Ҳамкориҳо баҳри беҳбуди зиндагӣ

№26 (3172) 18.03.2014

Тибқи қарордоди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  тайи чанд сол аст, ки барномаҳои  гуногунҷабҳа дар минтақаҳои наздисарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон  ва вилояти Бадахшони Афғонистон амалӣ мешаванд. Аз оғози соли 2000-ум инҷониб  дар сатҳи  мақомоти вилоятӣ бо мақсади  рушди   робитаҳои  иқтисодӣ-иҷтимоӣ якчанд мулоқотҳо баргузор гардида,    барои муайян намудани самтҳои ҳамкориҳои тарафайн комиссияи муштарак  корҳои назаррасро ба сомон расонид.

Комиссияи муштарак миёни ВМКБ–и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар вохӯриҳо масъалаҳои гуногунҷабҳаро оиди  ҳамкориҳои  тарафайн муҳокима намуда, ба мувофиқа омаданд, ки минбаъд ба такмили тиҷорати   байнимарзӣ ва фаъолияти бозорҳои муштарак, тақвияти фаъолият дар соҳаҳои сохтмон, фарҳанг, ҳифзи саломатӣ, кишоварзӣ, инкишофи деҳот, таъмин  намудани рушди ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсолот, бахусус  фаъолияти соҳибкорон дар минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим, ки айни замон басо муҳиманд, бояд бештар диққат диҳанд.

Аз соли 2009-ум инҷониб, чандин барномаҳои дорои аҳамияти иқтисодӣ-иҷтимоӣ амалӣ гаштаанд, ки яке аз онҳо   соҳилбандии  дарёи Панҷ аз ҳар ду тарафи соҳил  ва истифодаи  обҳои изофаи соҳилҳои муқобил барои обшории заминҳо мебошад.

Туфайли талоши   сарварони ду кишвар  муяссар гардид, ки  байни манотиқи Бадахшони Афғонистону Бадахшони Тоҷикистон  ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ба роҳ монда шаванд.

Воқеан ҳам яке аз масъалаҳои муҳиме, ки  сокинони   ҳар ду соҳили дарёи Панҷро ба ташвиш андохтааст, аз офати обхезӣ эмин нигоҳ доштани заминҳои наздисоҳилӣ мебошад.   Ҳамасола  дарёи пуртуғёни  Панҷ  хисороти зиёдеро  ба хоҷагии халқи  ноҳияҳои  Шуғнону Рӯшони Тоҷикистон  ва  вулусволии  Шуғнони Афғонистон  ворид месозад.

Бо маблағгузории Бонки Рушди Осиё соли 2009  соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои Теми шаҳри Хоруғ, Ҷангали Вомари  ноҳияи Рӯшон  ва вулусволии Шуғнони Афғонистон оғоз ёфта, соли 2012 қисмати зиёди корҳо ба анҷом расид. Коргарон ва мутахассисони тоҷик муддати нисбатан кӯтоҳ дар мавзеъҳои зери хатари ҳар ду соҳили  дарёи Панҷ  бандарҳои  калони обнигаҳдорӣ сохтанд.

Бо дархости  роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон коргарони  Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Панҷ»  дар мавзеи Деҳмурғони вулусволии Шуғнон сохтмони бандари обнигаҳдориро ба уҳда гирифта, дар масофаи 2 ҳазору 800 метр  соҳили тарафи чапи дарёи Панҷро мустаҳкам карданд.

Аз рӯи қарордоди  байни  ҳукумати вилояти Бадахшони Афғонистон ва Мақомоти иҷоияи маҳаллии ҳокимияти давлатии   ВМКБ  дар солҳои баъдина ҳам  соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҳар ду тараф дар мавзеъҳои Поршинев ва Сарчашмаи Шуғнони Тоҷикистон ва Нусайи  Афғонистон идома меёбад.

Дар оянда интиқоли об аз тариқи қубур барои обёрии заминҳои деҳаи Зевари Шуғнони Тоҷикистон аз қарияи Ниводаки ноҳияи Шуғнон   ва аз деҳаи Паткуноби Дарвози Тоҷикистон барои қарияи Зинги поёни вулусволии Шикаи Афғонистон дар назар аст. Интиқоли об аз  деҳаи Киронҷаи Шуғнони Афғонистон барои обёрии заминҳои мавзеи Теми шаҳри Хоруғ низ ба роҳ монда мешавад.  Дар ҳалли ин масъала ҳар ду тараф қадамҳои нахустин гузоштанд ва самарааш хуб аст.

Мавзеи  Шаҳрисабзи вулусволии Шикайи Афғонистон   дорои  оби фаровон  буда  оби изофаи рӯдхона  барои деҳотиён  мушкилоти  зиёд  ба бор меовард.  Баъди ба мувофиқа омадани  тарафҳои Тоҷикистону Афғонистон қисмати об ба воситаи қубури калонҳаҷм ба соҳили муқобил интиқол дода шуд. Акнун аз баракати он  зиёда аз 70 гектар заминҳои Дашти Роғак  шодоб гашта, чандин нафар сокинони деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвози Тоҷикистон соҳиби  замин гардиданд.

Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ Дашти Роғак аз тариқи насосҳои обкаш обшор мегашт.  Бо кам шудани неруи барқ, обёрӣ  бо насосҳо дар ин мавзеъ  қатъ гардид. Даҳҳо гармхонаҳо вайрон шуданд. Имрӯзҳо бошад, баробари гузаронидани обу парвариши анору анҷир ва сабзавот  барои  эҳёи лимӯпарварӣ ҳам  шароит фароҳам оварда шуд. Якчанд нафар сокинони деҳаи Зиғар ассотсиатсияи лимӯпарварӣ ташкил намуда, ба ободкунии  гармхонаҳои вайрона шурӯъ карданд. Бо мавриди истифода  қарор додани дигар  манбаъҳои  обҳои наздисарҳадӣ имконоти  обёрии дигар заминҳои бекорхобида низ фароҳам мешавад.  Аз рӯи қарордоди  байни Тоҷикистону Афғонистон  эҷоди 14 қитъаи боғи намоишӣ дар вулусволиҳои наздисарҳадии  Афғонистон ва 10 қитъаи боғи намоишӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»