ВМКБ: Барои бунёди сохтмонҳои нав қувваи корӣ зарур аст

№129 (4549) 19.10.2022

МИРЗОНАБОТ (1)Таҳти раёсати раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ даъвати шашум баргузор гардид.

Дар он се масъала — «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2023-2025», «Қарори раиси ВМКБ аз 31 майи соли 2022 таҳти № 189 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба омодагӣ ва ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва тасдиқи қарорҳои раиси вилоят, ки дар байни иҷлосияҳои ёздаҳум ва дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ даъвати шашум қабул шуданд, баррасӣ гардид.

Аз рӯи масъалаи якум муовини сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Марзия Некпаева иттилоъ дода, зикр кард, ки дар ҳашт моҳи соли равон ба шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят барои дарёфти кор ва дигар масъалаҳо вобаста ба шуғл 5642 нафар муроҷиат намуда, 3933 нафари онҳо ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуданд. Феълан дар қайди шуъбаву бахшҳои агентӣ 5547 нафар буда, ба 5539 нафари онҳо мақоми бекорӣ дода шудааст.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот таъкид кард, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон барои бунёди иншооти муҳими стратегию иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва истеҳсолии мамлакат бояд мутахассисони сатҳи баланд ҷалб шаванд. Аз ҷумла, барои сохтмонҳои нави маркази вилоят ва ноҳияҳои он ҳоло қувваи корӣ зарур аст.

Вобаста ба масъалаи дуюм «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба омодагӣ ва ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Баракатшо Зеваршоев гузориш дод.

Зикр гардид, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои вилоят, ки аз 905 банд иборат аст, 29 банд барои нақшаи чорабиниҳои ташкилӣ – оммавӣ ва 876 банд баҳри сохтмону таъмири иншооти гуногун пешбинӣ гардидааст. Тибқи нақша, дар қаламрави вилоят 41 муассисаи тандурустӣ, 12 муассисаи фарҳангӣ, 85 муассисаи соҳаи маориф ва 79 корхонаи истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»