дар асоси лоиҳаҳои инвеститсионӣ кори зиёде ба сомон расонида мешавад, — гуфт дар идомаи суҳбат раиси ноҳияи Спитамен Муҳтадӣ Маҷидов.
Аз ҷумла лоиҳаи «Таъмини сокинони деҳаи Куркати деҳоти «Куруш» бо оби полезию нӯшокӣ» ба маблағи зиёда аз 120 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби Фонди боварии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (53 ҳазор доллари ИМА) ва боқимонда аз ҷониби аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия; лоиҳаи «Ташкили хати хелкунии партовҳо» ба маблағи зиёда аз 81 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби Фонди боварии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (57 ҳазор доллари ИМА) ва боқимонда маблағҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия амалӣ гардида истодааст.
-Сокинони ноҳия азм доранд, ки дар соли таърихии 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дучанд меҳнат намуда, баҳри вусъати бунёдкорию созандагӣ ва ободонии диёри азизи худ — Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо гузоранд, — гуфт дар поёни суҳбат Муҳтадӣ Маҷидов.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»,
Пирмуҳаммад Пиров, Рӯзноманигор