Созандагӣ равнақ мегирад

№7-8 (3308-3309) 16.01.2015

Дар тӯли 13-14 соли охир дар шаҳри Истаравшан корҳои ободонию  созандагӣ ривоҷу равнақи тоза ёфта, даҳҳо иншооти хизматрасонӣ, маишӣ ва таълимию табобатӣ дар шаҳраку деҳоти он қомат афрохтанд. Чанде қабл, дар шаҳр бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов боз чор иншооти дигар мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҷумъабой Сангинов аввал дар ифтитоҳи ботантанаи Маркази ташхисӣ- табобатии чорошёнаи «Имрон», ки дар ҳудуди беморхонаи марказӣ бунёд гардидааст, иштирок намуд. Иншооти мазкур аз дорухона, шуъбаҳои асабшиносӣ ва табобати физиотерапевтӣ, амрози занона, гулӯ, гӯш ва бинӣ иборат буда, дорои тамоми имконияту шароити замонавӣ аст. Марказ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдувалӣ Ҳоҷиев бунёд гардидааст ва дар он 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Иншооти дувум, ин толори нави варзишӣ дар гимназияи №1-и шаҳр мебошад, ки таври замонавӣ ва бо сифати баланд сохта шудааст. Зикр гардид, ки гимназияи №1-и шаҳр тибқи нишондодҳои омории вилоят дуюмин муассисаи таҳсилотии беҳтарин дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Толори варзишии нав бо дастгирии соҳибкорон ва волидайни хонандагони гимназия қомат афрохтааст. Иншооти сеюм — бинои осоишгоҳи замонавии сеошёнаи ба номи «Авитсенаи Истаравшан»,  дар мавзеи хушбоду ҳавои назди обанбори Зарринрӯд, воқеъ дар масофаи шаш  километр берун аз шаҳр сохта шудааст. Ин иншоот тавассути бародарони соҳибкор Собирҷон ва Сабурҷон Султоновҳо қомат афрохта, барои 200 нафар истироҳаткунандагон пешбинӣ шудааст, ки тамоми чор фасли сол фаъолият хоҳад кард.

Ҳамчунин дар наздикии маркази деҳаи Яккабоғ, дар паҳлуи майдони «Ғалаба», ҳаммоми пешина азнавсозӣ гардида, дар шафати он боз як ҳаммоми нави аврупоӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ин иншоот дорои мағоза, чойхонаи миллӣ, ошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ  мебошад.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,   «Садои мардум»