Андешаҳои ҳамқалам

Сулолаи адибон

№99 (3245) 26.08.2014

НаимљонМардуми шарифи Истаравшанро бо як зумра шуарои сухангустар ба мисли  сулолаи шоирони асил Суҳайлӣ, Ҷавҳарӣ, Назмию Олӣ, Накҳат, Барнои Дилшод, Зуфархон Ҷавҳарӣ ва фарзандаш Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Лутфӣ Обидхоҷаев, Разиюлло Абдуллозода, Наимҷон Назирӣ, Шукрӣ Иброҳим ва амсоли инҳо мешиносанд.

Яке аз идомадиҳандаи анъанаҳои суннатии гузаштагон шоир Наимҷон Назирӣ (Аслонов) мебошад. Ӯ зодаи ҳамин шаҳри зебоманзар буда, сарвари «Сулолаи адибон»-и оилаи хеш аст.

Н.Назирӣ муаллифи 25 китоби ашъор аст. Мазмуни асосии чакидаҳои хомаи шоир тараннуми меҳри Ватан- Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу дӯстии безавол, васфи иқболу истиқлол, ваҳдату ягонагӣ, тавсифи табиати пуртароват, баҳору наврӯзи дилафрӯз ва ишқу муҳаббати поку беолоиши ошиқони хурду бузурги кишвари офтобии мост.

Наимҷон Назирӣ барҳақ шоири заҳматкаш, хоксору фурӯтан ва сарояндаи бахту саодати халқу Ватан аст. Ӯ бо чакидаҳои хомаи хеш, бо меҳру муҳаббати беш мардумро ба роҳи дӯстию ростӣ, ҳақиқату тариқат ва илму ирфон ҳидоят менамояд.

Якчанд шеъру суруди ватандӯстонаю ошиқонаи шоир Назирӣ ба қолаби оҳангҳои рангину дилнишин ворид шуда, аз тарафи ромишгарони шинохта суруда мешаванд. Ба мисли «Тоҷикистон», «Китоби зиндагӣ», «Гули раъно», «Ҳусни баҳору Наврӯз», «Аз илму ирфон баҳра бар», «Хуш омадӣ» ва ғайра.

Ӯ ҳамчун адиби мушоҳидакор аз таровати гулҳои рангини баҳору Наврӯзи дилафрӯз, аз чаҳ- чаҳи булбулону қаҳ- қаҳи кабкони хушхони дарӣ олам- олам ҳаловату тароват бардошта, бо илҳоми саршор шеър иншо мекунад. Чунончӣ, арӯси нозанин баҳорро пеши назар оварда, чунин мефармояд:

Кунҷу канорат гул кунад,

Овозаат ғулғул кунад.

Зангӯлаҳоят рӯзу шаб,

Лаҳни хуши булбул кунад.

Завҷааш Раънои Сафарзод шоираи соҳибкитоб ба ҳисоб рафта, ӯ ҳам бонуи арзандаи рӯзгор, омӯзгор ва шоираи хушгуфтор аст. Раънобону на танҳо бори рӯзгорро ҳамроҳи шавҳари хоксораш мекашад, балки дар тарбияи фарзандони хешу мактабиёни хушбахти даврон саҳмгузор аст.

Боиси ифтихор аст, ки Наимҷон Назирӣ бо мукофоти олии Комитети муҳофизати сулҳи байни халқҳо, медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Собиқадори меҳнат», «2500 -солагии Истаравшан», нишони Ҷамъияти «Дониш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷоизаҳои адабии вилояти Суғд ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Зуфархон Ҷавҳарӣ сарфароз шудааст.

Шоир бо тамоми ҳастиаш ҳар пора сангу ҳар кафи хоку ҳар қатра оби софу шаффофи Тоҷикистони ҷаннатманонро самимона месарояду ситоиш менамояд.

Хуллас, дар бораи паҳлуҳои рангини ҳаёт ва эҷодиёти сарпарасти «Сулолаи оилавии адибон»-и шаҳри Истаравшан, шоири шинохта Наимҷон Назирӣ, чӣ қадар ҳарф занем кам аст. Ба гуфти шоир:

Мон, ки бошад зиндагӣ ширу шакар,

Мон, ки нахли дӯстӣ орад самар.

Дар диёри мардуми соҳибзафар,

Корвони сулҳу ваҳдат зинда бод!

Собири СУЛТОН, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон